Мадина Акназарова

Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо

7249
(Таҷдидшуда 17:16 21.02.2020)
Мадина Ақназарова мегӯяд, дар асри 21 барои машҳур шудан на пулу мол ва тағою ошноҳои муассир, балки истеъдоду корбарӣ дар интернет лозим аст

ДУШАНБЕ, 21 феврал — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Мадина Ақназарова сарояндаи машҳури поп ва опера дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷарроҳии пластикии ситораҳои эстрадаи тоҷик, зиндагӣ дар Русия, шӯҳрат дар Тоҷикистон ва фонограммаю орзуи деринаи худ гуфт.

Бобо – сарчашмаи илҳом

Мадина Ақназарова мегӯяд аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқманд буд. Бештар сурудҳои сарояндаи маҳбуби афғон Аҳмад Зоҳирро гӯш мекард ва ҳар як сурудашро аз ёд медонист.

"Ҳар боре, ки бобоям моро ба мошинаш савор мекард, сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мемонд ва мо гӯш мекардем. Имрӯз ҳам маро бештар сурудҳои афғонию бадахшонӣ илҳом мебахшанд”, - ба ёд меорад Мадина.

Сарфи назар аз он, ки Мадина дар мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов дар бахши опера таҳсил кардааст, имрӯз ӯро чун ситораи эстрада мешиносанд ва аксари сурудҳояш ба тарзу услуби афғонию бадахшонӣ иҷро мешавад. Дар интихоби сурудҳои Мадина дасти мусиқашиноси ботаҷрибае эҳсос мешавад.

Ӯ сурудҳое  чун "Сабзина ранг", "Аз сари кӯи ту", "Бирақсем" ва ғайраро бозхонӣ карда ба онҳо умри нав бахшид.

Мадина гуфт, кӣ ба ӯ сароидани ин ё он сурудро тавсия медиҳад.

"Дар интихоби суруд ба ман бобоям кумак мекунад, чун ӯ таҷрибаи бойе дорад ва сурудҳоеро медонад, ки мумкин аст мардум кайҳо фаромӯш кардаанд. Ман сурудҳои пешинро ба хотири он месароям, ки мардум классикаро фаромӯш накунанд”, - изҳор дошт Мадина.

Мушкилоти зиндагӣ дар Русия ва сабаби бозгашт ба Тоҷикистон

Хонаводаи Мадина Ақназарова тӯли 13 сол дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ кард. Он ҷо замони кӯдакии Мадина сипарӣ шудаааст. Ӯ ҳам хубиҳои он замон ва ҳам мушкилоти бархӯрд бо фарҳанги дигарро ба хубӣ ва бе ҷароҳати равонӣ паси сар кардааст.

"Ман наметавонам бигӯям, ки муносибати ҳамсинфонам бо ман бад буд, ба ман нағз муносибат мекарданд. Албатта, буданд баъзе нофаҳмиҳо, дар солҳои аввали таҳсил дар мактаби нав, вақте мо аз Хуҷанд ба Санкт-Петербург кӯчидем, наздики ду сол ба ман мушкил буд. Вале бо гузашти солҳо, замоне, ки мо бузургтар шудем ҳамаи ин мушкилот гум шуд" , - гуфт Мадина.

Мадина афзуд, ки зиндагии хонаводаашон дар Русия мушкилие надошт ҳамааш хуб буд, вале доимо онҳоро Ватан – Тоҷикистон сӯи худ мекашид. Бозгашт ба Тоҷикистонро Мадина аз лаҳзаҳои хуши ҳаёташ медонад.

"Мо ҳар тобистон дар Тоҷикистон истироҳат мекардем ва ҳар бор зимни бозгашт моро дипрессия пахш мекард, мехостем дар Ватан бимонем. Ҳамин буд, ки дар як рӯзи хуш мо назди бибию бобоям, ки дар Душанбе танҳо буданд, бозгаштем”, - нақл кард Мадина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Шӯҳрат, шоу-бизнес ва ҷарроҳии пластикии ситораҳои тоҷик

Мадина Ақназарова соли 2018 дар санъати эстрадии тоҷик зуҳур кард. Ӯ бо сабки сурудхонӣ, интихоби матни суруд, овози боқувват ва ҷасорату фаъолнокӣ дар Instagram зуд дар дилу дидаи мақомдорони умури фарҳанг ва мардум ҷой ёфт.

