Далер Назаров, архивное фото

Далер Назаров мехоҳад дар Хоруғ мактаби мусиқӣ бисозад

818
(Таҷдидшуда 18:30 27.08.2019)
Маэстро Далер Назаров ҳадаф дорад дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мактаби мусиқӣ созмон диҳад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Далер Назаров ба раиси ВМКБ Ёдгор Файзов пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Хоруғ як мактаби мусиқӣ сохта шавад.

Дар ин бора сухангӯи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, пешниҳоди Далер Назаров аз ҷониби раиси вилоят Ёдгор Файзов хуш пазируфта шудааст.

"Ёдгор Файзов гуфт, беҳтарин пешниҳод аст ва агар ягон маблағи иловагӣ дарёфт шавад, албатта шуморо дастгирӣ мекунем", - гуфт Ниякбеков аз қавли раиси вилоят.

Мулоқоти Далер Назар бо Файзов: аз таърифи раис то мақсади маэстро аз сафар ба ВМКБ

Мулоқоти Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо Далер Назар, овозхони шинохтаи Тоҷикистон
дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ВМКБ
Мулоқоти Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо Далер Назар, овозхони шинохтаи Тоҷикистон

Ёдгор Файзов рӯзи 22 август бо Далер Назар мулоқот карда, дар мавриди бахши фарҳангу овозхонӣ табодули афкор намуданд.

Далер Назаров гуфт, овозхонони ҷавони Бадахшон имрӯз хеле машҳур шуда истодаанд.

"Мо мақсад дорем, ки овозхонони ҷавони вилоятро дастгирӣ намоем. Мақсади омадани ман ба зодгоҳам Бадахшон ин аст, ки бештар бо дунёи овозхонони ҷавони вилоят, шароити кории онҳо шинос шавам”, - изҳор дошт Далер Назар.

Ӯ афзуд, ки овозхонони ҷавони вилоят маҳорати хуб доранд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар низ иштирок карда истодаанд.

“Ман боварии комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баҳри ба даст овардани манфиатҳои натиҷабахш дар соҳаи фарҳанги вилоят ба мо кумаки худро дареғ намедорад”, - изҳори умедворӣ кард Далер Назаров.

Ҳамчунин Далер Назаров дар ин сафари худ меҳмони барди машҳур Саши Заифӣ шуда буд.

Вале ба гуфти Саши Заифӣ дар ин дидор ҳунармандон аз мусиқӣ суҳбат накарданд, чун ин вохӯрии ду бародарро мемонд, ки солҳо аз ҳунари ҳамдигар бохабар ва мухмуранд.

"Ман аз он бисёр шод шудам, ки Далер ҳамон рӯз аз Душанбе ба Бадахшон омаду пагоҳаш ба хонаи ман омад. Чун дар хона на ман ва на ӯ маҳоратамонро эҳсос намекардем. Мо дар бораи касбу ҳунар суҳбат накардем. Ӯ чун бародар ба дидори ман омад ва ман чун бародар барояш чой фаровардам. Ҳаминаш дар воқеъ ширин буд", - гуфт Саши Заифӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

818
Барчаспҳо:
ВМКБ, мактаб, Далер Назаров
Мавзуъ
"Роҳ" - и занони зиндонӣ, бо оҳанги Далер Назаров: дар Тоҷикистон филми нав ба навор гирифтанд
Аз Фейзов то вакили парлумон: пешниҳодҳо ба Ҳукумат дар арафаи 60-солагии Далер Назаров
Ҳимояти Далер Назаров аз вазир: ӯ гуфт худаш чӣ мехоҳаду чиро не
Саши Заифӣ дар бораи дидор бо Далер Назаров: "вақте ба оғӯшаш гирифтам озодиро эҳсос кардам"