Овозхони душанбегӣ ба даври навбатии озмуни "Песни" дар ТНТ роҳ ёфт

© Шоу "Песни", ТНТКирилл Медников на шоу "Песни" на ТНТ
Кирилл Медников на шоу Песни на ТНТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар даври навбатии озмуни "Песни" дар шабакаи ТНТ Кирилл Медников сурудеро ба забони русӣ сароид

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Овозхони душанбегӣ, Кирилл Медников ба даври навбатии озмуни мусиқавии "Песни" дар ТНТ роҳ ёфт.

Овозхони ҷавони тоҷикистонӣ дар гурӯҳи 10-ум ба саҳна баромад. Ӯ ин бор суруди "Глупый ветер"-ро  ба забони русӣ сароид.

"Дар даври пеш ман сурудеро ба забони англисӣ сароидам. Ин бор ман сурудро ба забони русӣ месароям. Ин барои ман навгонӣ аст",-гуфт Медников пеш аз иҷрои суруд.

Кирилл Медников на шоу Песни на ТНТ - Sputnik Тоҷикистон
Гуфт бачаи одист аз Душанбе: суҳбати Медников аз авлоду хонадоршавӣ то орзую мушкилот

Қайд мешавад, ки овозхон матн ва мусиқии ин сурудро худ навиштааст.

“Крутой чувак” аз Душанбе дар "ТНТ" Тиматӣ, Воля ва тамошобинонро тасхир кард - видео

Пас аз гӯш кардани суруд, ҳакамони озмун-Тимати ва Баста гуфтанд, ки Кирилл ба даври навбатӣ мегузарад.

Гуфт бачаи одист аз Душанбе: суҳбати Медников аз авлоду хонадоршавӣ то орзую мушкилот

Озмуни ҳунарии "Песни" чанд моҳ боз дар шабакаи ТНТ Русия оғоз шудааст. Дар ин озмун  овозхонон аз гушаю канори гуногуни Русия ва берун аз он ширкат карда ҳунари овозхонии худро ба доварон намоиш медиҳанд.

Ҳадафи аслии ин озмун дарёфти ситораҳои нав барои ширкати бонуфузи шоу-бизнеси Русия, Black star мебошад.

Лентаи хабарҳо
0