Манижа Тошболтаева

Духтар-радари тоҷик дар озмуни мусиқии Русия иштирок мекунад

194
Манижа Тошболтаева, ки баъди иштирокаш дар як озмун дар Русия ӯро духтар-радар меноманд, бори дигар дар барномаи телевизионии Русия иштирок мекунад. Ин дафъа духтараки тоҷик истеъдоди сурудхониашро нишон медиҳад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Манижа Тошболтаева хонандаи яке аз мактабҳои Душанбе, ки баъди ширкаташ дар барномаи  "Удивительные люди" маъруф шуд, бори дигар Тоҷикистонро дар шоу-барномаи Русия муаррифӣ мекунад. Дар ин бора телевизиони "Мир" хабар медиҳад.

Манижа на танҳо истеъдоди математикӣ, балки маҳорати хуби сурудхонӣ дорад. Ин дафъа духтараки тоҷик дар барномаи "Во вес голос" иштирок мекунад.

Давраи аввали ин озмун, ки дар он наврасон аз кишварҳои ИДМ иштирок мекунанд, дар Маскав аз 16-уми ноябр сар мешавад. Тоҷикистонро ба ғайр аз Манижа Афзалшо Сафарзода, Фуруғ Ниёзова ва Тамила Обидова намояндагӣ мекунанд.

Дастаро дар ин давра овозхони тоҷик Зафар Абдуалимов роҳбарӣ мекунад.

Гурӯҳ дар давраи аввали барнома баромад карда, суруди "Шаби боронӣ"-ро сурудааст. Ҳамчунин дастаи наврасони тоҷик ба оҳангсоз Виктор Дробиш қолинеро бо акси вай ҳадя кардаанд.

194