Таджикская певица Зайнура Пулодова

Ҳар марди ҳиндӣ Шохрух нест: нақли Зайнура аз шавҳари ҳиндияш, ки бо ду духтар ҷудо шуд

8495
(Таҷдидшуда 15:32 05.07.2019)
Зайнура Пӯлодова мегӯяд, ҳунармандон низ мисли дигарон ҳаёти муқаррарӣ доранд, гоҳо бахт на як бору ду бор ба рӯяшон намехандад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Зайнура Пулодова, ҳунарманди тоҷик дар сӯҳбат дар барномаи "Аз дил ба дил" нақл кардааст, ки чигуна ба марди ҳиндӣ ошиқ ва хонадор шуду феълан аз ӯ ду фарзандро худаш тарбия мекунад.

Ҳунарманд таъкид кардааст, ки умуман аз хурдӣ ба фарҳанги ҳиндӣ шавқи беандоза дошт. Таронаҳои ҳиндӣ мехонду акси актёрҳои ҳиндустониро ҷамъ мекард. Билохир, шавҳари ҳиндӣ низ кард. Аммо зиндагии реалӣ аз филми тахайюлӣ фарқ мекунад. 

Рӯзноманигор аз хонум Пӯлодова пурсидааст, ки "оё овозаи дар гузашта шавҳари ҳиндӣ карданаш рост аст" ва Зайнура иқрор шудааст, ки "бале дар гузашта дар ҳаёташ марди ҳиндие буд".

Ба гуфтаи ҳунарманд, онҳо дар Душанбе бо ҳам ошно ва ошиқ шуда, қасди оиладорӣ карданд. Аммо баъди таваллуди ду фарзанд дугоникҳо Сония ва Сомеа аз ҳам ҷудо шуданд.

Зайнура сабаби ҷудоӣ аз шавҳари аввалашро дақиқ тавзеҳ надодааст, аммо гуфтааст, ки "онҳо замоне дар Ҳиндустон зиндагӣ доштанд ва ӯ бо ду духтараш ба Тоҷикистон омаданду падари фарзандонаш дар ватанаш монд".

Ҳунарманд нақл кардааст, ки новосбата аз муҳайё кардани тамоми шароит ба ду духтарчааш, имрӯз онҳо дар бораи падар мепурсанд ва мегӯянд, ки "чаро ҳама падар дораду мо не".

Ба гуфтаи Зайнура марди ҳиндӣ имрӯзҳо ҳатто аз аҳволи фарзандонаш намепурсад ва тамоми алоқаҳо байни онҳо канда шудааст.

Дар идома рӯзноманигор аз хонум Пӯлодова аз шавҳари дувумаш, ки продюсер будааст, пурсон мешавад, аммо овозхон мегӯяд, ки "гузаштаро ба ёд овардан намехоҳад". Пӯлодова танҳо ҳаминро рӯшан кардааст, ки бори дувум низ бахт ба рӯяш нахандид.

Зайнура Пӯлодова дар сӯҳбат таъкид бар он кардааст, ки бо вуҷуди ин ҳама зиндагӣ идома дорад, ба тарбияи фарзандон машғул аст ва худаш ҳам падар ва ҳам модар асту аз ӯҳдаи тарбияи фарзанд ва эҷодиёт дар як вақт ба пуррагӣ мебарояд.

Сӯҳбати пурраи хонум Пӯлодоваро аз видеои зер метавонед тамошо кунед.

8495
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

250
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

250
Музаффар Имомдод

Музаффар Имомдод: аз воҳимаи COVID - 19 дар ВМКБ то ризокории 3000 ҷавон ва сахои мардум

3552
(Таҷдидшуда 15:19 23.06.2020)
Музаффари Имомдод, ризокор, фаъоли ҷамъиятӣ ва яке аз бунёдгузорони гурӯҳи "Цавор куен" (Чор кӯҳ) дар Facebook дар бораи вазъи COVID - 19 дар ВМКБ, кумаки хайрхоҳон ва 11 соли ихтиёрӣ буданаш гуфт

ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik, Нилуфар Некқадам. Музафари Имомдодро корбарони Facebook чун шахси фаъоли ҷамъиятӣ ва ризокори ҳамеша омодаи кумаку ёрӣ мешиносанд. Ӯ аз рӯзҳои аввали шуюи COVID - 19 дар Тоҷикистон, ба хайрхоҳон муроҷиат карда, бо маблағи ҷамънамуда ба табибони Суғду, Хатлону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак кард.

Ҳар рӯз дар саҳифааш дар Facebook наворе дар бораи расонидани кумак ба табибони ин ё он минтақаи кишвар пайдо мешавад. Чун худи ӯ мегӯяд, "бояд хайрхоҳон бидонанд ва бубинанд, ки маблағи онҳо дар куҷо ва чӣ гуна ҳазина мешавад".

Аз Русия то Африқо

Дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли 2020 расман 15 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт гардид. Пас аз як рӯз Музаффар бо наворе барои ҷамъ овардани маблағ барои кумак ба пизишкон ба мардум муроҷиат кард. Ба гуфти ӯ бародарони саховатпеша аз Русия то Африқо занг мезаданду маблағ равон мекарданд.

"Аввал бародарон аз Русия ва аз худи Тоҷикистон кумак карданд. Баъдтар аз Олмон, Африқо, Амрико ва дигар кишварҳо низ маблағ равон карданд. Пас аз се рӯзи муроҷиат мо маблағи ирсолкардаро гирифта, 70-дона либоси вижаи муҳофизатӣ харидем ва ба пизишкони навоҳии гуногун аз Ҷилликул то шаҳри Хуҷанду Ёвон расонидем. Пули равоннамудаи хайрхоҳон дар умум наздики 50 ҳазор сомонӣ шуд. Аз ин маблағ аз номи ризокорони ВМКБ ба зарадидагони фоҷиаи Хуросон 10 ҳазор сомонӣ равон карда шуд", - гуфт Музаффар.

Музаффар аз он изҳори хушнудӣ мекунад, ки мардуми тоҷик ҳиммати баланд доранд ва саховатпешаанд.

"Ростӣ ман бо мардуми хайрхоҳамон ифтихор мекунам", - мегӯяд ӯ ва ба ҳамаи ашхоси саховатпеша ва ихтиёриён, барои хизматашон изҳори сипос мекунад.

Вазъи COVID - 19 дар ВМКБ: аз воҳима то оромии рӯҳӣ

Музаффар рӯзи 9 май барои кумак ба пизишкон ба ВМКБ сафар кард ва инак беш аз ду моҳ мешавад, ки ӯ дар хизмати халқ аст. Ба фикри ӯ? маризии коронавирус худ онқадар вазнин нест, вале ваҳму воҳимааш барои фаҳмиш душвор аст.

"Рӯзҳои аввал мардумро ваҳму воҳима пахш карда буд. Онҳо дар бораи маргу мир аз ин маризӣ, ки бахусус дар кишварҳои Урупо зиёд буд, шунида буданд ва ба таҳлука афтода буданд",-изҳор дошт ӯ.

Музаффар ҳамроҳи дигар ризокорон барои кумак ба пизишкон қариб ба ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ва қишлоқҳои дурдаст сафар карданд. 

"Мо аз қишлоқҳои ноҳияи Ванҷ, Рӯшону Бартанг, Шуғнону Ишкошим ва то Мурғоб сафар карда, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо, маҳлулҳои зиддиуфунӣ бурдем. Фақат Язгулом ва қишлоқҳои болоии ноҳияи Шоҳдара мондааст, ки насиб бошад пас аз се рӯз бо кумаки вижа барои хонаводаҳои ниёзманд, сафар хоҳем кард", - гуфт Музаффар.

Мусоҳиб мегӯяд вазъияти беморӣ дар ВМКБ дар ягон ҷо вазнин набуд, чун аз рӯзҳои аввал ҳам духтурон ва ҳам ризокорон барои пешгирии он кори зиёде анҷом доданд. Созмонҳои гуногун аз қабили Бунёди Оқохон оид ба тандурустӣ, ширкати Памир энерҷӣ ва Ҳукумат барои пешгирии беморӣ кумак карданд.

"Чун зичии аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ бештар аст, ин ҷо маризон бештар буданд. Дар водии Бартанг дар кишлоки якум - Шуджанд танҳо як бемор буд. Шукри Худо дар дигар деҳаҳои Бартанг нафаре бемор набуд. Мо ба қишлоқҳои дурдасти Бартанг аз номи Ҳукумат се либоси муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва аз номи ризокорон ниқобҳоро бурдем", - нақл кард Музаффар .

Дар ВМКБ то 20 июни соли равон барои пешгирӣ аз паҳншавии густурдаи коронавирус аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят маҳдудиятҳо - равуо миёни навоҳӣ ва шаҳри Хоруғ, ҷорӣ шуда буданд. Имрӯзҳо бошад мардуми ин вилоят ба зиндагии муқаррарии худ бозгаштааст.

"Феълан мардум бе ҳарос ба корҳои саҳроӣ ва хоҷагидорӣ машғул ҳаст. На бузургсолон ва на ҷавонон дигар аз ин беморӣ ҳарос надоранд, чун дарк карданд, ки он ҳам мисоли зуком гузаранда аст, албатта на барои ҳама", - гуфт Музаффар ва афзуд, ки мардум рӯҳан ором шудаанд.

