Марат Орипов в роли Авиценны. 1956 год. Репродукция

Марат Орипов 84 сола шуд

173
(Таҷдидшуда 20:13 27.08.2019)
Агар умр вафо мекард ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Марат Орипов имрӯз 84 сола мешуд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Марат Орипов ҳунарманди номдори синамои тоҷик имрӯз зодрӯз дорад.

Коргардони машҳури тоҷик, дӯст ва ҳампешаи Марат Орипов Бақо Содиқ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Марат Ориповро Жан Маре ва ё Жарар Филипи тоҷик унвон карда буд.

Режиссер Марат Орипов. Снимок в фотоальбоме
© Sputnik
Режиссер Марат Орипов. Снимок в фотоальбоме

Аммо ба гуфти ӯ, на ҳамеша коргардонҳо ба Орипов нақшҳоеро пешниҳод карда метавонистанд, ки “дар сатҳи ӯ буданд”.

Ба гуфти Бақо Содиқ "Марат Орипов –  яке аз чеҳраҳои намоёни синамо ва санъати тоҷик буд. Аммо мутаассифона, ба ӯ баъзан нақшҳоеро ҳам пешниҳод мекарданд, ки дар сатҳи ӯ набуданд. Он вақтҳо дар “Тоҷикфилм”  бо талаби замон филмҳои заифро низ ба навор мегирифтанд. Онҳо анъанавӣ ва такрорӣ буданд. Ба ӯ ҳам (Марат Орипов -идора) нақшҳоеро медоданд, ки дар сатҳи вай набуданд”,  - мегӯяд Бақо Содиқ.

Аз дӯстӣ ва касбияти ҳунарманд ёдоварӣ шуда, Бақо Содиқ мегӯяд Марат метавонист аз ӯҳдаи иҷрои ҳама гуна нақш барояд.

"Ман бо Марат дӯстӣ доштам. Хуб дар ёд дорам, ки Ёжи Кавалерович (коргардони чех-шарҳ аз идора) мехост филми “Фиръавн”-ро ба навор гирад ва  барои нақши Фиръавн Марат Ориповро даъват карда буд.  Ин нақш дар  сатҳи Марат буд. Ӯ метавонист, нақши Фиръавнро хело зебо офарад”, - ба ёд меорад Бақо Содиқ.

Ёдрас мешавем, Марат Орипов ҳунарманд ва коргардони  номии тоҷик 29 октябри соли 2018 дар синни 83-солагӣ дар Душанбе вафот кард.

Марат Орипов 27 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе (он вақт Сталинобод) ба дунё омадааст. Марат фарзанди ҳунарманди мардумии тоҷик Тӯҳфа Фозилова аст.

Ҳунарманд солҳои 1954 – 1960 дар факултаи актёрии Институти театри бадеии Ташканд таҳсил карда, соли 1965 факултаи режисёрии Институти кинематографии давлатии Русияро хатм намудааст.

Орипов дар бештар аз 20 филм нақш бозидааст. Соли 1960 ба Марат Орипов барои нақши Рӯдакӣ дар филми “Ҳаёти шоир” мукофоти ҷашнвораи Қоир ва ҷашнвоари Иттиҳодияи Шӯравиро дар Минск созовор донистанд.

Ҳунарманд охирин нақшашро соли 2014 дар филми “Муаллим” офарид. Барои ин нақш ба Марат Орипов мукофоти 33-умин кинофестивали байналмилалии “Фаҷр” дар Теҳронро доданд.

Марат Орипов в фильме Муаллим. Кадр из трейлера фильма
© Sputnik
Марат Орипов в фильме "Муаллим". Кадр из трейлера фильма

Афзун бар ҳама, Марат Орипов чун режиёр шаш филм офаридааст.

173
Барчаспҳо:
Умар Хайём, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Синамо, Марат Орифов, Тоҷикистон