Таджички в национальных костюмах, архивное фото

"Чакомаи гесу": дар Хуҷанд духтарону занони мӯйдароз ва зеборо ба ҷашнвора даъват мекунанд

285
Ба ҷашнвораи "Чакомаи гесу" кӯдакони аз 5 сола боло, духтарон ва занон бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ дошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадаст даъват карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ҳукумати Хуҷанд кӯдакони аз 5 сола боло, духтарон ва занон бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ дошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадастро барои иштирок ба озмуни "Чакомаи гесу" даъват мекунад.

Тавре дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, фестивал 5 феврали соли равон баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии ҷашнвора намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ мебошад.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар Фестивали "Чакомаи гесӯ" кӯдакони аз 5 сола боло, духтарон ва занон бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ дошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадастро барои намоиши ҳунари хеш даъват менамояд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

285
Овозхон Фаридуни Хуршед

Фаридуни Хуршед аз таваллуди фарзандаш хабар дод - навор

650
Овозхон охирҳои июли соли 2019 бори севум издивоҷ карда буд. Он замон расонаҳо навишатанд, ки тӯйи овозхона хоксорона ва бидуни иштироки овозхонҳои машҳур баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Фаридуни Хуршед, овозхони попи тоҷик хабар додааст, ки ӯ боз падар шуд.

Ӯ дар саҳифаи Инстаграм навишт, ки имрӯз, 22 июл соҳиби писар шуд.

"Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисои азизам дар хурсандии ман шарик бошед", - навиштааст вай.

Дар шабакаи иҷтимоӣ бештар аз 500 нафар зери ин хушхабари овозхон шарҳ навишта, ӯро шодбош гуфтаанд.

Ёдрас мешавем, Фаридуни Хуршед собиқ ҳамсари овозхон Фарзонаи Хуршед соли гузашта баъди ҷудо шудан аз ӯ, бори севум издивоҷ карда буд.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.

Фаридуни Хуршед аз издивоҷи дувумаш соҳиби як писар ва як духтар аст.

650
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

262
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

262
Радио и телеведущий Александр Гордон с супругой Нозанин Абдулвасиевой

Гордон аз абераи Миршакар ҷудо шуд: 2 фарзанд ва 6 сол зиндагии муштарак доштанд

0
(Таҷдидшуда 18:47 04.08.2020)
Александр Гордон, рӯзноманигори шинохтаи рус аз ҳамсари чаҳорумаш Нозанин Абдулвосиеваи 26 сола ҷудо шудааст

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Бино ба гузориши маҷаллаи "СтарХит" барандаи телевизион Александр Гордон, аз набераи режиссёри машҳури Шӯравию Русия Валерий Аҳадов ва абераи Мирсаид Миршакар Нозанин Абдулвосиева ҷудо шудааст.

Онҳо замоне оиладор шуда буданд, ки Гордон 50 сол ва Нозанин ҳамагӣ 20 сол дошт ва тайи шаш соли зиндагии муштарак онҳо соҳиби ду писар Александр ва Федор шуданд.

Ба иттилои манбаъ,  дархости ҷудо шудан аз суи Нозанин сурат гирифта,  додгоҳ 17 июл издивоҷи онҳоро бекор кардааст.

Ба гузориши додгоҳ, зану шавҳар ҳама масъалаҳои алимент ва амволро мустақилона ҳал кардаанд,  дар ҷараёни ҷудошавӣ баҳсҳо накардаанд.

Александр Гордонро дар Тоҷикистон пас аз расонаӣ шудани хабари издивоҷаш бо Нозанин Абдулвосиева, набераи синамогари шинохта Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохта Мирсаид Миршакар бештар шинохтанд.

Александр Гордон ва Ноза Абдулвосиева соли 2014 оила барпо кардаву, моҳи октябри ҳамон сол соҳиби писар шуданд. Бино ба хабарҳои расонаҳо, онҳо замони наворбаргирии филми “Умник” шинос шудаанд.

Гордон аз рӯзноманигорони шинохта ва ровии барномаҳо маъруфи дар шабакаи телефизионии ОРТ буда, муаллифи барномаҳои маъруфи  “Они и мы”, “Ночной Гордон”, “Закритый сеанс”, “Гордон-Кихот”, “Гражданин Гордон” мебошад.

Нозанин Абдулвасиева кист?
Нозанин Абдулвосиева дар хонаводаи маъруфи тоҷик таваллуд шудааст. Гузаштагони ӯ шоири халқии ҶШС Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва бобояш коргардони кино Валерий Аҳадов мебошанд.

"Се талоқ" : Мисс Москва дар бораи ҷудошавӣ аз шоҳи Малайзия гуфт

Нозанин, ба монанди падару модараш, касби эҷодӣ интихоб карда, хатмкардаи ВГИК – Донишкадаи давлатии санъати кинои Русия мебошад.

 

0