В Душанбе прошел концерт в честь Дня молодёжи

Нашри суруд ва намоҳанги нави Мадина Ақназарова - видео

3717
(Таҷдидшуда 18:25 08.09.2019)
Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавони тоҷик суруд ва намоҳанги ҷадидашро нашр кард

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Овозхони ҷавони тоҷик Мадина Ақназарова суруд ва намоҳанги нави худро таҳти унвони "Ёри ман" дар шабакаи Youtube нашр кард.

Дар ин бора Мадина Ақназарова дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.

Намоҳанги "Ёри ман" дар табиати зебои Тоҷикистон ба навор гирифта шуда, рӯзи 6 сентябр дар саҳфаи овозхон дар Ютуб нашр шудааст.

Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ба Мадина Ақназарова ва Зафар Абдуалимов

То имрӯз ин намоҳангро беш аз 4 ҳазор кас тамошо кардааст. Бо суруди "Ёри ман" Мадина Ақназарова аз бевафоии ёри худ шикоят кардааст.

Мадина Ақназарова то кунун чандин сурудҳои фаромӯшшудаи пешинро сароида дубора зинда кардааст. Сурудҳои "Сабзинаранг" ва "Бирақсем" аз қабили онҳо мебошанд.

Офарин ба таҳаммулпазирии мардуми рус: суҳбати Сино, овозхони тоҷики муқими Русия

Ёдрас мешавем, ки Мадина Ақназарова намоҳанги нахустини худро зери унвони "Ай ёр ёр" соли 2017 пешкаши мухлисон карда буд.

3717
Барчаспҳо:
нашр, суруд, намоҳанг, Душанбе, Тоҷикистон