Оштӣ бо дӯстдошта ва Игор Крутой, дуэти нав: "сюрприз"-ҳои Меҳрона дар Маскав

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМехрона Гайбуллоева на конкурсе "Ты супер!"
Мехрона Гайбуллоева на конкурсе Ты супер!  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳрона Ғайбуллоева, духтари тоҷик, ки дар озмуни байналмилалии "Ту беҳтаринӣ!" Тоҷикистонро муаррифӣ намуд, мутаассифона ба давраи дигар роҳ наёфт. Аммо ба гуфтаи худаш, ин ҳунарнамоии ӯ хотирмонтарин буд - ӯ бо Игор Крутой ва дӯстдоштааш оштӣ карду дуэти нав хонд

Меҳрона Ғайбуллоева, духтари ҷавони тоҷик соли дувум аст, ки дар озмуни байналмилалии "Ты супер!" ширкат меварзад. Дар ин давраи озмун, ки шаби якшанбе, 24 март ба эфир баромад, ӯ таронаи ҷаззоби "Алло, мам"-и гурӯҳи ВИА Граро иҷро кард.

Баромади Меҳрона аз чор се нафари ҳакамон писандиданд ва тугмаи сабзро пахш карданд. Аввалин шуда тугмаро бастакори номии рус Игор Крутой зер кард.

"Тамоми авзои ту шаҳодат медод, ки ту се тугмаи сабзро интизорӣ. Дар саҳна на дар бораи суруд, на дар бораи нота ва шеър фикр намекардӣ. Бештари нотаҳоро дар сатҳи баланд иҷро кардӣ. Ту духтари зебо ва ҷаззобӣ, аммо бояд чунон суруд хонд, ки тамошобин гиряд ё хандад ва ё дар байни сурудат қарсак занад. Аммо ман ин ҳолатро надидам"- гуфт Крутой.

Меҳрона пас аз суханронии бастакор аз ӯ барои гуфтаҳояш сипосгузорӣ кард ва барои суханҳои густохонааш дар баромади гузашта аз ҳунарманд бахшиш пурсид.

"Хело мехоҳам аз шумо маъзарат пурсам. Маро бубахшед. Ман инҷо барои пирӯзӣ наомадаам, омадам то аз шумо бахшиш пурсам ва дӯстонамро бубинам", - гуфт вай.

Пас аз шунидани назари се ҳакамони дигар ровии барнома эълон кард, ки муаллифи суруди "Алло, мам" барои дастгирии Меҳрона омадааст. Духтари тоҷик гуфт, ки аз ин сюрпризи ногаҳонӣ дар "шок" аст. Онҳо якҷо таронаи "Алло, мам"-ро хонданд.

Паси парда Меҳронаро сюрпризи дигар интизор буд. Пештар Меҳрона дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки пас аз иштирок дар лоиҳа дар соли гузашта муҳаббати худро пайдо кард. Барои Меҳрона ғайричашмдошт ӯро паси парда ҷавони дӯстдоштааш бо дастаи гул интизор буд.

Мурод ва Меҳрона пеш аз сафари духтарак ба "Ту беҳтаринӣ!" ҷанҷол карда буданд. Мурод барои дастгирии Меҳрона ба Маскав омад, онҳо оштӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0