Махмадтоир Зокирзода

Заминсанҷ аз Рашт: Зокирзода - раиси нави Маҷлиси Намояндагон кист

1786
(Таҷдидшуда 16:30 17.03.2020)
Маҳмадтоҳир Зокирзода раиси нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд: то ин дам ӯ дар мақомҳои баланд кор кардааст

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон раиси нави Маҷлиси Намояндагон, интихоб шуд, ки тӯли панҷ соли оянда ин маҷлисро роҳбарӣ хоҳад кард.

Зокирзода дар Даврони Иттиҳоди Шӯравӣ - 24 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст.

акс аз сомонаи расмии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ

Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи кишоварзии Селиноград дохил шуда, онро бо ихтисоси муҳандис-заминсанҷ хатм кард. Пас аз хатми Донишкада ба Институти лоиҳакашии  Тоҷикистон "Гипрозем" аз рӯи ихтисос ба кор даромад.

Номбурда, бадан фаъолияташро дар корхонаҳои давлатӣ оғоз кард. Нахустин макони фаъолияти давлатияш - Шӯрои вазирони Тоҷикистон шуд. Пасон ҷои корашро иваз карда ба дастгоҳи Ҳукумат гузашт.

Зокирзода нахустин бор дар қатори элитаи баланди сиёсии Тоҷикистон баъди ба мақоми  раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода интихоб гаштанаш ворид шуд, ки ин ниҳодро то соли 2008 раҳбарӣ кард.

Пас аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Зокирзода мудири Ожонсии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъъйин гашта, онро ду сол идора кард.

Ҳамин тавр, Зокирзода ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъйин шуда, то соли 2015 онро идора кард. Пас аз соле Зокирзода бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон вазири кишоварзӣ таъйин гашта, дар ин курсӣ як сол нишаст.

Аз авохири соли 2016 то моҳи январи соли 2020 Зокирзода дар вазифаи муовини сарвазири кишвар фаъолият кард.

Ва инак, пас аз чанд моҳ Зокирзода дар паи овоздиҳии пинҳонӣ раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб гардид.

Дар бораи ҳаёти шахсии Зокирзода маълумоти муфассал дар даст нест: Зокирзода оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.

1786
Барчаспҳо:
интихобот, Маҷлиси намояндагон, раис, Маҳмадтоир Зокирзода
Мадина Акназарова

Аз кулчапазӣ то нашри нахустин суруд ба забони шуғнонӣ: Мадина дар замони COVID - 19

918
(Таҷдидшуда 18:24 01.06.2020)
Мадина Ақназарова ахиран суруди ҷадиди худро ба забони шуғнонӣ зери унвони "Рози дил" пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавон ва машҳури эстрадаи тоҷик, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи нашри суруди нахустинаш ба забони шуғнонӣ ва ҳамагирии COVID - 19 нақл кард.

Ба гуфти Мадина вақте рӯзҳои аввал дар бораи COVID - 19 сухан мекарданд, дар Душанбе ҳамаро тарсу ваҳм фаро гирифта буд, вале пас аз чанде ҳамаҷо ором шуд.

"Наздик ба якуним моҳ мешавад, ки мо дар хона нишастаем. Худро эҳтиёт мекунем. Шукри Худо ҳамаи аҳли хонаводаамон дурусту бардаманд", - гуфт Мадина.

Сарояндаи ҷавон дар даврони ҳамагирӣ нахустин суруди худро ба забони шуғнонӣ (пештар ӯ суруде бо номи "Ҷону дилам" нашр карда буд, ки танҳо қисме аз суруд ба забони шуғнонӣ сароида шуд) таҳти унвони "Рози дил" нашр ва пешкаши мухлисонаш кард.

Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо

Дар бораи нашри ин суруд Мадина мегӯяд аз дер боз мақсад дошт, суруде ба забони модариаш - шуғнонӣ бисарояд, вале суруди мувофиқи дилашро пайдо накарда буд.

