Таджикская актриса Тахмина Раджабова

Таҳмина Раҷабова ба Душанбе баргашт: ӯ ҳам аз шароити карантин дар Варзоб гуфт

3956
(Таҷдидшуда 19:25 24.03.2020)
Рӯзноманигор ва ҳунарманд мегӯяд бо парвози махсус ба Тоҷикистон баргашт ва феълан дар карантин қарор дорад

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Таҳмина Раҷабова, рӯзноманигор ва ҳунарманди тоҷик хабар дод, ки аз Русия ба Тоҷикистон баргашт.

Тавре ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграмаш менависад, бино бар паҳншавии коронавирус Донишгоҳи давлатии кинематографии Русия (ВГИК) низ муваққатан баста шуд ва барои ҳамин ба ватан рафт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Всем доброго дня ! В связи сложившейся ситуацией из-за короновируса во всём мире, а также в Москве закрыты все университеты, учреждения культуры, организации. ВГИК также закрыт, а наши занятия перенесены на не определённое время. Мне не было никакого смысла оставаться в данный момент в Москве. Поэтому 23.03.2020 спецрейсом, я вернулась на Родину и сейчас нахожусь на карантине. Всех прилетевших 23 марта, поместили на карантин в Ходжа Оби Гарм. Условия нормальные. Врачи, каждый день по 2 раза проверяют всех тепловизором. У меня температура 36,6 знаю, пока рано говорить и радоваться, но всё же, я считаю, что нам очень повезло. Все чувствуют себя хорошо. Да, конечно было бы лучше если мы были дома, но дело понятное, что это очень опасно для наших родных. В такой ситуации мы должны проявить терпение, слушаться врачей и понимать принятые меры. Всё будет хорошо ! Мы справимся ❤️❤️❤️ #короновирус #короновирусанет #таджикистан #точикистон🇹🇯 #актрисакино #кино #актриса #actress🎬 #фильм #persianactress #iranfilm #узбеккино #hollywoodactress #hollywoodmovies #film #фильмы #films #processfilm #съёмочнаяплощадка #режиссер #режиссёр #сценарист #москва #moscow #турксинема #turkcinema

Публикация от Тахмина Раджабова (@tahmina_rajabova_)

"Бо ҳамин далел дар Маскав мондани ман маъное надошт ва ман 23 март бо парвози махсус ба Душанбе баргаштам", - менависад ӯ.

Ёдрас мешавем, Раҷабова ҳамин сол ба ин донишгоҳи пурнуфузи Русия дохил шуд. То ин дам бону Таҳмина ба телевизиони "Сафина" наттоқ буд ва дар чанд филми тоҷикӣ нақши асосиро бозида, саршинос гашт.

Таҳмина қайд мекунад, "тамоми нафароне, ки дар як ҳавопаймо бо ӯ баргаштанд дар осоишгоҳи "Хоҷа оби гарм" дар ноҳияи Варзоб ба карантин фаро гирифта шудаанд".

"Шароитамон бад нест. Табибон дар як рӯз ду маротиба ҳароратамонро месанҷанд. Ҳоло дар хона бошем хуб буд, лекин карантин бисёр муҳим аст ва наздиконамонро аз хатар нигоҳ медорад", - тавзеҳ додааст вай.

Ёдрас мешавем, Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад,  ки аз 1  феврал то 23 марти соли равон 5038 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 1981 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3057 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии кишвар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон нафароне, ки муваққатан дар ҷойҳои на он қадар хуб ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ба маконҳои дорои шароит ва имконоти хуб интиқол дода шуданд.

Криштину Роналду ба карантин рафтааст

3956