ОАО Сангтудинская ГЭС-1 оказало благотворительную помощь, приуроченную к Международному дню пожилых людей

Кумакҳои башардӯстонаи 57 кишвари дунё ба Тоҷикистон

122
Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ 57 кишвари дунё ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ироа карданд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ 57  кишвари хориҷӣ ба Тоҷикистон бо арзиши ҳудуди 39 миллион доллар кумакҳои башардӯстона ироа кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Манбаъ афзудааст, ки Ҳиндустон кумакдиҳандаи аслии Тоҷикистон дар заминаи инсондӯстӣ мебошад. 16,2 дарсади кумаки башардӯстона, ки Тоҷикистон дарёфт кард, саҳми Ҳиндустон ва 15,6 дарсади дигар саҳми Русия мебошад.

Баъди Ҳиндустону Русия Шветсария 11,2 ва Чин 11,1 дарсад ба Тоҷикистон  кумакҳои башардӯстона расонидаанд.

Ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта тақрибан 2 баробар коҳиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-октябри соли гузашта Тоҷикистон бо арзиши  беш аз 65,1 миллион доллар кумаки инсондӯстона дарёфт карда буд. Ин дар ҳоле буд, ки шумори кишварҳои кумакдиҳанда соли гузашта 51-то, яъне дар муқойиса бо соли ҷорӣ камтар буд.

Соли гузашта беш аз нимаи кумаки инсондӯстона ба Тоҷикистонро Чин (33,6 дарсад) ва Русия (19,2 дарсад) ироа карда буданд.

122
Барчаспҳо:
кумак, Русия, Ҳиндустон, башардӯстона, Тоҷикистон
Дилафруз  Хоникбоева,

Аз Боми ҷаҳон ба дили Амрико: кист тоҷикдухтаре, ки ба тими Байден роҳ ёфт - акс

31482
(Таҷдидшуда 18:05 19.02.2021)
Хабари ба тими Ҷо Байден шомил шудани як зодаи Тоҷикистон корбаронро шигифтзада кардааст: чигуна ин духтарак аз Боми ҷаҳон тавонист дар дили Амрико муваффақ шавад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дилафрӯз Хоникбоева, як тоҷикдухтар дар Амрико ба як мансаби олӣ тавонист роҳ ёбад. Хабар дар бораи он, ки як духтар аз Тоҷикистон ба тими президенти нави Амрико Ҷо Байден шомил шуд, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро шод ва шигифтзада кард. 

Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки то куҷо ин хабар дуруст ва Дилафрӯз Хоникбоева кист.

Аслан дар бораи расидан ба як мансаби аршад дар Амрико худи Дилафрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.

Ба иттилои вай, ӯ ҳамакнун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) аст.

Ташкилоти USAID ҳарчанд бевосита ба мудирияти Байден иртибот надошта бошад ҳам, марбут ба Ҳукумати Амрикост, ки роҳбараш феълан Ҷо Байден аст.

Гузашта аз ин, худи Хоникбоева шомил шудан ба тими Байденро дар навиштааш тасдиқ мекунад.

"Ман савганд хӯрдам ва ба ҳайъати тими Байден ҳамчун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) шомил шудам", - менависад вай.

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук садҳо кораброн аз ин хабар изҳори хушнудӣ кардаву садҳо нафар ӯро ба ин муносибат шодбош гуфтаанд ва барояш комёбӣ таманно кардаанд.

"Мо аз ин ҳамватани худ ифтихор дорем ва барояш муваффақият таманно мекунем", - менависад як корбари Фейсбук.

"Чӣ хабари хуше, бо ту ифтихор дорем ва бароят муваффақият таманно мекунем. Бигзор сафи ту баринҳо бештар шаванд", - менависад нафари дигар.

Худи Дилафрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш бо чанд забон ба шодишариконаш изҳори сипос кардааст ва гуфтааст, ки ҳатто интизор ҳам надошт, ки ин қадар мактубу шодбошӣ мегарад ва гоҳе ҳангоми хондани онҳо аз чашмонаш ғайриинтизор ашк рехтанд.

Дилафрӯз Хоникбоева кист?

Ин зани ҷавон, қариб се даҳсола пеш ба Амрико муҳоҷир шудаву таҳсили мактаби миёна ва олиро дар иёлот гирифтааст.

"Ман як бонуи муҳоҷири ҷавони тоҷики помирии исмоилимазҳаби мусалмон ҳастам. 25 сол пеш хонаводаам аз Тоҷикистон ба Амрико кӯч бастанд", - навиштааст вай ва афзудааст, ки дар як кишвари бегона мардуми хуб кӯмакаш карданд.

Дилафруз Хоникбоева 32-сола дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи коргар таваллуд шудааст. 

Соли 1995 хонаводаи онҳо ба Амрико мераванд, ки дар ин вақт Дилафӯз ҳамаги 7 сол дошт.

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Баъди хатми мактаби миёна дар Амрико, ӯ таҳсилашро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон дар риштаи таҳлилу ҳалли низоъҳо ба ҳайси ҳуқуқшинос оғоз мекунад. 

Баъди хатми донишгоҳ дар USAID, дар Вашингтон кори худро оғоз кард. Баъди як муддати фаъолият ӯро ба Бунёди Оқохон (AKF) дар ИМА ба кор даъват мекунанд, ки Дилафрӯз инро мепазирад.

Баъдан як бурсияи муҳими ҳукумати Амрико Presidential leadership scholars-ро дарёфт мекунад. Ин бурсия дар ИМА хеле бонуфуз аст, ки роҳи соҳибонашро барои рушд ҳам дар сиёсат ва ҳам дар ҷомеа хеле ҳамвор мекунад.

Оиладор ва донандаи чанд забони хориҷӣ аст.

31482
Барчаспҳо:
тоҷикдухтар, Ҷо Байден, Тоҷикистон, Амрико
В Москве вручили премии лучшим таджикским студентам

Дар Маскав ба беҳтарин донишҷӯёни тоҷик ҷоиза доданд

282
Ғолибони ҷоизаи миллии Тоҷикистон "Донишҷӯи сол - 2020" метавонанд на танҳо бо баҳои хуб дар таҳсил, балки бо саҳми худ дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ифтихор кунанд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар Маскав беҳтарин донишҷӯёни тоҷик барои пирӯзӣ дар озмуни "Донишҷӯи сол - 2020" мукофотонида шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ташкилоти ҷамъиятии минтақавии "Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни тоҷик".

Маросими ҷоизасупорӣ дар бинои Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия баргузор гардид.

В Москве вручили премии лучшим таджикским студентам
РОО "Молодежное общество студентов Таджикистана"
В Москве вручили премии лучшим таджикским студентам

"Шахсияти эҷодӣ" насиби Амирхоҷа Шарифов, аз рӯи номинатсияи "Табиби сол" - Валиҷон Ҷӯраев, аз рӯи номинатсияи "Шахсияти медиавии сол" - Нилуфар Окилова соҳиби ҷоиза гардиданд.

Амир Тоирбекзода варзишгари сол, Парвиз Мамадов - дипломати сол, Нусратилло Ҷӯраев - волонтёри сол эълом карда шуданд.

Мирзозариф Зарифов шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард. Донишҷӯ барои кори фаъол дар соҳаҳои гуногун ҷоиза гирифт.

"Вай дар ҳалли масъалаҳои байни миллатҳо ва байни конфессияҳо ва рушди сиёсати ҷавонон назари худро дорад", - қайд кард хадамоти матбуотии ташкилот.

Ҷоизаро ҳамасола "Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни тоҷик" тақдим мекунад. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд, метавонанд барои унвони беҳтарин мубориза баранд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳадафи чорабинӣ дастгирӣ ва эътирофи хизматҳои донишҷӯёни тоҷик бо дастовардҳои вижа дар соҳаи илм, эҷодиёт, варзиш, журналистика, сиёсати ҷавонон, роҳбарии донишҷӯён ва фаъолияти иҷтимоӣ мебошад.

В Москве вручили премии лучшим таджикским студентам
РОО "Молодежное общество студентов Таджикистана"
В Москве вручили премии лучшим таджикским студентам

"Имрӯз донишҷӯёни тоҷик аз тамоми гӯшаҳои Русия ҷамъ меоянд, то нишон диҳанд, ки чӣ қадар боистеъдод ҳастанд ва чӣ қадар ба онҳо дар бозори меҳнат ниёз доранд. Боварӣ дорам, ки мо фарзандони боистеъдод ва ҳадафманд дорем, ки таҳсил мекунанд ва барои ба даст овардани донишу таҷрибаи нав кӯшиш мекунанд", - қайд кард, куратори донишҷӯён Диловар Бобоев.

"Бо вуҷуди вазъи эпидемиологӣ,ба мо муяссар шуд, ки бори аввал дар Маскав форуми васеъи худро баргузор намоем. Ҳамин тариқ, мо ба ҳар як иштирокчии форум имконияти ҳисси муттаҳидӣ, дастгирӣ ва ташвиқи фарҳанги кишвари моро берун аз ҳудуди худ додем", - гуфт Мижгона Самиева, раиси ташкилот.

282
Барчаспҳо:
ҷоиза, донишҷӯ, Русия, Тоҷикистон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов аз баҳси забонҳои помирӣ ва пешниҳодҳо ба Ҳукумат гуфт

0
(Таҷдидшуда 14:29 27.02.2021)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз баҳсу мунозираҳо атрофи забонҳои помирӣ гуфт, ки ба иттилои ӯ ҳамарӯза сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Файзов зимни ҳамоиш дар мавзӯи забони модарӣ гуфт, ҳамарӯза оид ба забонҳои маҳаллӣ дар вилоят баҳсу мунозираҳо рафта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномаҳо ва пешниҳодоти зиёд ворид мегарданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар ин ҳамоиш масоили таърихӣ, таҳияи алифбоҳои забонҳои помирӣ, ҷанбаҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳои помирӣ ва таълифи осори бадеӣ ба ин забонҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд

Дар мавриди пешниҳодҳое, ки ба ҳукумати вилоят ироа шудаанд, тафсилоти бештар дода нашуд, аммо забоншиносон борҳо таъкид кардаанд, ки забонҳои помирӣ ва яғнобӣ бояд дар дабистонҳои маҳалли корбурдашон ва ҳамчунин бахшҳои забоншиносӣ омӯзонда шаванд. 

Феълан дар ҳудуди ВМКБ ҳафт забон — рошорвӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ ва ишкошимӣ корбурд доранд, ки асосан шифоҳӣ буда, хат надоранд. Масъалаи таҳияи алифбо ва хат аз иқдоми дигари муҳим барои ҳифз ва рушди забонҳои помирию яғнобӣ арзёбӣ мешавад.

Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳот тавсия дода буд, ки таҳқиқу омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ ва таълими ин забонҳо ба соҳибзабонони ин минтақаҳо роҳандозӣ гардад, аммо то ҳол иқдоми амалие дар ин самт сурат нагирифтааст.

0
Барчаспҳо:
забон, Тоҷикистон