"Вақте ман навори қадимиеро тамошо кардам, ки дар он се духтари ҷавон ҳамин суруди "Рози дил"-ро иҷро мекарданд, ман дарҳол онро писандидам ва ба худ гуфтам, ки ман албатта ин сурудро месароям", - нақл кард Мадина ва афзуд, ки аслан ӯ сурудеро интихоб мекунад, ки ба дилаш наздик бошад.

Ӯ гуфт чун матни суруд  бештар мувофиқи сарояндагон - мардон аст, тасмим гирифт матни онро каме тағйир диҳад.

"Ростӣ иҷро кардани суруди бадахшонӣ кори осоне нест. Бояд баландии овоз нота ва ҳамааш мувофиқ бошад. Вале ин суруд ба ман бо тамоми нозукиҳояш мувофиқ омад. Танҳо матнашро ҷой ҷое барои овози духтар мувофиқ кардем", - гуфт Мадина ва афзуд, ки муаллифи ин сурудро пайдо накард, чун яке аз сурудҳои қадимии мардуми Бадахшон ҳаст ва онро суруди халқӣ унвон кард.

Ба ҷавонон муаррифӣ кардани суруди пешинро Мадина аз далели дигари интихоби сурудаш гуфт.

Суруди нави Мадина рӯзи 30 май дар саҳифааш дар шабакаи Youtube нашр шуд. То имрӯз ин сурудро беш аз 39 ҳазор кас шунида ва зиёда аз якуним ҳазор нафар писандидааст.

Аз ҳамагирии коронавирус ёдоварӣ карда, Мадина мегӯяд вақти мувофиқест барои пухту паз барои аҳли хонавода ва сабти наворҳои шӯхиомез.

Дар саҳифаи Мадина дар инстаграм наворе нашр шудааст, ки ӯ дар он тари омода намудани кулчаро аз аввали кор то охир намоиш додааст. Аз навор бар меояд, ки Мадина кадбонуи хубе ҳаст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Таёри ба Сухур 🌹 Сараф во бамаза ширчой 😜

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Ҳамчунин дар баробари наворҳои пухтупаз Мадина видеоҳои шӯхиомезро низ нашр кардааст, ки писанди ҳаводорони ҳунараш шудааст.

Умуман Мадина Ақназарова аз фаъолтарин ҳунармандони тоҷик дар Instagram ба шумор меравад. Ӯ сирри шӯҳрати худро дар истеъдод ва истифодаи фаъолонаи шабакаҳои иҷтимоӣ медонад.

Бар хилофи аксари сарояндагони тоҷик, ки шӯҳратро бо сарфи маблағи ҳангуфт тавъам медиҳанд, Мадина бовар дорад, ки барои инсони боистеъдод ва меҳнаткаш барои дарёфти мақоми худ дар шоу-бизнеси тоҷик, монеа вуҷуд надорад.

"Дар асри 21 машҳур шудан бисёр осон аст. Агра инсон истеъдод ва ҷаззобият дошта бошад, албатта метавонад дар санъати тоҷик мақоми худро пайдо кунад. Ман ин чизро дар мисоли худам тасдиқ мекунам. Шояд солҳои пеш мушкилтар буд, вале имрӯзҳо бо кумаки интернет ин кор осон шудааст”, - гуфт Мадина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мадина Ақназарова соли 2018 дар санъати эстрадии тоҷик зуҳур кард. Ӯ бо сабки сурудхонӣ, интихоби матни суруд, овози боқувват ва ҷасорату фаъолнокӣ дар Instagram зуд дар дилу дидаи мақомдорони умури фарҳанг ва мардум ҷой ёфт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Dustoni aziz, surudi halqii ” ”Rozi dil”bo zaboni Badakhshoni ( Shugnoni) alakai dar Youtube dar kanali man sado medihad 🙏🏻 Marhamat, gush kuned . 🎉 #girlfrombadakhshan🌹

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Нахустин намоҳангашро таҳти унвони "Ай ёр, ёр" соли 2017 сабт ва пешкаши мухлисон карда буд, ки аз ҷониби тамошобинон бисёр хуш пазируфта шуд. Мадина дар чандин консертҳои хайриявӣ низ ҳунарнамоӣ карду ӯро дигар дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ даъват мекарданд. 

Мадина мусиқии тоҷикро дар Ӯзбекистон ва Ҷопон ва дигар кишварҳо муаррифӣ кардааст.

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

918
Барчаспҳо:
Забони модарӣ, Мадина Ақназарова, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мадина Акназарова - Бо ту / Madina Aknazarova - Bo Tu (2020) - YouTube

Мадина Ақназарова чеҳраи Tcell интихоб шуд

1923
(Таҷдидшуда 17:57 24.05.2020)
Сарояндаи ҷавон ва машҳури тоҷик Мадина Ақназарова чеҳраи яке аз брэндҳои алоқаи Тоҷикистон Tcell интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавони эстрадаи тоҷик чеҳраи ширкати номдори Tcell интихоб шуда ҳамроҳи ин ширкат бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон мубориза хоҳанд бурд.

Дар ин бора ширкати Tcell ва ҳам Мадина Ақназарова дар саҳифааш дар инстаграм хабар додааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

@tcell.tj 🎉🙏🏻 Интихоби ман Tcell 😏

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Бино ба гузориши манбаъ, Мадина аз ҷумла дар видеоролике барои пешбурди барномаи "Эко" - барномае барои муштариён, ки маблағи он барои мубориза бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон ҳазина мешавад.

Мадина мардуми Тоҷикистонро барои мубориза бо ин вабои аср даъват мекунад, то ба барномаи "Эко" - и Tcell пайваст шаванд ва дар мубориза бо вируси корона саҳмгузор бошанд, чун қисме аз маблағи ин тарофа ба бунёди мубориза бо коронавирус гузошта мешавад.

Аз Шабнам то Нигинаю Мадина: аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнес - видео

Ёдрас мешавем, ки пештар Мадина Ақназарова дар аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнеси тоҷик ширкат карда ба 50 оилаи ниёзманд кумак расонид.

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

1923
Барчаспҳо:
"TCELL", Тоҷикистон, Мадина Ақназарова
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Кобилчон Гиёев

Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

294
Мақомот барканории Қобилҷон Гиёев, акнун собиқ сардухтури ноҳияи Раштро шарҳи яксон намедиҳанд. Ба қавли яке, бар асоси шикояти раиси ноҳия барканор шудааст, дуввумӣ мегӯяд, ӯ вазифаи баландтар хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як шарҳи кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барканории сардухтури ноҳияи Рашт ибтикори вазорат нест.

“Ӯ бар пояи шикояти раиси ноҳияи Рашт аз вазифа барканор шудааст. Шикоят ҳам ин аст, ки Қобилҷон Гиёев ба ҷуз сардухтур буданаш, муовини раиси Ситоди ноҳияи Рашт барои ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” низ будааст ва дар ҷои кор ҳам ҳузур надоштаасту дар ҷаласаҳои ситод низ ширкат накардааст”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Зимнан, рӯзи гузашта, 1 июн, Қобилҷон Гиёев ба Sputnik Тоҷикистон низ далели барканориашро шикояти Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, бегоҳи ҳамон рӯз дар як тамоси телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, ин иддаоро рад карда, гуфт, Қобилҷон Гиёев бо ариза, хоҳиш ва ихтиёри худ аз вазифа рафтааст.

“Он қадар ки мо хабар дорем, чанде пас ӯ бояд дар Душанбе ба вазифаи баландтар таъин шавад. Имрӯз ӯ назди ман омада буд. Суҳбат доштем. Ба хурсандӣ хайрухуш кардем. Ҳамаи гап ҳамин”, - гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Рухсатӣ ё...?

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Қобилҷон Гиёев дар шарҳи гуфтаҳои вазорати тандурустӣ ва раиси ноҳияи Рашт гуфт, ӯ 27 май ба вазорат даъват шуда, аризаи аз кор рафтанашро навишт.

Вай афзуд, рӯзи дигар, 28 май, ӯро дигарбора ба вазорат даъват карда, гуфтанд, ки аризаи аз кор рафтан на, балки рухсатӣ рафтанро бинависам ва дар ҷои худ муовинамро иҷрокунандаи вазифа таъин кунам.

“Ҳоло ман дар ҳайрат уфтодаам. Ман 12 май ба Душанбе рафтам. 12 май дигарбора ба Рашт баргаштам. Ҳамон рӯз ҷаласаи ситодро баргузор кардам. Бегоҳ мустақим бо вазири тандурустӣ мулоқоти видеоӣ баргузор шуд. Субҳ боз ҷаласаи ситод буд. Пас аз он рафтам ба шифохонаҳои минтақаӣ - Ҳоит, Қалъаи Сурх, Навобод. Аз 13 то 15 пурра дар Рашт будам. Азбаски вазъи сиҳӣ дар ноҳия ба эътидол омада буд, дигарбора ба Душанбе омада, ин ҷо ба табобат машғул шудам”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Бино ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Рашт 174 нафареро, ки ҳарорат доштаанд, дар хонаҳо ва 60 нафарро бо ташхиси пневмония дар шифохонаҳо табобат кардаанду даҳҳо нафари дигар пас аз муроҷиату табобати кӯтоҳ зуд рухсат шудаанд. Вай афзуд, дар ин миён ду нафар мутаваллидони яке, соли 1940 ва дигаре, 1942 аз маризиҳои дил фавтидаанд, на пневмония ё “вируси корона”.

“Вақте вазъи сиҳӣ Рашт муътадил шуд, ман ба Душанбе рафтам. Дуюм ин, ки ман на бо хоҳиши худ, балки бо даъвати мақомот омада будам, ки дар вазорати тандурустӣ огаҳӣ доранд”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Пизишки ҳайрат

Қобилҷон Гиёев пас аз он дар забони расонаҳо уфтод, ки дар оғози мубориза алайҳи “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулии зидди пневмонияи бузҳо дар ноҳияи Рашт, ба қавли худаш, ҳудуди 300 нафарро табобат кард.

Ин дору аз пенитсилин ва стрептамитсин иборат буда, кӯтоҳ “пенстреп” номида ва барои “вируси корона” – и ҳайвонот истифода мешавад. Баъдтар ӯ ба Душанбе омад ва дар пойтахту навоҳии атроф ва вилояти Хатлон бо табобати маризон машғул шуд.

Ӯ қаблан (23 май) дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар умум беш аз 1000 нафарро табобат кардааст. Аммо ҳоло мегӯяд, теъдоди маризоне, ки ӯ табобат кардааст, аз ин ҳам бештар шудааст.

“Ҳоло бисёриҳо ба табобати ман шак доранд. Ҳақ ҳам доранд. Аммо шоҳидони ман ҳамон маризоне ҳастанд, ки шифо ёфтанд. Мегӯянд, ки ман барои рекламаи худ ва пулкоркунӣ Душанбе рафтам. Инҳоро ҳам ба Худо месупорам. Аммо ҳоло бо забони дароз мегӯям, ки ду моҳи ахир ман дар хизмати мардуму давлати худ будам ва ин корамро давом хоҳад дод”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Ҳоло танҳо гуфтугузоре, ки сардухтури инак собиқи ноҳияи Раштро дар ҳайрат гузоштааст, вазифаи наваш аст. Вай мегӯяд, аз ин боб аслан хабаре ҳам надораду бо касе ҳам машварате нашудааст.

294
Барчаспҳо:
вазифа, табобат, бемор, табиб, Ғарм, Тоҷикистон