"Зиннати чакан" - баргузории як фестивали дигар дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевКарнавал на Навруз в Душанбе
Карнавал на Навруз в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фестивали "Зиннати чакан" моҳи июн баргузор шуда, то ин муддат гулдӯзон ва чакандӯзони ҷавон метавонанд барои иштирок ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-2019-2021 миёни ҳунармандони ҷавон Фестивали ҷумҳуриявии чакандӯзии "Зиннати чакан" ба роҳ монад.

Тавре даз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, мақсад аз роҳандозӣ намудани  фестивали мазкур  эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии унсурҳои чакандӯзӣ миёни ҷавонон ва пайдо намудани беҳтарин чакандӯзони ҷавон  мебошад.

Маленькая девочка из Таджикистана выступила на сцене в Китае - видео - Sputnik Тоҷикистон
Чакан, рақс ва суҳбати чинии духтарчаи 8-солаи тоҷик дар телевизиони марказии Чин (ВИДЕО)

Фестивали ҷумҳуриявии  "Зиннати чакан" моҳи июн баргузор шуда, то ин муддат гулдӯзон ва чакандӯзони ҷавон метавонанд барои иштирок ба   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Дар ҷамъбаст беҳтаринҳо бо мукофот қадрдонӣ карда мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки чакану атлас ва сӯзаниву адрас ҳокими арабро мафтун кард.

Шоми 2 апрели соли 2019 дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб Фестивали мероси фарҳангии Шориқа бо тантана ифтитоҳ ёфт.

Дар гӯшаи ҳунармандии Тоҷикистон осори ҳунари кордсозӣ, заргариву сангтарошӣ, сӯзанидӯзӣ, наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, инчунин намунаи либосҳои миллии атлас, адрас, чакан ва тамсилаҳои муди замонавии либосҳо ба намоиш гузошта шудаанд.

Баъди ифтитоҳи расмии Фестивал Ҳокими аморати Шориқа доктор Султон бин Муҳаммад ал-Қосимӣ аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда, ба ҳунари волои халқи тоҷик ва мероси ғании фарҳангии мо баҳои баланд дод.

Лентаи хабарҳо
0