Нахустин намоҳангашро Мадина таҳти унвони "Ай ёр, ёр" соли 2017 сабт ва пешкаши мухлисон карда буд, ки аз ҷониби тамошобинон бисёр хуш пазируфта шуд. Мадина дар чандин консертҳои хайриявӣ низ ҳунарнамоӣ карду ӯро дигар дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ даъват мекарданд. 

Мадина мусиқии тоҷикро дар Ӯзбекистон ва Ҷопон муаррифӣ карда, борҳо дар назди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ мегӯяд ҳунарнамоӣ дар назди раисиҷумҳур барояш "боиси ифтихор аст" ва то кунун қариб дар назди ҳамаи президентҳои ҷаҳон, ки ба Тоҷикистон меҳмон мешаванд, овозхонӣ кардааст.

Сирри шӯҳрати худро Мадина дар истеъдод ва истифодаи фаъолонаи шабакаҳои иҷтимоӣ медонад. Бар хилофи аксари сарояндагони тоҷик, ки шӯҳратро бо сарфи маблағи ҳангуфт тавъам медиҳанд, Мадина бовар дорад, ки барои инсони боистеъдод ва меҳнаткаш барои дарёфти мақоми худ дар шоу-бизнеси тоҷик, монеа вуҷуд надорад.

"Дар асри 21 машҳур шудан бисёр осон аст. Агра инсон истеъдод ва ҷаззобият дошта бошад, албатта метавонад дар санъати тоҷик мақоми худро пайдо кунад. Ман ин чизро дар мисоли худам тасдиқ мекунам. Шояд солҳои пеш мушкилтар буд, вале имрӯзҳо бо кумаки интернет ин кор осон шудааст”, - муътақид аст Мадина.

Имрӯзҳо ҳар як ситораи эстрадаи тоҷик стили худро дорад ва кӯшиш мекунад дар ҳар баромадаш пироҳани наве ба бар кунад, то аз дигарон фарқкунанда бошад.

Вале, дар ин миён ороиши мӯй, лабҳои барҷастаи ҷарроҳишуда ва абрӯвони паҳни серранг қариб ҳамаи сарояндагони тоҷикро ба ҳам монанд мекунад.

Аксари мунаққидон аз ин гуна стили ситораҳои тоҷик интиқод мекунанд ва мегӯянд, ҳамаи сарояндагон яксонанд ва тамошо кардани онҳо касро дилгир мекунад.

Гурӯҳи дигаре ҳам ин масъаларо аз назари дини ислом шарҳ медиҳад ва ҷарроҳии пластикии овозхононро дахолат ба кори Худованд медонад.

Мадина Ақназарова стили ситораҳои тоҷикро мӯди ин замон хонд ва гуфт дар ҷарроҳии пластикӣ чизе ғайриахлоқӣ ё ғарифарҳангие намебинад. Ӯ мегӯяд ҳунарманд бояд зебо ва рангин бошад то диққати тамошобинонро тавонад ба худ ҷалб кунад.

"Ҳар замоне мӯди худро дошт ва мардум кӯшиш мекарданд аз мӯд қафо намонанд. Имрӯз низ ҳамин тамоюл аст. Ин як техникаи рангу бор аз ҷониби стилистон аст, ки ба ҳар кас ҷур меояд. Одами саҳна бояд рангин бошад. Масалан агар ман ҳар бор бо ранги парида ба саҳна бароям таваҷҷӯҳи мардум ба ман кам мешавад", - гуфт Мадина ва афзуд, ки ӯ барои як баромади худ то 6 ҳазор сомонӣ сарф мекунад, чун ҳар як пироҳани ӯ фармоишӣ буда аз ҷониби дӯзандаи куреягӣ офарида мешаванд.

Бе сарпараст: даромад аз консерт, тӯй ва реклама

Мадина Ақназарова мегӯяд барои пироҳанҳои гаронбаҳо ва қоил кардани ҳамаи талаботаш худ пул кор мекунад ва дар ҷодаи санъат сарпарасте надорад.

Ӯ дар чорабиниҳои гуногуни давлатию хусусӣ ширкат мекунад, дар тӯйҳо ҳунарнамоӣ менамояд ва чеҳраи ширкати бонуфузи "Samsung" дар Тоҷикистон буда, боз чанд ширкати дигарро реклама мекунад.

