ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Шоми 13 июл дар толори консертии "Вдохновение" ба муносибати 62-юмин солгарди ба тахти Имомат нишастани Аълоҳазрат Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ё "Рӯзи Имомат", ки ҳамасола 11 июл таҷлил мешавад, барномаи консертӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ аз ду қисм: намоишгоҳ ва барномаи фарҳангӣ иборат буд.
Аксҳои овони ҷавонии Аълоҳазрат Оқохони IV ва барномаҳои омӯзишии созмони «Нур»
Аз дари даромад меҳмононро ҷавонони ризокор бо табассум пешвоз гирифта ба намоишгоҳ даъват мекарданду то ба дохили толор ҳамроҳӣ намуда ҷойи нишасти ҳар тамошобинро тибқи чипта нишон медоданд.
Дар намоишгоҳ аз як тараф рӯи мизе дар дохили шиша аксҳои овони ҷавонӣ ва кунунии Аълоҳазрат Оқохони IV ва дар бари онҳо аксҳои марказҳои исмоилия, ки дар шаҳрҳои гуногун воқеъ аст, гузошта шуда буду, як гулдухтари зебо дар тан пироҳани сурх ба меҳмонон дар бораи марказҳо маълумот медод.
Дар Тоҷикистон теъдоди исмоилиён аз 200 ҳазор бештар арзёбӣ мешавад. Дар кишвар ду маркази исмоилия сохта шудаст, ки яке дар пойтахт - шаҳри Душанбе ва дигаре дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.
Аз ҷониби дигар, намояндаи бахши маорифи созмони ҷамъиятии "Нур" ба мардум дар бораи барномаҳои омӯзишии ин даргоҳ маълумот медод.
Бино ба гуфти ризокори ин бахш, дар марказ барои кӯдакон оғоз аз синни ҳаштмоҳа то синфи 11 барномаҳои вижаи омӯзишӣ вуҷуд дорад.
"Мо бо марказҳои гуногуни омӯзишии Маскав, аз ҷумла маркази омӯзишии ба номи Ломоносов ҳамкорӣ дорем ва ҳар сол миёни хонандагони мактабхон олимпиада баргузор мекунем, ки аз ҷониби мутахассисони ин марказ доварӣ мешавад", - нақл кард ризокор.
Бино ба маълуоти намояндагони созмони "Нур" ҳамчунин ҳар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ин марказ, барои кӯдакони аз се сола то синни мактабӣ барномаи вижаи рушди кӯдак роҳандозӣ мешавад.
Ороиши саҳна
Қисми дуюми барнома, ки аз консерт иборат буд дар дохили толори барҳавои "Вдохновение" баргузор шуд.
Саҳна бо рамзҳои хонаи помирӣ, ки аз фарҳанги қадимаи мардуми Бадахшон дарак медиҳад, оро дода шуда буд. Дар як тарафи саҳна ду сутун чун даромадгоҳ ба хона, ҷойгир буду дар яке аз сутунҳо рубоб овезон буд.
Аз боло гузаред: тоҷикон дар Маскав "хонаи помирӣ" бунёд карданд
Маъмулан аз даврони пеш дар ҳар манзили бадахшонӣ асбоби мусиқӣ аз қабили дутор, сетор, танбур ҷой дорад, вале бештар рубоб дар ҳар хона овезон аст, ки аз дарки баланди мусиқоии мардуми Бадахшон дарак медиҳад.
Аслан навозандагон ва овозхонони Бадахшон бо навозиши рубобу танбур сифоти зоти пок мекунанд.
Дар ҷониби дигари саҳна, боғ ва дарахте дар дохили панҷара буд, ки дар гирдаш сангҳо гузошта шуда буд, ки саҳнаро бештар ба ҳавлии манзилҳои бадахшонӣ, ки бештар дар иҳотаи сангҳо ва кӯҳҳо ҷойгиранд, шабоҳат медиҳад.
Барномаи консертӣ бо эълони ровиён ва табрикоти намояндаи созмонҳои ҷамоатии Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав, Олим Ширинбек оғоз шуд.
Олим Ширинбек меҳмононро ба муносибати "Рӯзи Имомат" табрик карда аз сулҳофаринии Аълоҳазрат Оқохони IV дар ҷаҳон гуфт.
"Дар тӯли беш аз 60 сол Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ ба ҷаҳониён исломи ботинӣ исломи бародарию дӯстӣ ва исломи инсонгароиро нишон медиҳад", - гуфт Олим Ширинбек ва ҳамаи нишастагонро ба ризокорӣ даъват карду афзуд, ки яке ин аз рункҳои асосии мазҳаби исмоилӣ ба шумор меравад.
