Фестиваль Хушхоли-2019 в Москве в честь 83-летия Его Высочества Ага-хана 4-го

Мавлуди Оқохони IV бо ҳузури 7 ҳазор мурид дар Маскав: дидаю шунидаҳо дар ҷашни бузург

6437
(Таҷдидшуда 17:27 24.12.2019)
Дар Маскав 83-юмин солгарди зодрӯзи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат Оқохони IV дар формати нав, бошукӯҳ бо ширкати 7000 кас таҷлил шуд. Дар назди тоҷикони Маскав беҳтарин ҳунармандони санъати тоҷик ба таври ихтиёрӣ ҳунарнамоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik, Нилуфар Некқадам. "Рӯзи мавлуд" ё 83-юмин солгарди зодрӯзи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ дар Маскав бо таъхир, вале бошукӯҳ ва дар формати ҷадид таҷлил шуд. 

Ба гуфти баргузоркунандагони барнома, чун на ҳар толор барои дар шакли нав яъне -Open Space - муҳити озод, баргузор кардани ҷашнвора ҷур буд, таҷлили Рӯзи мавлуд аз 13 (рӯзи зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ), ба 22 декабр ба таъхир гузошта шуд.

Касе роҳ гум накард

Аз дари баромади метрои Волгоградский проспект аллакай маълум буд, ки созмони "Нур" ба ҷашнвора омодагии ҷиддӣ дидааст. Баробари аз метро баромадан роҳнамое бо навиштаҷоти Ҷашнвораи фарҳангии "Хушҳолӣ-2019" гузошта шуда буду то дари толори “Main Stage” мардумро роҳнамоӣ мекард.

Аз дари даромад ба арена, фазои ҷашни бузург, меҳмоннавозии тоҷикона ва фарҳангпарварии мардуми тоҷик эҳсос мешуд. Ризокорон дар тан пироҳанҳои сафед ва дар сар тоқиҳои сабзу сурх мардумро хушомадед гуфта "Хушҳолӣ муборак", - гуён ба дохили толор ва макони асосии баргузории ҷашнвора, даъват мекарданд.

Дар байни толори бузургу барҳаво саҳна гузошта шуда буд, ки дар он ҳунармандон бо дафу доира меҳмононро пешвоз мегирифтанд. Барои таҷлили "Рӯзи мавлуд" мардум бо аҳли хонавода, ёру дӯстон ва ҳамсинфону ҳамкорон-бештар бо пироҳанҳои атласу адрас, омада буданд.

"Барои баргузор кардани ин ҷашнвора аз моҳи август ин ҷо омодагӣ мебинем. Қисми консертро пурра Нобовар Чиноров омода кард. Чун омодагиро барвақт оғоз карда будем, мушкил набуд. Дар ҷашнвораи "Хушҳолӣ - 2019" 4000 бузургсолон ва 2700 кӯдакон ширкат карданд. Барои баргузор кардани ин ҷашнвора, беш аз 4 миллион рубли русӣ сарф шуд. Ҳадафи аслии созмони "Нур" аз баргузории чунин ҷашнвора ҷамъ кардани ҳарчӣ бештари ҳамватанон дар як ҷо, огоҳ кардан аз фаъолияти Кумитаҳои созмон, ки дар воқеъ метавонанд ба мушкили мардум, дар соҳаҳои мухталиф оғоз аз маорифу то тандурустию иҷтимоӣ, расидагӣ кунанд", - гуфт Карамшо Мамаднасимов, раиси созмони "Нур" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 милюн кас пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд.

Яке аз бузургтарин ҷамоъатҳои исмоилиён дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Мувофиқи омор феълан дар шаҳри Маскав ва вилоятҳои наздики он тақрибан 40-50 ҳазор исмоилӣ ба сар мебарад.

Намоиши аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, ғизои миллӣ ва кокулбофӣ

Агар барои насли бузург ҷашнвораҳои миллӣ фурсате барои ёд кардан аз ватан ва пайвастан бо асли хеш бошад, барои насли дуюм ва кӯдаконе, ки дар Русия бузург мешаванд, макони ошноӣ бо фарҳангу урфу одоти миллӣ мебошад. Чун ҷашнвора дар шакли нав - фазои озод баргузор шуд ҳар касе метавонист мувофиқи табъи дил аз намоиши кумитаҳо шуғле пайдо кунад.

Намоишгоҳ аз аксҳои овони кӯдакӣ, ҷавонӣ ва хонаводагии Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ оғоз шуд. Ҳар як тамошобин ба завқи баланд ба аксҳо менигарист. 

Дар созмони ҷамъиятии "Нур" 11 кумита кору фаъолият мекунанд, ки дар ҷашнвора ҳар яке бо стенди намоишии худ хизмати худро ба муҳоҷирони тоҷик пешкаш карданд. Дирӯз фурсати хубе барои ошноӣ бо кори кумитаҳо фароҳам шуд. Масалан, намояндагони Кумитаи маориф мардумро бо тарҳҳои донишомӯзӣ ошно мекарданд ва ба онҳо торномаҳои ройгони забономӯзиро намоиш медоданд.

Кумитаи рушди иқтисод ба муҳоҷирон маслиҳат медод, чӣ гуна метавон корфармо шуд ва бо кадом роҳ мешавад, пасандози худро нигоҳ дошту онро бештар намуд. Кумитаи тандурустӣ шикояти мардумро аз вазъи саломатӣ мешунид ва маслиҳат медоду ба тарзи ҳаёти солим ташвиқ мекард.

Кумитаи ҷавонон ва варзиш дастоварҳои беҳисоби худ аз ҷумла "Ҷоми Нур"-ро ба намоиш гузошта буду, ҷавононро ба машқи бадан ва тамрин даъват мекард. Кумтаи рушди иҷтимоӣ ба муҳоҷирони оиладор маслиҳат медод, то буҷаи оилавиро сарфакорона ва бо ҳадаф сарф кунанд.

Кумитаи фарҳанг дар макони бузургтаре ороста шуда буд. Ин ҷо оғоз аз намоиши либосҳои миллӣ, то ҳинобандию кокулбофӣ ва рақсу суруд бо овози зинда, диққати бештарини мардумро ба худ ҷалб карда буд.

"Ман имрӯз ҳамроҳи духтаронам ба ҷашнвора омадам. Дастонашонро бо ҳино оро додем, бубинед чӣ гуна онҳо шоданд, ин шодии ман аст", - гуфт Гулсара модари ду фарзанд, ки солҳост дар Маскав ба сар мебарад.

Барои кӯдакон ҳамчунин макони вижае бо бозичаҳои зиёд ва ширинкорону масхарабозон омода шуда буд, ки падару модарон аз шодии кӯдаконашон дучанд хурсанд шуданд.

"Барои ман хизмат ба халқ ва ба вижа бо кӯдакон будан, ки беғашу кинанд бисёр хуш аст. Имрӯз назди мо модарони зиёде бо кӯдаконашон омаданд, ки хеле розӣ шуданд", - гуфт Шамсия Ҳукуматшоева, донишҷӯи бахши магистратураи Донишгоҳи педагогии Маскав ва ихтиёрии созмони "Нур".

Дар саҳна ба зону

Қисмати дуюми ҷашнвора аз шоу барномаи консертӣ иборат буд. Барои таҷлили "Рӯзи Мавлуд" ситораҳои санъати Тоҷикистон-Хайём Хайёлбеков, Соҳиба Давлатшоева, Гурӯҳи "ШАМС", Фирӯз Паллаев, Ақназар Аловатов, Замири Тиллозод, Парвиноз Ақназарова ва Таманнои Шакармамад омаданд.

"Мо барои омода кардани ин барнома чанд моҳ боз бо ҳам дар Душанбе тамрин мекардем. Бароямон ҳунарнамоӣ дар чунин рӯзи хуш, ифтихор аст. Мо ҳунармандонро аз ҳар ноҳияи ВМКБ ҷамъ кардем то фарҳанги мардуми Бадахшонро ба пуррагӣ намоиш бидиҳем", - гуфт раҳбари барномаи консертӣ Нобовар Чиноров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Барномаи консертӣ аз мадҳия (сурудҳо дар ситоиши Худо ва пайғамбар (с)), фалак ва сурудҳои эстрадӣ иборат буд.

Дар аввал ҳамаи овозхонон якҷо ба саҳна баромада суруди муштаракеро иҷро карданд, ки бо таблнавозию дафзанӣ ҷур мешуд.

Соҳиба Давлатшоева дар даст доираи бузург рӯи саҳна ҳатто ба зону зада, чанд маротиба табл навохт. Тамошобинон аз ҳунарнамоии ситораҳо ба ваҷд омада буданд ва ҳама кӯшиш мекард зудтар дар саҳифаҳои иҷтимоии худ бо дӯстону пайвандон аз ин рухдоди муҳими фарҳангӣ хабар бидиҳад.

"Ин сафари нахустини ман ба Маскав нест, вале ҳар боре, ки ман бо ҳамватанон дидор мекунам онҳоро дар руҳияи баланд дармеёбам. Ҷашнвораи имрӯз бисёр дар сатҳи баланд доир шуд, мардум бисёр бофарҳанг. Ман аз баргузоркунандагони ҷашнвора изҳори сипос мекунам",- гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева.

Ақназар Аловатов, Фирӯз Паллаев ва Замири Тиллозод бо овози марғуладор ва мусиқиҳои зебо мардумро мафтун карданд. Кӯдакон лаҳзае ҳам дар ҷойҳои худ наменишастанду танҳо покӯбӣ мекарданд.

Вале, ҳунарнамоии гурӯҳи "Шамс" бо сурудҳои дӯстдоштаи пешин ва нав аз қабили "Ноз кун", "Бақра ба қу ҳамезанам", "Духтари тоҷик", "Моҷон азти та ширчой наринесум" (Модар ман ширчоятонро фаромӯш намекунам), ҳатто бузургсолонро низ ба дастҷунбонӣ водор кард. Фазои толор гарм шуд ва ҷашнвора ба як базми бузурги хонаводагӣ табдил ёфт. Мардум гурӯҳ - гурӯҳ ҳар ҷой рақс мекард ва дар воқеъ хушҳолӣ менамуд.

"Ман дер боз чунин аз дилу ҷон нарақсида будам. Сипос ба сарояндагон ба ҳамаи баргузоркунандагон. Дар воқеъ хушҳол шудем", - гуфт Рамзӣ, ки чаҳор сол боз дар Маскав кору фаъолият мекунад.

Хизмати ифтихорӣ дар мазҳаби исмоилия

Барномаи "Хушҳолӣ - 2019" пурра аз ҷониби ихтиёриён омода шудааст. Ба гуфти раиси созмони "Нур" Карамшо Мамаднасимов дар баргузории ин барномаи бошукӯҳ беш аз 900 ихтиёрӣ фаъолият кард.

"Ман ба ҳамаи ихтиёриён сипоси бепоёни худро иброз медорам. Дар воқеъ барои баргузории ин ҷашнвора мо чандин моҳҳо заҳмат кашидем ва инак маҳсули онро шумо имрӯз мушоҳида кардед. Ҳатто сарояндагоне, ки аз шаҳри Душанбе даъват шуда буданд вақти худ ва ҳунари худро ихтиёран тақдими "Рӯзи мавлуд" карданд. Биёед имрӯз шодӣ кунем, чун хушҳолӣ ба хотири "Рӯзи мавлуд" худ баракат аст", - гуфт, Карамшо Мамаднасимов.

"Хизмати ифтихорӣ аз рукнҳои асосии мазҳаби исмоилия ба шумор меравад. Ҳатто пир шоҳ Носири Хусрав дар асри 10 аз хизмати ифтихорӣ ба кулли башарият гуфта буд. Мо низ бояд хизмати ифтихорӣ ба кулли инсониятро пеша кунем ва барои давлате, ки ба мо шароити кору зиндагӣ додааст, меҳнат намоем", - гуфт намояндаи созмонҳои ҷамоатии Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав, Олим Ширинбек ва ҳозиринро ба хизмати ифтихории бештар ба халқ даъват кард.

6437
Барчаспҳо:
Рӯзи мавлуд, Оқохони IV, Маскав, Соҳиба Давлатшоева
Награждение, архивное фото

Қадрдонии шоири тоҷик бо нишони "Наследие"

514
(Таҷдидшуда 16:52 23.11.2020)
Шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Наследие" сазовор гардид

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Шоир ва сармуҳаррири барномаҳои ахбори телевизиони "Тоҷикистон", Карим Ҳайдарро бо ситораи "Наследие" - 2020 қадрдонӣ мекунанд.

Қарори мукофотонидани шоири тоҷик дар Иттифоқи нависандагони Русия қабул гардид.

Ба гуфти шоир, ин мукофот дар маросими ҷоизасупории "Наследие" ба ӯ дода мешавад. Ин маросим баҳори соли 2021 бо ширкати фаъоли ҷамъиятӣ Мария Романова баргузор мешавад.

Қайд мекунем, ки ин дуввумин ҷоизаи шоир дар соли 2020 мебошад. Пештар шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Сергей Есенин" сазовор гардид.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Шарҳи ҳоли Карим Ҳайдар

Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар Истаравшан дар оилаи рӯзноманигор Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.

Шоир узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рӯзноманигорон ва аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.

Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, аз соли 2006 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" фаъолият мебарад.

Карим Ҳайдар муаллифи маҷмааҳои шеърии "Садои аҷдодон" ("Голоса предков"), "Қиссаи Ҳисор", ҳикояву очеркҳо мебошад, ки бештарагон дар маҷмааҳои кишварҳои ИДМ мунташир шудаанд.

Ӯ суруди миллии Тоҷикистонро ба забони русӣ тарҷума кардааст ва муаллифи филмҳои мустанади Роберт Рождественский", "Тимур Зулфиқоров", "Михаил Синелников - шоир ва тарҷумон" мебошад.

Гулчине аз ҳаёту эҷодиёти устод Гулназар Келдӣ-тасвирбаён

Афзун бар ин, Карим Ҳайдар барои  Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гимн навиштааст.

Бо медалҳои "Хизмати шоиста" ва  МГТРК "Мир" мукофотонида шудааст. Карим Ҳайдар соли 2018 ордени дараҷаи якуми "Достаевский"-и Русияро гирифта буд.

514
Барчаспҳо:
нишон, медал, шоир, Карим Ҳайдаров
Сцена из спектакля «Тартюф» (реж. Б. Миралибеков) Государственного таджикского русского драматического театра имени Вл. Маяковского. Фестиваль русских театров в Москве

Чӣ гуна ҳунармандони Душанбе тамошобинони Маскавро тасхир карданд

351
(Таҷдидшуда 11:50 21.11.2020)
Театри русизабони Тоҷикистон тавонист дар даврони ҳамагирии коронавирус тамошобинони Маскавро бо саҳнаҳои классикӣ шод кунад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Сафари ҳунарӣ дар шароити пандемия мушкил аст - марзҳо баста ё замони убури сарҳад риояи карантин ҳатмӣ мешавад.

Дар пасманзари баста будани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия сафари ҳунарии хориҷ чанд маротиба лағв мешуд, вале дар охир кормандони театри ба номи В. Маяковский тавонистанд ба Русия бирасанд.

"Мо то охир умед доштем, ки метавонем биёем. Вале рӯзҳои охир вақте гуфтанд, ки дар Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ манъ мешавад, дар воқеъ хавотир шудем. Вале мо тамринро идома медонем ва бо дастгирии ВУХ Русия ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав мо тавонистем сафар кунем", - нақл мекунад, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, директори театри Маяковский Мунира Дадаева.

Вале ҳамагирии коронавирус тағйироти худро ворид кард. Ҳунармандон дар доираи ҷашнвораи "Сафарҳои бузург" бояд дар Ярославл, Киров ва Йошкар-ол ду саҳнаро бозӣ мекарданд. Вале дар ватани театр шаҳри Ярославл ба далели маҳдудияти карантинӣ баргузории барномаҳои фарҳангиро манъ карданд ва сафарро ба Маскав ба саҳнаи театри Еt Cetera ва "Современник", яке аз театрҳои машҳури кишвар гузарониданд.

Албатта бозӣ кардан дар театри Маскав дар шароити нав баргузор шуд - яъне толор бояд танҳо 25 дарсад пур мешуд ва ин навгониҳо ҳунармандонро ҳаяҷонзада кард.

"Албатта ҳар ҳунарманд мехоҳад дар толори пура за тамошобинон ҳунарнамоӣ кунад. Вале маълум аст, ки дар сурати ба саҳна баромадан тамошобинон чӣ гуна ҳунармандро пешвоз мегиранд. Ва моро толор бисёр гарм ва самимӣ пешвоз гирифтанд, - мегӯяд Дадаева. Росташро мегӯям - ҳайрониҳо буданд. Дар саҳнаи театри Лоҳутӣ девораҳо ба таври дигар гузошта шудаанд ва мо маҷбур шудем бархе аз лаҳзаҳои саҳнаро каме дигар ба саҳнаи ин ҷо мутобиқ кунем. Албатта мо ҳаяҷонзада шудем. Ин ку театри "Современник" аст. Хушбахтона ҳамааш хуб гузашт, умедворам ба маскавиҳо низ писанд омад".

Моҳпайкар Ёрова. Акс аз бойгонӣ
© Фото : Из личного архива Мохпайкар Еровой

Саҳна натанҳо ба маскавиҳо балки ба дигар тамошобинон низ, ки ҳунармандони тоҷик намоиш доданд, писанд омад. Ҳам ҳунармандон ва ҳам костюмерҳо аз таҳти дил кӯшиш кардаанд. Пӯшокҳои асри миёнаро чунон моҳирона омода кардаанд, ки рӯҳияи он замонро нишон медиҳад. Нақшҳои асосиро дар намоишнома ҳунармандони машҳури Тоҷикистон - Мустафоев, Ярмолик, Шукурова, Мурзинов, Андамбеков, Дадаева ва Бобоев бозиданд.

"Мардуми Киров моро бисёр гарм истиқбол карданд. Толорҳои пур аз тамошобинон моро барои бозӣ рӯҳбаланд мекарданд, то Тоҷикистонро бо ифтихор муаррифӣ кунем", - гуфт ҳунарманд Мустафоев бо таассуф аз он, ки танҳо ду маротиба саҳна намоиш дода мешавад.

Барои ҳунармандони ҷавон сафар ба Русия нахустин сафари ҳунарӣ буд ва намоишномаи театри ба номи Маяковский аз саҳнаи аслияш каме фарқ мекард.

"Мо "Ҳамлет" ва "Тартюф" - ро ба таври муосир рӯи саҳна гузоштем, махсусан пӯшокҳо ва декоратсияҳо. Ё масалан намошномаи Молер, ки ҳама дидани як персонаж Тартюфро одат кардаанд, вале дар намоишномаи мо ду персонаж нақш офарид. Дар умум зимни ҳунарнамоӣ дар назди тамошобинони Маскав ҳаяҷонзада мешавӣ, чун талаботи мардуми ин ҷо бештар аст. Мо доим ба ҳар намоиши худ хуб омодагӣ мебинем, вале ин ҷо ҳаяҷон бештар аст", - гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон директори театр.

Ба гуфти ӯ ширкат дар фестивали "Болшие гастроли" - (Сафарҳои бузург) дар давраи ҳамагирии коронавирус дар воқеъ як нафаси тоза аст. Коронавирус натанҳо ба кори театр таъсир кард, балки ба барномаи онҳо низ тағйирот ворид намуд. Ҳамин тавр, ин замон дар театр саҳнаҳо барои кӯдакон ба намоиш гузошта намешаванд, чун волидон аз тарси сироят шудан ба коронавирус фарзандонашро дигар ба театр намебаранд.

Вале тарафи хубияш ҳам ҳаст. Ба мавҷи дуюми коронавирус нигоҳ накарда, тамошобинон пас аз чандин моҳи танаффус ташнаи ҳунар шудааанд ва эълонҳоро бодиққат пайгирӣ мекунад.

351
Барчаспҳо:
Маскав, тамошобинон, Театри Маяковский, театр
День 5 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:10 04.12.2020)
Рӯзи панҷуми декабр, рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ буда, дар Тайланд рӯзи падарон ва дар Украина рӯзи кормандони омор мебошад

Рӯзи 5 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1913 Бритониёи Кабир ворид намудани силоҳро ба Ирландия манъ кард.

Соли 1944 дар Олмон заноне, ки синнашон аз 18 боло аст,  ба артиш даъват карда шуданд.

Соли 1949  Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.

Соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ аз кишварҳои аъзояш даъват кард, ки дар бораи мусаллаҳшавӣ ва қувваҳои мусаллаҳи худ маълумот пешниҳод намоянд.

Рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи сарони давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ сафар кард.

День 4 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи "Шифобахш" нашр шуд. Он нашрияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Соли 2008 дар Украина баъди анҷоми мулоқоти хосса Президенти Украина Виктор Юшенко Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонид. 

Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Президенти Украина Виктор Юшенкоро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз намуд.

Соли 2008 дар Украина Шартнома миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Киев ба номи Тарас Шевченко оид ба ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

День 2 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2012 дар шаҳри Ишқобод-пойтахти Туркманистон ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Пас аз анҷоми ҷаласа Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ба имзо расид.

Соли 2013 дар ҷаласаи навбатии сессияи панҷуми Парлумони Точикистон, даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" баррасӣ карда шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазираш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбакистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр

  • Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ.
  • Рӯзи падарон дар Тайланд.
  • Рӯзи кормандони омор дар Украина.

Рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

  • Фозил Абдураҳмонов (1930) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • Азиза Азимова (1915 – 1997) – актрисаи балет, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
  • Мендел Биндер (1919 – 1991) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.
    Хосият Бобоева (1923) – доктори илми таърих, профессор.
  • Холмурод Буйдоқов (1930-2011) – доктори илми педагогӣ, профессор.
  • Хушқадам Давлатқадамов (1924-1995)- арбоби давлатӣ, файласуф.
  • Зафар Абдулло (1976)- публисист.
  • Ботур Қобилов (1931) – навобардори кино ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • Хайриддин Қосимӣ (1954)- нависанда.
  • Озод Меликов (1964)- кинорежиссёр, кинооператор.
  • Файзалӣ Муродов (1936-2010)- доктори илми филологӣ.
  • Муҳаммадалӣ Шамс (1950)- шоир.
  • Сайқал (Самиев Қунғурот) (1939)- шоир.
  • Саодат Саломова (1967)- раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • Барот Содиқов (1929)- актёри театр.
  • Солеҳзода Саодатхоҷа (1950) – нависанда.
  • Мерган Султонов (1922 - 1997) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • Ҳазрат Сабоҳӣ (1948)- санъатшинос (кино).
  • Ҳабибулло Холҷӯраев (1933) – доктори илми таърих, профессор.
  • Мӯсо Ҷумъаев (1927 – 1995) – доктори илми кишоварзӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон