Консерти Мадина Ақназарова дар Маскав

Қисме аз торти Мадина Ақназароваро дар Маскав 1000 сомонӣ нарх карданд - аксҳо

6422
(Таҷдидшуда 16:58 16.02.2020)
Зодрӯзи овозхони ҷавону машҳур, сарояндаи поп ва опера Мадина Ақназароваро дар Маскав 500 кас ҷашн гирифт. Бурдаи торти Мадина Ақназароваро дар Маскав 1000 сомонӣ нарх карданд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Шоми 15 феврал дар тарабхонаи "Асаки" дар Маскав консерти овозхони ҷавону машҳури Тоҷикистон Мадина Ақназарова баргузор шуд.

Дар ин рӯз Мадина Ақназарова ҳамчунин 22-солагиашро таҷлил кард. Ба табрику дастгирии Мадина Ақназрова ёру дӯстон, ҳамватанон ва мухлисонаш бо гулдастаю тӯҳфаҳо ҷамъ омаданд.

Мадина нахуст ба саҳна баромада барои ҳузури ҳар тамошобинон изҳори сипос кард ва мухлисонашро ба рақсидану гузаронидани вақти хуш таклиф намуд.

"Биёед бо ҳам бирақсем ва ин шомро хуш гузаронем", - гуфт Мадина.

Мадина Ақназарова мухлисонашро бо сурудҳои ҷадид ва дӯстдоштаи пешин шод кард. Ӯ сурудҳои "Ай ёр ёр", "Ёри ман", "Шаб", "Ба армон рафтам", "Бирақсем", "Ҷону дилам", "Кори ту пайваста озор аст, гӯӣ нестаст" ва ғайра-ро пешкаши мухлисонаш намуд.

Таҳти суруди "Бирақсем" ва "Ҷону дилам" ҳамаи тамошобинон аз ҷой бархоста консертро бо рақсҳои худ ба як хурсандии хонаводагӣ табдил доданд.  Мадина ҳамчунин суруди тозаи худ "Оре"-ро нахустин бор дар ин консерт иҷро кард, ки аз ҷониби ҳамагон бисёр хуш пазируфта шуд.

Консерти Мадина Ақназарова дар Маскав
© Sputnik / Стас Этвеш
Консерти Мадина Ақназарова дар Маскав

"Ман дер боз интизори консерти Мадина будам. Ростӣ ҳар як сурудаш ба фикри ман маъно дорад ва худаш ҳам зебою боистеъдод аст", - гуфт Мавзуна мухлиси Мадина, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Музоядаи торт

Дуюмин консерти Мадина Ақназарова дар Маскав (нахустин соли гузашта баргузор шуда буд - шарҳ аз идора), аз ҷониби ташкилоти "Кавказ - шоу" барпо карда шуд.

Баргузоркунандагони консерт низ Мадинаро бо зодрӯзаш муборакбод гуфта ба ӯ хушиҳои зиндагӣ ва мувафаққиятҳо таманно карданд.

Консерти Мадина Ақназарова дар Маскав
© Sputnik / Стас Этвеш
Консерти Мадина Ақназарова дар Маскав

Муҳаммад - баргузоркунандаи озмун дар даст торти зебое ҳамроҳ бо продюсери Мадина - холааш Тахмина Ақназарова ба саҳна баромаду ба нияти саломатию хушрӯзии Мадина аз ӯ хоҳиш кард, ки тортро бибурад.

Ҳамин тавр ровии шоу - Роза Мариарти бо бурдае аз ширинӣ, музояда баргузор карда қисме аз торти Мадина Ақназароваро дар ниҳоят ба мухлиси ашадии Мадина ба маблағи 7500 рубли русӣ (беш аз 1100 сомонӣ) фурӯхт.

Мадина дар иҳотаи мору муш: аз бадбинии ҷонварон то дӯстдории Нигина Амонқулова

Ба гуфти баргузоркунандаи консерт, агар  ҳамаи онҳое, ки пештар занг заданд, ба консерт меомаданд, ҳатто дар панҷ толор ҳам ҷой намегирифтанд.

"Дирӯз (рӯзи 14 феврал - шарҳ аз идора) аз субҳи барвақт бо 22:00-и шаб ба ман беш аз 1000 кас занг зада аз консерти Мадина пурсон шуданд. Имрӯз дар консерт беш аз 450 кас ҳузур дорад. Мо соли гузашта ҳам консерти Мадинаро баргузор карда будем. Консерт дар сатҳи олӣ гузашт. Имрӯз ҳам иншоаллоҳ хуш хоҳад гузашт", - гуфт Муҳаммад дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Аз соати 20:00 то ними шаб Мадина ҳунарнамоӣ карду дили муҳоҷирони ташнаи бӯю ҷӯйи ватанро хуш кард. Тамошобинон ҳар яке бо телефони ҳамроҳ консертро ба навор мегирифт ва бо ёру дӯстон дар шабакаҳои интернетӣ нашр мекард.

Консерти Мадина Ақназарова дар Маскав
© Sputnik / Стас Этвеш
Консерти Мадина Ақназарова дар Маскав

Имрӯз, 16 феврал консерти Мадина Ақназарова дар тарабхонаи "Гимназия" - и Санкт-Петербург баргузор хоҳад шуд. Меҳмонони ин консерт Сино Зоолшоев - сарояндаи ҷавон ва Сироҷиддин Насриддин хоҳанд буд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#ореоре💃🏻

Публикация от Madina Aknazarova (@_aknazarova)

6422
Барчаспҳо:
консерт, Маскав, Мадина Ақназарова
Мавзуъ
Мадина Ақназарова ва Ҳуҷаста Мирзовалӣ "Сабзинаранг"-ро дубора машҳур карданд
Мадина Ақназарова ва гурӯҳи "Шамс" дар Хуҷанд консерт баргузор мекунанд
Нашри суруд ва намоҳанги нави Мадина Ақназарова - видео
Мадина Ақназарова дар ду шаҳри Русия консерт баргузор мекунад - видео
Мадина Ақназарова "роман"- и худ бо Мастер Исмоилро рад кард
Овозхони ҷавони тоҷик Мадина Ақназарова дар Маскав консерт медиҳад