Дар ҷустуҷӯи Худо
Барномаи фарҳангӣ бо қироати оёти қуръонӣ аз сураи "Нур" оғоз шуд. Ин барнома аз ҷониби ҳунарпеша ва донишҷӯи факултаи коргардони саҳна ва синамои бахши ассистентураи Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Маскав, Шероз омода шуда, дар доираи як намоишнома баргузор шуд.
Намоишнома, ки "Садои қалб" унвон дошт, дар бораи ҷустуҷӯи Худо аз ҷониби марде, ки бо роҳнамоии овозе аз ғайб тариқи хондани оёти қуръонӣ дар кӯчаю бозорҳову масҷидҳову шаҳру деҳот мегашт ва билохира "айҳи байти паёмбар Муҳаммад (с)"-ро дармеёбаду ба саволҳои худ посух мегирад, нақл мекард.
Ҳар як баромади марди "Худоҷӯ" бо суруду рақсу, муноҷоту, рэпу қироати шеър иваз мешуд. Бештари матни сурудҳо дар васфи Худою паёмбар, Ҳазрати Муҳаммад (с) ва аҳли байти ӯ хонда шуданд, ки аксарашон ба қалами Шамси Табрезӣ тааллуқ доштанд.
Ин барномаи пурмуҳтаво аз ҷониби ризокорон, ки аксарашон ҳунармандони асил нестанд, бо маҳорати хос иҷро шуд. Муаллифи намоишнома мегӯяд осон нест дар шароити Маскав, ки яке таҳсил мекунаду дигаре кор ва ҳам ҷои зисти ҳар кас дар қисматҳои гуногуни Маскав ҷойгир аст, ҷамъ кардани ҳунармандон ва баргузор кардани чунин барнома.
"Ҳаст ҳунару ҳаст муҳаббат, ман ҳамаи чизро дар муҳаббат мебинам. Ин нафароне, ки дар саҳна имрӯз ҳунарнамоӣ карданд, шуғлу кору фаъолияти мухталиф доранд. Аксарашон донишҷӯй ҳастанд, ва овозхони асил ҳам ҳастанд - масалан Хушрӯз Бахтоваршоев. Вале аксарашон дараҷаи бузурги саҳнавӣ надоранд, вале муҳаббати зиёд онҳоро як ҷо ҷамъ кард", - бовар дорад Шероз.
Либоси саҳнавӣ
Ҳамаи ҳунарнмадон дар саҳна бо пироҳанҳои дарози сафед ва салла дар сар ҳунарнамоӣ карданд. Ба гуфти муаллифи намошнома дар саҳна бештари ороиш аз буҷа бастагӣ дорад. Мо аз муаллифи намоишнона сабаби интихоби чунин либосҳоро пурсон шудем.
"Саҳнае ки ман гузоштам ин аввал фалсафӣ буд. Либоси сафед дар саҳна нишоне аз тахаюлоти ман – яъне, садои қалби ман буд ва дуюмаш ранги сафед нишонаи тасаввуф аст. Ман аввал хостам ки пироҳанҳо бо домани кутоҳтар, (чун либоси миллии хоси мардуми Бадахшон – шарҳ аз идора) бо шалвор бошад, вале аз сабаби нарасидани буҷа фикрамро иваз карда домани пироҳанро дароз кардему шалвори муқаррарӣ пӯшидем", - шарҳ дод Шероз.
Бардошти тамошобинон
Ба тамошои барномаи фарҳангӣ на танҳо тоҷикони муқими Маскав, балки намояндагони дигар миллатҳо низ омада буданд. Мардум бо аҳли хонавода, ёру дӯстон, падару модар ва ҳамсару фарзанд омада буданд.
Анна Моисеенко, коргардони рус, ки солҳост бо созмони ҷамъиятии "Нур" ҳамкорӣ дорад дӯстонашро низ ба тамошои барномаи фарҳангӣ овардааст.
Ба ӯ бештар муноҷотхонӣ ва омезиши рэпу хори умумӣ писанд омадааст.
"Мо дар назар дорем, ки моҳи август дар Маскав бори дуввум ҷашнвораи Помир-Маскавро баргузор кунем. Барномаи имрӯза ба ман бисёр писанд омад, фикр мекунам, ҳамон муноҷотхонҳо а рэпсаройро мо ба ҷашнвораамон даъват мекунем", - гуфт Моисеенко дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
То охири барнома фазои толор гарм буд. Ҳатто таҳти суруди рапой (як навъи мусиқии бадахшонӣ – шарҳ аз идора), чанде аз меҳмонон аз ҷой бархоста ба дастҷунбониву пойкӯбӣ даромаданд.
Барномаи фарҳангӣ наздики се соат давом карду тоҷикони Маскав бо руҳияи болида, толорро тарк карданд.
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров, ки охирҳои моҳи декабр дар Ӯзбекистон консерт гузошт, таассуроташ аз ин сафари ҳунариашро нақл кардааст.
Ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграмаш, ин сафарро ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд пур аз эҳсоси наҷибу хурсандӣ хондааст.
View this post on Instagram
Вай гуфтааст, сафар ба Ӯзбекистон, ҳарчанд дер боз дар нақша буд, якбора сурат гирифт.
"Ба назарам чунин менамуд, ки ба ин мулоқоти ҷолиб бо тамошобинони Ӯзбекистон бояд омодагии тӯлонӣ бошад. Хусусан, пас аз он ки сарони давлатҳои мо монеаи байни моро бартараф карданд, ки ба ҳама хурсандии зиёд овард ва ман ин ҳодисаро дар солҳои охир матлубтарин ва хурсандибахш мешуморам", - қайд кардааст ӯ.
Далер Назаров омили асосии рушд накардани эстрадаи тоҷикро тавзеҳ дод
Вай афзудааст, ки "новобаста аз пандемия ва баста будани марзҳо, марзбонон моро хушҳолона пешвоз гирифтанд ва пас аз гузаштани тамоми расмиятҳо ба сарзамини ошно ворид шудем".
"Дар чашми пешвозгирандагон як ҳаяҷон ва тантана намудор мешуд, дар дили мо бошад ҳеҷ "мову шумо"-е набуд, танҳо шодӣ аз вохӯрии деринтизор буд", - афзудааст Далер Назаров.
Овозхон таъкид кардааст, ки дар Самарқанду Тошканд вақташ хуш ва пур аз муҳаббат гузашт. Аммо ҳунарнамоияш дар шаҳри Бухоро бо сабабҳои номаълум лағв шуд.
Хоҳишмандон зиёд шуданд: Далер Назаров дар Тошканд ду рӯз консерт медиҳад
"Мутаассифона, консерти мо дар Бухоро, ки хело интизорамон буданд, лағв шуд. Сабабашро намедонем, аммо медонем, ки вохӯрӣ дар ин шаҳр дар сатҳи олӣ албатта мешавад", - таъкид мекунад ӯ.
Овозхон, қайд кардааст, ки дар давоми ин сафар бо табақаҳои гуногун, аз ҷумла аз роҳбарон то ошпазҳову савдогарон мулоқот дошт.
"Ман инро барои он мегӯям, ки касеро махсус интихоб накардем, ҳама бидуни ягон маҷбурӣ хурсанду самимӣ буданд", - таъкид мекунад ҳунарманд.
Далер Назаров афзудааст, ки то ҳол ба унвонаш "мактубҳои саршор аз меҳру муҳаббат мерасанд ва дар оянда ин ҳама самимият дар таронаҳои тозааш дарҷ хоҳанд шуд".
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ахиран мудели машҳури тоҷик Парвина Саидова дар сториси instagram-аш навореро нашри кард, ки дар он ҳамроҳи Манижа Давлат зери навои эронӣ чарх мезананд.
Манижа Давлат дар навбати худ дар сториси instagram-аш барои ташкили ин шабнишинӣ аз Парвина Саидова сиосгузорӣ карда ин рӯзро аз хушбахтарин лаҳзаи ҳаёташ гуфтааст.
"Агар инсон мехостааст барои як лаҳзаи хушбахии дӯсташ, дар як шаб дар байни ҳамагӣ чанд соат чӣ корҳоеро ичро намекардааст...Бо вуҷуди он қадар исрори на гуфтани ман, ту барои як шаб хурсандии ман хамаи инро муҳайё кардӣ, чанд сол буд, ки чунин хурсанд набудам...Дӯстам, хоҳарам аз ту миннатдорам, дили маро як лаҳза шод кардӣ бигзор Худованд шодии ду дунёро барои туву фарзандонат ато кунад",- навиштааст Манижа дар саҳифаи instagram-и худ.
Корбарони интернет ҳадс задаанд, ки ин шабнишинӣ шояд зодрӯзи Манижаи Давлат бошад, ки 31 декабр ба дунё омадааст, вале Парвина Саидова дар посух ба ин савол гуфтааст, ки ин танҳо як базми хонаводагӣ буд.
Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-и шаҳри Кӯлобро хатм кардааст.
Соли 2006 бошад риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро поён бурдааст.
Манижа Давлат дар авоили соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва форсзабонҳо маҳбубият пайдо кард.
Ӯ дар соли 2002 консерти нахустини худро дар "Кохи Борбад"-и Душанбе баргузор карда, ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи "Сарнавишти ман" пешкаши мухлисонаш кард.
Манижа аз камтарин овозхонҳое ҳаст, ки солҳои дароз дар саҳна нест, вале маҳмубияташ ҳамоно кам нашудааст.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, футболбозони то 17-солаи тоҷик дар “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат мекунад.
“Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.
Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад, тавзещ дод Кумитаи олимпӣ.