Сестры Фарзона Хуршед и Шабнам Сурайё

Аз Нигина то Шабнаму Мадина: ситораҳои эстрада мардҳои Тоҷикистонро табрик карданд-видео

1749
(Таҷдидшуда 15:32 23.02.2020)
Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова, Фарзонаи Хуршед, Шабнами Сурайё ва дигар ситораҳои эстрадаи тоҷик мардони кишварро ба муносибати Рӯзи артиши миллӣ муборакбод гуфтанд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Ситораҳои эстрадаи тоҷик, ки ҳамзамон ситораҳои Instagram мебошанд, дар саҳифаҳояшон номаи табрикотӣ навиштаанд.

Ҳамин тавр, Шабнами Сурайё бо нашри акси даврони ҷавонии Эмомалӣ Раҳмон - Рӯзи артиши миллиро ба мардони Тоҷикистон муборакбод гуфтааст:

"Агар гӯем, ки шоҳаншоҳи давронӣ? ту меарзӣ", - навиштааст Шабнам.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Агар гуем, ки шоҳаншоҳи даврони ту меарзи...

Публикация от Shabnam Surayo (@shabnamsurayoofficial)

Фарзонаи Хуршед низ дар наворе мардонро муборакбод гуфта, ба онҳо дар иҳотаи бонувон буданро орзу карлааст.

"Имрӯз барои ман боиси ифтихору сарбаландист,ки мавриди мардхои соҳибфазилати миллат ҳарф мезанам. Мардҳои ҳимоятгари Ватан,миллат ва оилаҳои хеш. Зиҳӣ мардҳои қавииродаи ватан", - навиштааст Фарзона.

Мадина Ақназарова, пӯшоки низомӣ ба бар, Рӯзи артиши миллиро ба мардони Тоҷикистон муборакбод гуфтааст.

Нигина Амонқулова ҳамроҳи Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Нозия ва дигар сарояндагон бо либосҳои низомӣ, Рӯзи артиши миллиро ба ҳамагон муборакбод гуфтааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

С праздником Вас, дорогие офицеры! / Happy holiday to you, dear officers!

Публикация от Nigina Amonqulova / 𝑺𝒊𝒏𝒈𝒆𝒓 (@nigina.music)

1749
Барчаспҳо:
табрикот, Артиши миллӣ, Тоҷикистон
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров

Назаров дар бораи убури марзи Ӯзбекистон, вохӯрӣ бо роҳбарону лағви консерташ дар Бухоро

1696
(Таҷдидшуда 18:17 12.01.2021)
Далер Назаров, ҳунарманди маъруфи тоҷикистонӣ пас аз чанд сол бори нахуст дар Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кард. Ӯ ин сафарашро олиҷаноб хондаву гуфтааст, барои консерти лағвшудааш дар Бухоро, дубора ба ин кишвар хоҳад баргашт

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров, ки охирҳои моҳи декабр дар Ӯзбекистон консерт гузошт, таассуроташ аз ин сафари ҳунариашро нақл кардааст.

Ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграмаш, ин сафарро ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд пур аз эҳсоси наҷибу хурсандӣ хондааст.

Вай гуфтааст, сафар ба Ӯзбекистон, ҳарчанд дер боз дар нақша буд, якбора сурат гирифт.

"Ба назарам чунин менамуд, ки ба ин мулоқоти ҷолиб бо тамошобинони Ӯзбекистон бояд омодагии тӯлонӣ бошад. Хусусан, пас аз он ки сарони давлатҳои мо монеаи байни моро бартараф карданд, ки ба ҳама хурсандии зиёд овард ва ман ин ҳодисаро дар солҳои охир матлубтарин ва хурсандибахш мешуморам", - қайд кардааст ӯ.

Далер Назаров омили асосии рушд накардани эстрадаи тоҷикро тавзеҳ дод

Вай афзудааст, ки "новобаста аз пандемия ва баста будани марзҳо, марзбонон  моро хушҳолона пешвоз гирифтанд ва пас аз гузаштани тамоми расмиятҳо ба сарзамини ошно ворид шудем".

"Дар чашми пешвозгирандагон як ҳаяҷон ва тантана намудор мешуд, дар дили мо бошад ҳеҷ "мову шумо"-е набуд, танҳо шодӣ аз вохӯрии деринтизор буд", - афзудааст Далер Назаров.

