Фируза Хафизова

Шарҳи Додситонии кулл аз ҷарима шудани Фирӯза Ҳафизова пас аз ду моҳ

3042
Ҳанӯз аввалҳои моҳи феврал гузориш дода шуд, ки овозхон Фирӯза Ҳафизова барои таҷлили пуршукӯҳи зодрӯзаш ба 5 ҳазор сомонӣ ҷарима гардид

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи ҷарима шудани овозхони пурҳангомаи тоҷик Фирӯза Ҳафизоваро шарҳ дода навиштааст, "Зодрӯзро танҳо дар доираи оила бояд ҷашн гирифт!".

Ёдрас мешавем, қазияи ҷарима шудани овозхон ҳанӯз аввалҳои моҳи феврал расонаӣ гашта буд. Ҳафизоваро пас аз пайдо шудани як навор аз таҷлили зодрӯзаш дар интернет ба нақзи қонуни танзим муттаҳам карданд ва додгоҳ ҳам қарор дод, ки овозхон ҷарима шавад.

"Ҳафизова Фируза Мусоевна аз соати 20 то 23-и 12 декабри соли 2018 бар хилофи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зодрӯзи худро бо даъвати дугонаҳою шиносҳояш дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи И.Сомонӣ, бинои 3, ҳуҷраи №64 ҷашн гирифтааст, ҳол он ки тибқи талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур зодрӯз танҳо дар доираи оила бояд гузаронида шавад", - таъкид мекунад додситонӣ.

Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати Фирӯза Ҳафизова бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз кардааст, ки дар натиҷа ӯ ҷарима мешавад.

Худи овозхон дар наворе пас аз ҷарима шудан, гуфт, ки намедонист, ки таҷлили зодрӯз боиси нақзи қонун мешавад ва акнун дар назди он ҷавоб медиҳад ва "садқаи сари 5 ҳазор сомонӣ".

3042