Юлдуз Усмонова бо ҳамсараш ба Душанбе омад, Шабнам Сурайё ба пешвози ӯ баромад - навор

© Акс аз ФейсбукЮлдуз Усмонова ва Шабнам Сурайё дар Узбакистон
Юлдуз Усмонова ва Шабнам Сурайё дар Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди номӣ 3 рӯз дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар назар аст, ки консерти Юлдуз 26, 27, 28 апрел баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Ҳунарманди мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова, ки дар Тоҷикистон низ шӯҳраташ камтар нест, имрӯз 26 апрел барои баргузории консерти серӯза вориди Душанбе гардид. Ба пешвози Усмонова, ҳунарманди номии тоҷик Шабнам Сурайё баромад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

@yulduzusmonovamusic @yulduzibragimovnausmonova #yulduzusmonova

Публикация от Yulduz Usmonova (@yulduzibragimovnausmonova)

Тавре яке аз ташкилкунандагони консерт ва рӯзноманигор Мавлуда Раҳматова дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, примадоннои узбек бо шавҳараш Мансур Агалиев ба Тоҷикистон омадааст.

"Бо як эҳсости пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор ба пешвози Юлдуз Усмонова баромадам, санъаташро ва худашро бисёр дӯст дораму эҳтиромаш мекунам",  - мегӯяд Шабнам Сурайё.

Дар назар аст консерти ҳунарманд рӯзҳои 26, 27 ва 28 апрел дар се шаҳри бузурги Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар баргузор шавад.

Худи Юлдуз-хонум мегӯяд, аз сафар ба Тоҷикистон, чун ҳамеша, шод аст. Дидор бо мухлисонаш барояш доим фараҳбахшанд.

"Ба Тоҷикистон ба як эҳсоси хубе омадам. Боз хушҳолам, ки борону сел гузашт. Иншоаллоҳ, ҳамааш хуб мешавад. Бароям дидор бо мухлисонам доим фараҳбахш аст", - мегӯяд вай.

Пештар ташкилкунандагон арзиши билетҳоро дар Душанбе аз 200 то 300 сомонӣ арзёбӣ карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0