Овозхон таъкид кардааст, ки дар Самарқанду Тошканд вақташ хуш ва пур аз муҳаббат гузашт. Аммо ҳунарнамоияш дар шаҳри Бухоро бо сабабҳои номаълум лағв шуд.

Хоҳишмандон зиёд шуданд: Далер Назаров дар Тошканд ду рӯз консерт медиҳад

"Мутаассифона, консерти мо дар Бухоро, ки хело интизорамон буданд, лағв шуд. Сабабашро намедонем, аммо медонем, ки вохӯрӣ дар ин шаҳр дар сатҳи олӣ албатта мешавад", - таъкид мекунад ӯ.

Овозхон, қайд кардааст, ки дар давоми ин сафар бо табақаҳои гуногун, аз ҷумла аз роҳбарон то ошпазҳову савдогарон мулоқот дошт.

"Ман инро барои он мегӯям, ки касеро махсус интихоб накардем, ҳама бидуни ягон маҷбурӣ хурсанду самимӣ буданд", - таъкид мекунад ҳунарманд.

Далер Назаров афзудааст, ки то ҳол ба унвонаш "мактубҳои саршор аз меҳру муҳаббат мерасанд ва дар оянда ин ҳама самимият дар таронаҳои тозааш дарҷ хоҳанд шуд".

1696
Барчаспҳо:
консерт, таассуроти нахустин, Ӯзбекистон, Далер Назаров
Манижа Давлат, архивное фото

Рақси Манижа Давлат ба навор афтод - видео

9126
(Таҷдидшуда 17:41 12.01.2021)
Сарояндаи саршиноси тоҷик Манижа Давлат, ки солҳост тарки саҳна кардаву дар ягон чорабинии фарҳангӣ ширкат намекунад ва аз наворбардорьӣ дурӣ меҷӯяд, дар шабнишиние ба навор афтод

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ахиран мудели машҳури тоҷик Парвина Саидова дар сториси instagram-аш навореро нашри кард, ки дар он ҳамроҳи Манижа Давлат зери навои эронӣ чарх мезананд.

Манижа Давлат дар навбати худ дар сториси instagram-аш барои ташкили ин шабнишинӣ аз Парвина Саидова сиосгузорӣ карда ин рӯзро аз хушбахтарин лаҳзаи ҳаёташ гуфтааст.

"Агар инсон мехостааст барои як лаҳзаи хушбахии дӯсташ, дар як шаб дар байни ҳамагӣ чанд соат чӣ корҳоеро ичро намекардааст...Бо вуҷуди он қадар исрори на гуфтани ман, ту барои як шаб хурсандии ман хамаи инро муҳайё кардӣ, чанд сол буд, ки чунин хурсанд набудам...Дӯстам, хоҳарам аз ту миннатдорам, дили маро як лаҳза шод кардӣ бигзор Худованд шодии ду дунёро барои туву фарзандонат ато кунад",- навиштааст Манижа дар саҳифаи instagram-и худ.

Корбарони интернет ҳадс задаанд, ки ин шабнишинӣ шояд зодрӯзи Манижаи Давлат бошад, ки 31 декабр ба дунё омадааст, вале Парвина Саидова дар посух ба ин савол гуфтааст, ки ин танҳо як базми хонаводагӣ буд.

Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-и шаҳри Кӯлобро хатм кардааст.

Соли 2006 бошад риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро поён бурдааст.

Манижа Давлат дар авоили соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва форсзабонҳо маҳбубият пайдо кард.

Ӯ дар соли 2002 консерти нахустини худро дар "Кохи Борбад"-и Душанбе баргузор карда, ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи "Сарнавишти ман" пешкаши мухлисонаш кард.

Манижа аз камтарин овозхонҳое ҳаст, ки солҳои дароз дар саҳна нест, вале маҳмубияташ ҳамоно кам нашудааст.

9126
Барчаспҳо:
Манижа Давлат, Парвина Саидова, Душанбе
Шавкат Мирзиёев посетил прядильное предприятие в Шахрисабзе - фото

Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем

0
(Таҷдидшуда 01:06 19.01.2021)
Президенти Ӯзбекистон тасмим дорад, барои нигоҳ доштани нерӯи зеҳнии кишвараш шароит фароҳам оварад ва донишгоҳи президентии назири Оксфордро роҳандозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".

“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд », - гуфтааст, президент.

Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.

“Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.

Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.

Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.

Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.

Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем

Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.

 

 

0
Барчаспҳо:
таҳсил, донишгоҳ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон