Заррагул Искандарова-ҳунарпешаи марлдумии Тоҷикистон

Заррагул Искандарова: бо пои баста дар саҳна

2111
(Таҷдидшуда 10:56 27.04.2018)
Заррагул Искандарова аз ангуштшумор ҳунармандонест, ки то поёни умр дар саҳна будаанд. Агар умр вафо мекард, ин ҳунарманди мардумии Тоҷикистон имрӯз 81-сола мешуд

Sputnik Тоҷикистон ба муносибати зодрӯзи шодравон Заррагул Искандарова бо наберааш Раъно Амирбекова, ки ҳамакнун дар Маскав донишҷӯӣ дорад, дидор карда, дар бораи зиндагиву фаъолияти ҳунарии модарбузургаш гуфтугӯ кард ва далоили мухолифаташ бо ҳунарпеша шудани духтарону набераҳояшро пурсид.

Заррагул Искандарова дастпарвари Донишгоҳи ҳунари шаҳри Тошканд буд ва то поёни умраш дар театри шаҳри Хоруғ ҳунарнамоӣ ва омӯзгорӣ мекард.

Заррагул Искандарова - народная артистка Таджикистана
© Фото : Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой
Заррагул Искандарова-ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

Вай панҷ фарзанд — як писар ва чаҳор духтар дошт. Ҳама фарзандонаш донишомӯхтаи донишгоҳ ҳастанд, вале ҳеч кадомашон роҳи модарро пеш нагирифтааст.

Воруна бар фарзандон, набераҳо дил ба ҳунар додаву дар паи модарбузург рафтаанд. Раъно, бародараш ва дигар набераҳо ба ҳунари рақси помирӣ бисёр таваҷҷуҳ доранд. Вале Заррагул Искандарова ҳаргиз намехост ки фарзандону набераҳояш раққоса ё ҳунарманд бошанд.

"Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки шумо ҳар замоне метавонед рақсро ёд бигиред ва рақсанда шавед, вале бояд дар риштаҳое таҳсил кунед, ки бештарин нафъро ба ҷомеа мерасонанд".

Внучка народной артистки Таджикистана - Заррагул Искандарова
© Фото : Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой
Рано Амирбекова набераи Заррагул Искандарова

Раъно мегӯяд, ки модарбузургаш зодбум ва мардуми худро бисёр дӯст медошт.

"Модарбузургам ҳар субҳ, ки аз хоб бедор мешуд, аз равзани балкон, ки рӯ ба шаҳр боз мешуд, саросари Хоруғро аз назар мегузаронд ва ин барояш нерӯ медод ва гӯё ки муҳимтарин нерӯдиҳанда дар зинадгияш буд".

Бо пои баста дар саҳна

Заррагул Искандарова аз ангуштшумор ҳунармандонест, ки то поёни зиндагӣ рӯи саҳна буданд ва бо ҳунари худ дили ҳазорон тамошобиноро шод кардаанд. Суруди "Лалаик" ё "Рақси помирӣ" дар иҷрои Заррагул садҳо толору ҳазорон дилро ба ларза меовард.

"Модарбузургам пешаашро бисёр дӯст медошт. Ҳатто буда, ки ӯ бо пои шикаста рӯи саҳна ҳунарнамоӣ кардааст. Ёд дорам, он замон ӯ 75 ё 76 сол дошт. Дар консерте дар рӯи саҳна пояш тоб хӯрд. Аммо ӯ ҳама нерӯву ҳавосашро ҷамъ карду барномаашро то поён иҷро кард".

Заррагул Искандарова дар замони фаъолияташ дар Театри марказии шаҳри Хоруғ рақсҳое чун "Кабӯтар",  "Ду гули сафед", "Баҳори Помир", "Қаҳрамондухтар" ва "Ту помирӣ ҳастӣ"-ро офарида, ки то кунун дар он намоишсаро иҷро мешаванд.

Вале ба гуфти наберааш, Заррагул Искандарова сарфи назар аз ишқи бепоён ба пешаву ҳунар, ҳамеша бештари вақти худро бо хонавода мегузаронд:

"Мо ҳаргиз наметавонистем хонаводаамонро бе модарбузургам тасаввур кунем. Ӯ гарчи ҳунарпеша буду ҳамвора дар сафарҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекард, барои ҳар як фарзанду набераи худ вақт меёфт".

Модарбузургу набера дар як нақш

Заррагул Искандарова дар бисёр намоишҳо нақшофарӣ кардааст. Раъно мегӯяд дар ду намоиш бо модарбузургаш нақш иҷро кардааст:

"Ман ҳамеша бо модарбузургам будам. Дар ёд дорам, бо модарбузургам дар намоиши "Носири Хусрав" нақш иҷро карда будам. Он нақши як духтаре буд, ки аз чашмаи Носири Хусрав об менӯшад. Ман нақши хурдсолӣ ва модарбузургам нақши бузургсолии ӯро иҷро карда будем".

Заррагул Искандарова - народная артистка Таджикистана
© Фото : Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой
Заррагул Искандарова - народная артистка Таджикистана

Заррагул Искандарова яке аз ҳунармандоне буд, ки дар якчанд ҷаншвораву ҳафтаҳои фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар Русия ширкат карда аст. Пас аз худсолор шудани кишвар, ки ҳама дарҳо ба рӯи тоҷикону Тоҷикистон боз шуданд, Заррагул Искандарова дар бисёре аз кишварҳо ҳунарнамоӣ карду дили фарҳангдӯстонашонро тасхир кард.

"Модарбузургам дар саҳнаҳои Фаронса, Олмон, Бритониё, Канада, Австралия ва бегумон ҳама ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шуравӣ ҳунарнамоӣ кардааст", — мегӯяд Раъно.

