Иконка социальной сети Instagram, архивное фото

Рақси Парвина Шукруллоева бо писараш дар тӯй - видео

1751
(Таҷдидшуда 19:20 06.10.2019)
Парвина Шукруллоева - овозхони машҳури тоҷик, ки даҳсолаҳост аз саҳна дур аст, ҳамроҳи писараш Табриз дар маросими тӯй рақс кардааст

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сарояндаи машҳури тоҷик Парвина Шукруллоева ахиран дар саҳифааш дар Instagram навори рақсашро ҳамроҳи писараш нашр кардааст.

Аз навор дида мешавад, ки Парвина Шукруллоева дар яке аз маросимҳои тӯйи хонаводагӣ қарор дорад ва таҳти навои овозхони тоҷик Валиҷон Азизов рақс мекунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Будьте счастливы мои любимые 💞

Публикация от Следуй За Своей Мечтой ✨ (@parvina_shukurullaeva)

"Валиҷон ба Шумо сипоси бепоён. Ҷашни моро ранги дигар бахшидед", - навиштааст Парвина.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

👑🎩

Публикация от Следуй За Своей Мечтой ✨ (@parvina_shukurullaeva)

Парвина Шукруллоева сарояндаи саршиноси тоҷик, ки солҳост аз саҳнаи санъат дур аст, пеш бо сароидани сурудҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ миёни мардуми Тоҷикистон шуҳрат дошт. 

Яке аз сурудҳои машҳури охиринаш "Кӯлоби ман" буд, ки дар ҳамовозӣ бо ситораи санъати тоҷик Шабнами Сурайё иҷро шуда буд.

1751