Певица Manizha во время выступления

Манижа Сангин барои сабти намоҳанги нав ба Тоҷикистон меравад

168
(Таҷдидшуда 20:18 22.10.2019)
Манижа Сангин сарояндаи тоҷики машҳури Русия аз сафари қарибулвуқӯъи худ ба Тоҷикистон хабар дод. Ӯ намоҳанги навашро дар Тоҷикистон сабт хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Манижа Сангин - овозхони муқими Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи сафараш ба Тоҷикистон гуфт.

Ӯ гуфт, ба наздикӣ суруди ҷадидеро, нашр хоҳад кард, ки низ дар мавзӯъи мансубияти миллӣ хоҳад буд. Ва барои ба навор гирифтани намоҳанг ба ин суруд, Манижа ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

"Аз паси хабарҳо бошед. Ба наздикӣ қисми дуюми сурудам, ки низ мавзӯъи мансубияти миллиро дар бар мегирад, нашр мешавад ва овозаҳо ҳаст, ки ман барои ба навор гирифтани намоҳанг ба Тоҷикистон меравам", - гуфт Манижа Сангин.

Манижа номи суруди нави худро ифшо накард, вале гуфт, ки дар охири намоҳанги наваш ба суруди "Сейчас дважды не случится" (Ин лаҳза дубора намеояд), ки рӯзи 21 октябр нашр шуд, ба мавзӯъи суруди нав ишора шудааст.

Манижа Сангин: "ман миёни Тоҷикистон ва Русия мондаам"

Манижа Сангин - овозхони тоҷиктабори муқими Русия, рӯзи 21 октябр суруд ва намоҳанги нави худр таҳти унвони "Сейчас дважды не случится" (Ин лаҳза дубора намеояд), пешкаши мухлисон кард.

Қолабшикании Манижа бо намоҳанги нав: аз чакану чилкокул то ишқи ҷавони рус - видео

Ин бор Манижа дар образи духтари тоҷик намудор шуда, дар тан пироҳани чакан ва дар сар рӯймол бо чил кокули бофта, аз ишқи миёни духтари осиёимиёнагӣ ва ҷавони рус нақл мекунад.

Намоҳанг дар шакли филмҳои Даврони Шӯравӣ ба навор гирифта шудааст.

Нақши асосиро дар намоҳанг худи Манижа Сангин бозидааст. Бо ин суруд ва клипи худ Манижа қолабшиканӣ карда, мехоҳад ба мардум бирасонад, ки ҳар лаҳзаи ҳаёт такрорнашаванда ҳаст ва ишқу муҳаббат марзу сарҳадро намепазирад.

168
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, Манижа Сангин