Ӯ ба ёд меорад, ки Заррагул Искандарова пироҳанҳои зеборо бисёр дӯст медошт ва аз ҳар сафари ҳунарӣ куртае ба армуғон бо худ меовард:

"Боре модарбузургам аз сафари ҳунарӣ аз Канада сорӣ — пироҳани ҳиндӣ оварда буд, ки зарринранг буду бисёр зебо".

Вале дар баробари ин дӯхтани пироҳан яке аз саргармиҳои дӯстдоштаи ҳунарпеша буд ва бештари куртаҳояшро низ худаш дастдӯзӣ кардааст.

Заррагул Искандарова яке аз зеботарин ҳунарпешаҳои Тоҷикикстон буд ва дар ҷавонӣ ва басе дертар ҳам мӯйҳои бисёр дарозу зебо дошт. Вай ҳамеша дар саҳна бо пӯшоки зебои бадахшонӣ ҳунарнамоӣ мекард.

Заррагул Искандарова - народная артистка Таджикистана
© Фото : Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой
Заррагул Искандарова - народная артистка Таджикистана

"Модарбузургам ҳатто ҳангоми ба фурӯшгоҳ рафтан ҳам зеботарин пероҳанашро ба тан мекард ва албатта мӯйҳояшро оро медод. Усма кашиданро дӯст медошт", — мегӯяд бо табассум набераи ҳунарпеша ва меафзояд, ки моро низ водор мекард то абрӯвонамонро усма бикашем.

Заррагул Искандарова дар намоишҳое чун "Рустам ва Суҳроб", "Тошбек ва Гулқурбон", "Қишлоқи тиллоӣ", "Домоди сохта", нақш офаридааст. Ба гуфти Раъно, ки дар аксари сафарҳои ҳунарӣ бо модарбузургаш будааст, ҳунарпеша ҳар як нақшу ҳунарнамоияшро бисёр ҷиддӣ омода мекард. Барояш ҳар як ҳунарнамоӣ чун нахустнамоиш буд, мегӯяд Раъно.

Рашки беҷо ва ҷудоӣ аз ҳамсар

Раъно нақл мекунад, ки бобояш Давлатбек — ҳамсари дувуми Заррагул — бисёр бадрашк буд.

"Модарбузургам мегуфт, ки рӯзе бобоям ба театр рафта, як ҳамкорашро аз рӯи рашки бепоя лату кӯб карда аст", — ба ёд меорад Раъно.

Ҳамин рашку пайомадҳояш саранҷом Заррагул Искандароваро аз шавҳараш ҷудо кард, вале на аз саҳна.

"Гарчанде модарбузургам ҳаргиз аз саҳна дур нашуд, вале зиндагии худро ба театр табдил надода буд. Барояш хонавода ҷудо ва тетар ҷудо буд".

"Мо ҳануз ҳам наметавонем зиндагиямонро бе модаркалонамон тасаввур кунем. Ҳануз ҳам касе дар борааш "дар замони гузашта" сухан намегӯяд. Ному ёдаш барои мо ҳамеша гиромиву мондгор аст".

Заррагул Искандарова борҳо Тоҷикистонро дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ карда буд ва дар ин росто бисёр ҳунарпешаи муваффақе буд. Ба қавли Раъно барои ҳунарпеша аз Тоҷикикстон буданаш бисёр муҳим буд ва ҳамеша мекӯшид то бо ҳунари худ беҳтару бештар Тоҷикикстонро дар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кунад.

"Ӯ моро ҳамеша панду андарз медод, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки шумо чеҳраи Тоҷикистон дар Русия ҳастед ва бояд рафтори шоиста дошта бошед".

Ҳама фарзандони Заррагул Искандарова дорои маълумоти олӣ ва ҳамзамон дар ҷомеаи шаҳри Маскав афроди фаъоле ҳастанд. Ба гуфти Раъно, Заррагул Искандарова ҳамеша ҷонибдори нақшофарии фаъоли занон дар ҷомеа буд ва талош мекард, ки ҳар як фарзанду наберааш таҳсилоти олӣ дошта бошад.

"Ӯ ҳамеша ба мо мегуфт, аз ҳама муҳим доштани донишу таҳсилоти олӣ аст. Ту метавонӣ пас аз анҷом додани таҳсилоти олӣ раққоса шавӣ, вале аввал бояд дар риштае, ки интихоб кардаӣ, беҳтарин коршинос бошӣ".

Раъно худ дар яке аз донишгоҳҳои пизишкии Маскав таҳсил дорад ва барои зинда нигоҳ доштани ному ёди модарбузургаш ва амалӣ кардани орзуи вай, қасд дорад дар Маскав омӯзишгоҳи рақси Заррагул Искандароваро ифтитоҳ кунад.

Орзумандем Раъно ба ин орзӯяш бирасад ва барояш комёбиҳо таманно мекунем.

Заррагул Искандарова - народная артистка Таджикистана
© Фото : Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой
Заррагул Искандарова ҳамроҳи овозхонони Бадахшон

Зиндагинома

Мулкамонова Заррагул Искандаровна 27 апрели соли 1938 дар деҳаи Емц дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар хонаводаи аҳли ҳунару фарҳанг ба дунё омадааст. Падараш Искандар зодаи ҳамин деҳа буда, ҳунарпеша буд ва дар аспдавонӣ ҳам яке аз беҳтарин чобуксаворон буд. Модараш Марворид аз деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон буд. Заррагул дар муҳите пур аз созу овоз ба воя расид.  Амакаш Илчибек Мулкамонов ҳам чун падараш ҳунарпешаву навозанда буд ва шеър ҳам мегуфт. Шеърҳои ӯро ширинкорони номдор Усто ва Масто месуруданд.

2111