Саши Заифи, архивное фото

Саши Заифӣ дар бораи дидор бо Далер Назаров: "вақте ба оғӯшаш гирифтам озодиро эҳсос кардам"

2264
(Таҷдидшуда 13:39 24.08.2019)
Маэстро Далер Назаров рӯзи 21 августи соли 2019 меҳмони барди номдори тоҷик Саши Заифӣ шуд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти суҳбати ду марди ҳунарро дар мусоҳиба бо Саши Заифӣ пешкашатон мекунад.

- Луфтан мегуфтед, дидори шумо бо Далер Назаров чӣ гуна иттифоқ уфтод? 

- Мо бо Далер солҳост, ки ба ҳамдигар паём мефиристем. Вале пеш, ӯ камтар ба Бадахшон меомад ва ман ҳам ба Душанбе рафта наметавонистам. Аз ин рӯ фурсати дидор нашуд. Вале мо як рафиқи умумӣ дорем, Ҷамшед Бахталиев. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин дидор ба шарофати Ҷамшед муяссар шуд. Ман намедонистам ки Далер дар бораи ман фикрҳо дорад ва ӯ намедонист ки ман дар бораи ӯ ақидаҳо дорам, аммо вақте аз якдигар хабардор шудем, дигар соати дидор ҳам расид.

- Чӣ фикрҳое ҳастанд, ки шумо ва Далер Назаров доштаед дар бораи якдигар?

- Ман доим бо озодии худ "ноз" мекардам. Бояд розӣ шуд, ки ман дар Тоҷикистон озодихоҳии зиёде овардам. Озодӣ дар сиёсат дар ҷомеъа дар дин. Ман ба позитсияи инсони озод дар ҷомеа, бисёр такя мекардам. Ба шарофати фалсафаи озодихохии ман бисёрихо дар Тоҷикистон аз догмаҳо озод шуданд. Вақте, ман Далерро дидам, пай бурдам, ки ӯ ҳам аз чизе вобаста нест на аз дин на аз сиёсат... вақте, ман ӯро канор гирифтам ман бӯи озодиро эҳсос кардам ва ҳамон лаҳза дарк кардам, ки ин инсон пурра озод аст. Ақли ӯ дили ӯ ҷони ӯ ва мусиқии ӯ ҳама озод аст. Ва мо дарк кардем, ки барои суҳбати мо дигар монеъае нест.

- Ин дидори нахустини шумо бо Далер Назаров аст?

- Бале, соф дидори якум. Вале ман аз он бисёр шод шудам, ки Далер ҳамон рӯз аз Душанбе ба Бадахшон омаду пагоҳаш ба хонаи ман омад. Чун дар хона на ман ва на ӯ маҳоратамонро эҳсос намекардем. Мо дар бораи касбу ҳунар суҳбат накардем. Ӯ чун бародар ба дидори ман омад ва ман чун бародар барояш чой фаровардам. Ҳаминаш дар воқеъ ширин буд.

- Оё дар бораи мусиқӣ ҳам чизе гуфтед?

- На, аслан. Чун мегӯянд "В профессиональном кругу о профессии не говорят" (Дар доираи касбӣ аз касб намегӯянд). Барои он, ки Далер фаъолияти ҳунарии маро хеле хуб медонад ман соф аз даврони ҷавонӣ оҳангҳои Далерро гӯш мекунам, ӯ ҷойгоҳи маро дар адабиёт хуб медонад, чун Далер худ педагог хаст, маҳз дар риштаи адабиёт ва забоншиносӣ. Ӯ бисёр хуб огоҳ ҳаст, ки ман дар адабиёт кистам ва ман хеле медонам, ки Далер дар оҳангсозӣ чӣ мақоме дорад.

Мо ҳамдигарро дар майдони корӣ бисёр хуб мешиносем. Мо дар бораи мусиқӣ ва фаъолияти якдигар умуман суҳбат накардем. Мо бештар аз дидори ҳам шод будем. Чун ҳам ман ва ҳам Далер бисёр расмпараст ҳастем. Вақте Далер ба хонаи мо ворид шуд, ман страхм дуд кардам(страхм ё бӯй - як навъи алафи даштӣ дар Бадахшон, ки ба хотири дур кардани бадиҳо аз манзил, дуд карда мешавад - шарҳ аз идора), ва Далер ҳам кӣ ба хона даромад ҳамаи аҳли хонаводаи маро зиёрат кард. Мо дидори расмӣ надоштем мо аз дидани ҳамдигар чунон шод шудем, ки дигар ҷойи гуфтор аз мусиқию дигар кору бор намонд. Ин вохӯрии расмӣ набуд, ин ҳодисае аҷиб буд. Солҳо мо аз ҳамдигар мешунавем ва чандин солҳост, ки аз ҳунари якдигар махмурем.

Далер Назаров бо духтари Саши Заифӣ
Саши Заифӣ
Далер Назаров бо духтари Саши Заифӣ

 

- Далер Назаров аз нигоҳи шумо чӣ шахсияте аст?

- Далер як бузургие дорад - ӯ инсон аст. Бе ягон муболиға ва ситоиш. Дар ҳамин замону шароит бисёр мушкил аст одами ҳаққониро вохӯрдан. Ва покии ӯ боз дар ин аст, ки ӯ инсони тозаро зуд фарқ мекунад.

2264
Мавзуъ
Ҳимояти Далер Назаров аз вазир: ӯ гуфт худаш чӣ мехоҳаду чиро не
Вазир гуфт, наметавонад ба Президент гӯяд, "Далер Назаров, мардаки хуб аст, мукофот диҳед"
Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"
Аз Фейзов то вакили парлумон: пешниҳодҳо ба Ҳукумат дар арафаи 60-солагии Далер Назаров
Дар Маскав консерти барди тоҷик-Саши Заифӣ баргузор шуд
Хушию хафагиҳои Саши Заифӣ дар Маскав: ҷои тоҷикон Тоҷикистон аст
Консерти барди машҳури Тоҷикистон-Саши Заифӣ дар Маскав