 Чаро ВМКБ барои роҳ надодани COVID - 19 омода набуд?

Коронавируси навъи COVID - 19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва бар пояи гузориши расмӣ ба Тоҷикистон пас аз 4 моҳ, 30 апрели соли 2020  расид. Мебоист Тоҷикистон барои пешгирии ин вабои аср ҳаматарафа омода мешуд. Музаффар мегӯяд "қаҳрамонони рӯз" - пизишкон барои мубориза бо ин маризӣ омода буданд, вале имконияти пешгирии онро надоштанд.

"Фикр мекунам пизишкон барои табобати маризони коронавирус омода буданд, аммо лавозимоти муҳофизатӣ ва доруву даво надоштанд. Чун ба ҳар қишлоқе, ки мо сафар мекардем ва ба ҳар марказҳои табобатӣ, ки мерасидем, бо чашмони худ медидем, ки пизишкон либоси муҳофизатӣ надоранд", - шарҳ дод Музаффар. 

Сабаби аслии роҳ ёфтани коронавирус ба ВМКБ-ро Музаффар дар камаҳамиятӣ ва бедиққатӣ мебинад. Ба гуфти ӯ танҳо бо кумаки ризокорон ва шахсони саховатпеша мешуд паҳншавии COVID - 19 - ро дар ВМКБ пешгирӣ кард.

11 соли ризокории Музаффар ва кумаки 3000 ихтиёрӣ дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар Бадахшон

Ризокор ё ихтиёрӣ - шахсест, ки бемузд ба нафари дигаре хизмат мекунад. Аз давраҳои қадим чун дар дигар манотиқи Тоҷикистон, мардуми Бадахшон бештари кори худро тариқи ҳашар - кори дастаҷамъонаи бемузд анҷом медоданд. Қариб ҳамаи хонаҳои помирӣ, ки имрӯз дар Бадахшон ҳастанд тариқи ҳашар - ё бо қувваи ихтиёриён сохта шудаанд.

Музаффар ризокориро аз арзишҳои волои мазҳаби худ медонад. Ӯ мегӯяд аз кумак кардан ба дигарон ҳаловат мебарад ва бо ин роҳ мехоҳад дилеро шод кунад.

"Ризокорӣ аз арзишҳои мазҳаби ман аст. Бо ин арзишҳо ман метавонам диле ба даст оварам. Дар навбати аввал ман аз коре, ки барои шахсе анҷом медиҳаму ӯ шод мешавад, ҳаловат мебарам, махсусан кумак ба бузургсолон, кӯдакон ва ниёзмандонро дар назар дорам", - гуфт Музаффар ва афзуд ки беш аз 11 сол ӯ дар хизмати халқ аст.

"Ҷое мешавад, ки нафареро бепул бо хадравам ба манзилаш мерасонам, ҷое мешавад, ки бо кумаки дӯстонам мушкили касеро ҳал мекунам".

Дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар ҳар қишлоқи ВМКБ гурӯҳи ризокорон аз ҳисоби ҷавонон ва фаъолони ҷомеа ташкил шуд, ки тартибу интизом ва риояи қоидаҳои қарантиниро назорат мекард. Онҳо намегузоштанд, ки меҳмонони аз шаҳри Душанбе расида бе гузашти 14 рӯз бо дигарон ҳамсуҳбат шаванд, ё нафаре бидуни ниқоб аз хона берун равад, ё дар кӯча масофаи иҷтимоиро риоя накунад.

Ба ҳамаи ин корҳо беш аз 3000 ризокор банд буд. Шояд ҳамин якдиливу омодаи кумак будани халқ, буд, ки мардуми Бадахшон авҷи аввали  COVID - 19 - ро бидуни талафоти зиёд паси сар карданд.

Вале, набояд фаромӯш кард, ки бино ба пешбинии ҳамагиршиносон мавҷи дуюми COVID - 19 дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест ва ҳамоно бояд риояи қоидаҳои беҳдошт ва масофаи иҷтиоию пӯшидани ниқоб фаромӯш нашавад.

То 22 июн дар Тоҷикистон 5513 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 4039 (73,2%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

3552
Барчаспҳо:
сукунати ихтиёрӣ, ихтиёрӣ, вазъ, вируси нав, Музаффари Имомдод, Тоҷикистон
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора безарар гардонида мешаванд

0
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2020)
Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора поккорӣ мешаванд. Ин поккорӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID - 19 гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт.

Бино ба гузориши КҲФ, ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксозӯ карданд.

"Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
пешгирӣ, поксозӣ, вируси нав, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон