Суҳбати Чоршанбе : аз бозгашт ба оркестри президентӣ то пардохт нашудани маблағи озмун

Обуна шудан
Чоршанбе Аловатов дар барномаи Iron King гуфт, то ҳол аз ҷониби баргузоркунандагони озмуни Central Asia Got Talent, маблағи пирӯзиаш пардохт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Чоршанбе Аловатов овозхони ҷавон ва ғолиби озмуни байнамилалии "Central Asia Got Talent - 2019"  дар барномаи Iron King, дар бораи озмун, зиндагӣ пас аз шӯҳрат, кору фаъолият ва то ҳол пардохт нашудани маблағи озмун гуфт.

Чоршанбе гуфт рӯзаш аз кор сар мешавад.

Чоршанбе Аловатов на конкурсе - Sputnik Тоҷикистон
Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз Чоршанбе, Афзалшоҳ ва ансамбли "Зебо"

"Бале, ман ба ҷои корам, ба оркестри президентӣ бозгаштам", - гуфт Чоршанбе.

Ёдрас мешавем, ки пештар овозхон дар саҳифааш дар Facebook гуфта буд, ки бо хоҳиши худ оркестрро тарк кард.

Дар идомаи суҳбат Чоршанбе дар бораи маънои номаш ҳарф зад.

"Вақте дар ВМКБ зиндагӣ мекардем ман дигаргун будани номамро эҳсос намекардам, вале замоне ба Душанбе кӯчидем, ҳамсинфонам бо тааҷҷуб мепурсиданд, чаро Чоршанбе", - гуфт сарояндва ва афзуд, ки ӯро ба хотири бобояш номгузорӣ кардаанд.

Ҳамчунин Чоршанбе дар бораи санъат гуфт. Дар баробари навохтани сетор, дутор, ғижжак, танбур, рубоб, доира, таблак ва гитара, Чоршанбе ҳамчунин аз уҳдаи 

навохтани сози ҳиндӣ - табл низ ба хубӣ мебарояд. 

Гуруснаю ташна аз саҳар то 12-и шаб: Чоршанбе дар бораи Central Asia Got Talent - видео

Ҳамчунин Чоршанбе солҳои пеш ҳамроҳи рэпсароён чанд сурудеро сабт кардааст. Ба гуфти ӯ "агар ӯро аз чизе пурсанд ва аз дасташ ояд, ӯ ҳич гоҳ наметавонад хоҳиши касеро рад кунад".

Бобати пирӯзӣ дар озмуни "Central Asia Got Talent - 2019", Чоршанбе гуфт, интихоби суруд ва ӯ бисёр кумак кард.

"Суруде лозим буд, ки касбӣ бошад ва нотаҳои баланд дошта бошад. Ҳамаи ин сифатҳоро суруди "Турки Шерозӣ" - и Далер Назаров дошт", - гуфт Чоршанбе ва афзуд, ки шахсан бо сарояндаи машҳур ошно нест, вале бисёр мехоҳад бо ӯ ҳамсуҳбат шавад ва барои сурудҳояш сипосгузорӣ кунад.

Чоршанбе Аловатов - Sputnik Тоҷикистон
Чоршанбе Аловатов: ашхоси доро мехоҳанд баҳои ҳунарро арзон кунанд

Чоршанбе Аловатов гуфт, доим орзу мекард, ки дар саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ кунад ва машҳур шавад ва озмуни байналмилаллии Cenrtal Asia got talent ин имкониятро барояш фароҳам овард. 

"Ман орзу мекардам вале бовар надоштам. Орзуҳо амалӣ мешаванд", - гуфт Чоршанбе.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Чоршанбе иқрор шуд, ки шӯҳрат барояш як қувваи дигаре додааст, ки ӯ метавонад роҳи санъатро ҷиддитар гирад.

Бобати пардохти маблағи озмун, ки Чоршанбе пештар барои кумак ба беморон ваъда карда буд, ҳоло ҳеҷ хабаре нест.

"Дар шартнома навишта шудааст, ки маблағ дар давоми се моҳ гузаронида мешавад, ман ҳоло интизорам. То ҳол маблағро ба ман нафиристодаанд".

Ҳамчунин Чоршанбе Аловатов гуфт пас аз пирӯзӣ дар озмуни байналмилалӣ ва шӯҳратёр шудан, нархи ҳунарнамоияш дар тӯйҳо ва маъракаҳо 50 дарсад боло рафт.

Лентаи хабарҳо
0