Меҳрнигори Рустам тоҷикони Ню-Йоркро ба консерташ даъват мекунад - акс

© Sputnik / Амир ИсаевМехрнигор Рустам
Мехрнигор Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик рӯзи ҳунарнамоияш дар Ню-Йоркро эълом кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Овозхони номдори тоҷик Меҳрнигори Рустам, ки айни замон дар ИМА қарор дорад, рӯз ва вақти баргузории консерташро эълом карда, ҳаводоронашро ба консерт даъват кардааст.

"Ҳамаи шуморо дар консерти худ рӯзи 8 сентябр соати 18:00 дар толори Emir Palace 4210 18 avenue Brooklyn NY интизор ҳастам", - навиштааст Меҳрнигор дар саҳифааш дар Instagram ва афзудааст, ки то консерт рӯзҳои ба шумор мондааст.

Публикация от Mehrnigormusic/Singer,Composer (@mehrnigormusic)

Меҳрнигори Рустам бо Доналд Трамп "салом" накард - видео

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Do you like my hairstyle 😍?

Публикация от Mehrnigormusic/Singer,Composer (@mehrnigormusic)

 

Ахиран Меҳрнигори Рустам намоҳанги ҷадиди худро зери унвони “Дили ошиқ” пешниҳоди мухлисон карда буд. Намоҳангро, ки Меҳрнигор дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардааст, аз ҷониби коргардон Лидия Андре таҳия шудааст.

Меҳрнигори Рустам ба ИМА рафт – видео

Муаллифи оҳанг худи Меҳрнигор ва матни суруд маҳсули эҷоди Орзу Исоев, рӯзноманигор ва шоири шинохтаи Тоҷикистон мебошад.

 

Дар намоҳанг Меҳрнигори Рустам бо либосҳои гуногун дар мавзеъҳои гуногун, аз ҷумла бо либоси сарӣ болои капоти мошини гаронарзиш ҳунарнамоӣ ва рақс мекунад.

Лентаи хабарҳо
0