Шабнами Сурайё таджикская певица

Шоу-консерти хайриявии Шабнами Сурайё дар Душанбе - акс

761
(Таҷдидшуда 19:49 26.08.2019)
Шабнами Сурайё, аз ҳамагон даъват кардааст, ки аз ашхоси гирифтори бемории сил дурӣ наҷӯянд

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Шоми 24-уми август, бо ибтикори Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар амфитеатри Аҳорун шоу-консерти хайриявии сафири боздошти сил, овозхони машҳур Шабнам Сурайё баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, қабл аз оғози шоу-консерт ба хотири гиромидошти рӯҳи шахсони аз бемории сил фавтида лаҳзаи хомӯшӣ эълон гардид, ки ҳангоми он тамоми иштирокчиён аз ҷой бархоста, бо лаҳзае сукут аз қурбониёни сил ёд намудаанд.

Шоу-консерти хайриявӣ бо сухани ифтитоҳии Аслидин Раҷабзода, директори МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Мавлуда Бобошозода, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст.

Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова шоу-консерти муштарак баргузор мекунанд

Зимни суханронӣ таъкид гардидааст, ки иқдоми хайрхоҳонаи Шабнами Сурайё саривақтиву қобили дастгирӣ ва намунаи ибрат мебошад.

"Дар давоми шоу-консерти хайриявии “Нест бод сил” худи Сафири боздошти сил, Шабнами Сурайё ҳам аз ҳаводоронаш даъват намуд, ки аз шахсони бемори сил дурӣ наҷӯянд ва то метавонанд ба онҳо кумаки равониву иҷтимоӣ расондаанд", - омадааст дар хабарнома.

Шабнами Сурайё таджикская певица
Шабнами Сурайё таджикская певица

Гурӯҳи рақсии овозадори “Тавоис” аз Ҷумҳурии Узбакистон низ бо рақсҳои ҷолибу ҷаззоб ба шоу-консерт ҳусну таровати дигар бахшидааст.

Шабнам Сурайё суруди "Аз панҷара.."-и Сӯҳроб Сафарзодро бозхонӣ кард

Ҳамзамон, овозхони мардумии Тоҷикистон, бонуи садо Сурайё Қосимова, овозхонони попи тоҷик Фарзонаи Хуршед, Шабнами Собирӣ ва Фаридуни Хуршед низ бо ҳунари худ табъи ҳозиринро болида гардонида, ташаббуси некбинонаи Шабнами Сурайёро ситоиш намуданд.

Дар шоу-консерт намояндагони мақомоти шаҳри Душанбе, Гурӯҳи парлумонии масъули ҳалли масоили сил, Вазорати тандурустӣ, Вазорати фарҳанг,  намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ шахсиятҳои маъруф, аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: Нест бод сил”-и Ассотсиатсияи “Ҳамкории ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”, аз ҷумла қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева, ҳаҷвнигорон, ҳунарманду ровии маъруф устод Нурулло Абдуллоев, рӯзноманигори шинохта Саидабону Раҳимзода ва дигарон ҳузур доштаанд.

Обутоби Примадоннаи тоҷик: аз сахтиҳою фирори падар то “Ленин балодал” ва хайру ошпазӣ

Гуфта мешавад, ки ҳар яке бо ҳунари худ дар хотимаи бемории саҳм гузошта истодаанд. Бону Шабнами Сурайё ҳам яке аз аъзои фаъоли ҳамин даста аст.

761
Барчаспҳо:
Фарзонаи Хуршед, Сурайё Қосим, Шабнами Сурайё, ҳунарнамоӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Овозхон Фаридуни Хуршед

Фаридуни Хуршед аз таваллуди фарзандаш хабар дод - навор

654
Овозхон охирҳои июли соли 2019 бори севум издивоҷ карда буд. Он замон расонаҳо навишатанд, ки тӯйи овозхона хоксорона ва бидуни иштироки овозхонҳои машҳур баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Фаридуни Хуршед, овозхони попи тоҷик хабар додааст, ки ӯ боз падар шуд.

Ӯ дар саҳифаи Инстаграм навишт, ки имрӯз, 22 июл соҳиби писар шуд.

"Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисои азизам дар хурсандии ман шарик бошед", - навиштааст вай.

Дар шабакаи иҷтимоӣ бештар аз 500 нафар зери ин хушхабари овозхон шарҳ навишта, ӯро шодбош гуфтаанд.

Ёдрас мешавем, Фаридуни Хуршед собиқ ҳамсари овозхон Фарзонаи Хуршед соли гузашта баъди ҷудо шудан аз ӯ, бори севум издивоҷ карда буд.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.

Фаридуни Хуршед аз издивоҷи дувумаш соҳиби як писар ва як духтар аст.

654
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

262
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

262
Девушка в наручниках, архивное фото

Ҳашт ҳазор доллар деҳ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мекунам: боздошти устоди Донишгоҳи Хуҷанд

0
(Таҷдидшуда 12:28 10.08.2020)
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон Негматова Мунира омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ,  Негматова Мунира Мухамедовна ба чунин амал ҳангоми дар вазифаи омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор карда истоданаш даст задааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани хешаш-шаҳрванд “Б”  бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ маблағи 8000 доллари ИМА талаб намуд.

“Санаи 27 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Негматова М.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 8000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”,- афзудааст манбаъ.

Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

Агентӣ мегӯяд, дар ин асос нисбати Негматова М.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

0