Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми додани мукофот ба соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов

Марде, ки Раҳмон ҳама ҷо таърифаш мекунад: аз ятимӣ то хайри миллионҳои Бобоҷонов - видео

4608
(Таҷдидшуда 16:43 15.11.2019)
Бобои Муҳиб, ки худ ятим ба воя расидааст, ҳадаф дорад "як танга"-и ёфтаашро барои қишри ниёзманди ҷомеа сарф кунад. Ахиран ӯ бо фарзандонаш барои се хонаводаи камбизоат манзилҳои истиқоматӣ туҳфа кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи Президент аз ҳисоби маблағгузории соҳибкори саховатпеша Муҳиб Бобоҷонов дар ноҳияи Рашт барои ду хонаводаи дорои фарзандони маъюб ва як оилаи камбизоат хонаҳои истиқоматӣ сохта ва туҳфа шуданд.

Хонаҳои мазкур барои осон гардидани шароити зиндагии маъюбон сохта шуда, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии зиндагӣ таъмин мебошанд.

Сокини ноҳия Моҳрухсор Бедимоғов гуфт, ки "ман як духтари 13- солаи маъюб дорам, ки ба нигоҳубини ҳамешагӣ эҳтиёҷ дорад. Аз сабаби надоштани шароити зиндагӣ дар кӯҳистон ба мушкилии зиёд гирифтор будем. Хушбахтона, бобои Муҳиб ҳамроҳи фарзандонаш дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои духтари маъюби ман хонаи замонавӣ сохта, дар арафаи Рӯзи Президент ба мо ҳадя намуд”.

Муҳиб Бобоҷонов ба хабарнигори АМИТ "Ховар" гуфтааст, ки "мо вазифадорем Рӯзи Президентро бо меҳнати фидокорона  ба Ватани маҳбубамон, худшиносии баланди миллӣ ва самимияту  эҳтироми хосса  пешвоз гирифта, ба он арч гузорем. Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва  маҳбубияти  хосса  мебошад".

Таъмири роҳҳо

Оилаи Муҳиб Бобоҷоновро дар минтақаи Рашт ва ҷумҳурӣ бо саховатмандию бунёдкорӣ мешиносанд. Чун бобои Муҳиб ҳамроҳи фарзандонаш, барои созандагию бунёдкорӣ дар ватани хеш маблағҳои калон сарф менамоянд.

Муҳиб ҳамроҳи писаронаш  то имрӯз 6  километр роҳи нави деҳаи Даҳанаро ба маблағи 6 миллион сомонӣ, роҳи нави ҷамоати шаҳраки Навободу деҳаи Поҷеро ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, роҳи байни Навободу Ғармро дар масофаи 10 километр ба маблағи 6 миллион сомонӣ, роҳҳои маҳаллии даруни ҷамоати шаҳраки Навобод дар масофаи 5 километр ба маблағи 3 миллион сомонӣ, 8 километр роҳҳои маҳалли Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода бо маблағи 3 миллион сомонӣ, 10 километр роҳи байналмилалӣ дар ҳудуди ноҳияи Нурободро ба маблағи 6 миллион сомонӣ асфалтпӯш намудаанд.

Хати барқ, пул ва хати оби нӯшокӣ

Ҳамчунин  бобои Муҳиб ҳамроҳи фарзандонаш барои кишидани хати баландшиддати барқ дар масофаи 3,5 км бо шинонидани 2 трансформатори нав ба маблағи 18 ҳазор доллар, кандани 4 адад чоҳҳои амудӣ аз ҷуқурии 90 метрӣ, бунёди канал дар масофаи 3 километр ва сохтмони муҳофизатии сарбанди он дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, сохтмони пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ, пули мошингузари деҳаи Камароби калон бо дарозии 14 метр ба маблағи 15 ҳазор доллар, хати оби нӯшокӣ тавассути қубури 50 дар масофаи 10 километр бо маблағи 35 ҳазор доллар маблағгузорӣ кардааст.

Дар баробари ин Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш таъмири пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Баҳодуробод бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди 2 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ, таъмиру сангфарш намудани роҳҳои байни Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат ба маблағи 106 ҳазор доллар, бунёди дарвоза дар сарҳади ноҳия ба маблағи 100 ҳазор доллар, сангфарш намудани 12 километр роҳҳои маҳали Ҷамоати деҳоти Оби меҳнати ноҳия ва соҳилбандии деҳаи Поҷеи поён дар масофаи 1 километр ба маблағи 600 ҳазор сомонӣба анҷом расондаанд.

Зиёда аз ин, саховатманди 80-сола, сохтмони толори варзишӣ иборат аз ду ошёна бо таъмини таҷҳизоти варзишии замонавӣ ба маблағи 120 ҳазор доллар, таъмини болопӯши бинои хона-интернати шаҳри Ҳисор ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, 600 ҷуфт пойафзол ва ҷӯроб ба беморхонаи рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ ва 30 ҷуфт болопӯши беморон ба беморхонаи рӯҳии шаҳраки навободи Рашт ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ аз ҷумлаи кумак аз ободкориҳое мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш кардааст.

Аз суҳбат дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон то ёдоварӣ аз ятимӣ ва иқдоми нав

Зимни мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон, Муҳиб Бобоҷонови 80-сола, гуфт ният дорад дар оянда як корхонаи бузурги бофандагӣ нассоҷӣ ва ресандагӣ ташкил диҳад ва аз раисиҷумҳур хоҳиш кард, ки барои амалӣ шудани ин нияташ расидагӣ кунад.

Ӯ дар бораи корҳои ободонияш ба Президент гузориш дода аз солҳои кӯдакии худ ёдоварӣ кард ва гуфт, барои кадом хислатҳо раисиҷумҳурро дӯст медорад.

"Ман шуморо барои он дӯст медорам, кӣ шумо ҳар куҷое наравед аввал аз аҳволи ятимон хабар мегиред. Ман худам ятим ба воя расидаам ва як майкае, ки раиси ҷамоат дар даҳсолагиям ба ман ва бародарам ҳадя карда буд, то кунан дар ёдам ҳаст. Ман ҳар тангае, ки меёбам барои ятимон сарф мекунам", - гуфт бобои Муҳиб дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур дар навбати худ аз обобкориҳои Бобоҷонов ва фарзандонаш истиқбол карда гуфт: "дар ҳама ҷо аз саховатпешагии Муҳиб ситоиш мекунад".

Бобои Муҳиб афзуд, ки пас аз сарфароз гардидан ба медали "Хизмати шоиста" (аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон - шарҳ аз идора) худро ҷавонтар эҳсос мекунад ва барои ободониҳои бештар қувваи тоза дорад.

4608
Барчаспҳо:
хона, "бобо"