Нашри дуэти Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова - видео

© Sputnik / Стас ЭтвешМадина Акназарова
Мадина Акназарова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон, Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова суруди гурӯҳи "Парем"- ро бозхонӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 сен  — Sputnik. Овозхонони ҷавон ва машҳури Тоҷикистон Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова суруди дуэт иҷро карда, шакли пурраи онро дар шабакаи Youtube нашр кардаанд.

Онҳо яке аз сурудҳои машҳури гурӯҳи "Парем"- "Танҳо дар ёд" - ро бозхонӣ карданд. Дар ин бора ҳам Чоршанбе Аловатов ва ҳам Мадина Ақназарова дар саҳифаҳои расмиашон дар Инстаграм хабар додаанд.

Мадина дар ин росто ба гурӯҳи "Парем" барои додани иҷозат барои бозхонии ин сурудашон изҳори сипос кардааст.

"Сипоси бепоён аз гурӯҳи "Парем" барои ин суруд. Ин зебо аст", - навиштааст Мадина.

Мухлисони ин ду овозхони ҷавон аз дуэт истиқбол карда ҳунари ҳар дуро баланд баҳогузорӣ кардаанд. 

"Чоршанбе худро дар сатҳи минтақавӣ бисёр хуб нишон дод. Ҳунари ӯ, Худодод аст ва ба шарҳе ниёз надорад. Мадина ва Чоршанбе бисёр хуш менамоед", - навиштааст корбаре дар шабакаи  Youtube.

Дуэти Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова: суруди "Парем" - ро бозхонӣ карданд - видео

Ёдрас мешавем, ки ахиран Чоршанбе Аловатов суруди "Масти ту ҳастам" - и овозхон Самандар Пӯлодовро бозхонӣ кард.

Мусиқӣ ва тарзи сурудани овозхони ҷавон Чоршанбе Аловатов аз Самандар Пӯлодов каме мутафовит аст. Бо усули нав иҷро шудани ин сурудро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ дарёфт намуда, истеъдоди баланди Чоршанбеи ҷавонро зикр карданд.

Лентаи хабарҳо
0