"Ман имсол бо чаҳор ширкати бузург аз ҷумла “Samsung” шартномаи ҳамкорӣ бастам ва маводҳояшонро дар саҳифаам дар Instagram реклама мекунам. Ман намегӯям, ки барои як реклама чӣ қадар маблағ мегирам, чун махфияти даромад аз бандҳои муҳими шартнома аст”, - гуфт Мадина.

Солҳои пеш Мадина Ақназарова бо сарояндаи ҷавон ғолиби озмуни байналмилалии “Central Asia got talent” Чоршанбе Аловатов, ки дар коллеҷи мусиқавӣ ҳамроҳ таҳсил мекарданд, дар тӯю маъракаҳо ҳамроҳ ҳунарнамоӣ менамуд.

Ахиран ду консерти ҷадиди Мадина Ақназарова дар шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург баргузор шуд, ки чиптаи консерт дар Маскав аз 1,5 ҳазор рубли русӣ то 2 ҳазор нарх дошт ва ба консерт беш аз 500 кас омад.

Маршировка, тафтишоти Кумитаи забон ва фонограмма

Ахиран муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҷавонон дар чорабиниҳои давлатӣ, ба истиллоҳ "маршировка"-ҳо муҳаббати худро пайдо мекунанд ва баргузории ин гуна чорабиниҳо на ҳамаро нигарон мекунад.

Мадина Ақназарова, ки худ дар баргузории ин гуна чорабиниҳо фаъолона ширкат мекунад, "маршировкаҳо" - ҳоро хуш қабул дорад, вале мегӯяд, то ҳол дар ин гуна чорабиниҳо "ишқи худро пайдо накардааст ва дилаш озод аст".

"Ба фикри ман шояд барои бархе аз ҷавонон ширкат дар маршировкаҳо шонси хубе барои вохӯрдани шахси дӯстдошта бошад, чун ин чорабиниҳо оммавӣ баргузор мешаванд, он ҷо ҳама ҷавонон ширкат мекунанд”, - .

Кумитаи забон ва истилоҳот аз матни хароби таронаҳои бархе аз сарояндагони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Чунин сурудҳо ҳатто тариқи телевизион ва радио нашр мешаванд.

Дар ин росто,  дар назди кумита Шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо ташкил шуда, ки минбаъд матни сурудҳои сарояндаҳоро баррасӣ мекунанд.

Мадина чунин ибтикори Кумитаи забонро дастгирӣ мекунад ва мӯътақид аст, меросе, ки барои наслҳои оянда гузошта мешавад, бояд пурмазмун бошад.

"Ман бар инам, ки матни сурудҳо бояд аз назари коршиносон гузарад, чун бо ин сурудҳо насли наве ба воя мерасад ва онҳо аз ин чиз меомӯзанд", - гуфт овозхон.

Фонограмма дар ҷаҳони мусиқии муосир тамоюле ҳаст, ки агар аз як тараф кори ҳунармандро осон кунад аз ҷониби дигар фарқ кардани овозхони асил аз сарояндаи сатҳи пастро душвор мекунад.

Мадина мегӯяд, фонограмма хуб аст, вале фақат дар ҳолатҳои изтирорӣ.

"Дар аксари ҳолатҳо фонограмма ҳунармандро наҷот медиҳад, чун овоз низ организми зинда аст ва ҳунарманд метавонад ногаҳон сахт бемор шавад: масалан тағйирёбии иқлим, ё ки номувофиқ будани толор ва мушкилот бо техника, ки албатта кори сарояндаро бисёр мушкил мекунад. Чунин ҳолатҳо зиёданд”, - гуфт Мадина ва афзуд, ки овози зинда ва эҳсосоти зинда барои сароянда нотакрор аст ва хуб мешуд агар бештари овозхонон зиндасароӣ мекарданд.

Мадина Ақназарова кист?

Мадина Ақназарова духтари қавиирода, зебо, соҳибистеъдод ва хушгуфтору боидрок аст.

Ӯ 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

Ӯ орзу дорад дар зиндагӣ бо кори дӯстдошта машғул бошад - ҳунарнамоӣ кунад, оилаи қавӣ барпо намояд ва инсони хушбахт шавад.

7249
Барчаспҳо:
Маскав, мусоҳиба, Мадина Ақназарова