Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова

Издивоҷи Сурайё Қосимова бо ҷавони 32-сола - навори никоҳ корбаронро "шӯронид"

29867
(Таҷдидшуда 21:48 24.09.2020)
Дастикам аз 3 манбаъ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Сурайё Қосимова ҳунарманди мардумии Тоҷикистон шавҳар кардааст. Ин дар ҳолест, ки наворҳои зоҳиран тӯйи овозхон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Овозхони номдори тоҷик Сурайё Қосимова издивоҷ кард, хабар медиҳад саҳифаи tamoshow дар Инстаграм.

"Сарояндаи номдор Сурайё Қосимова бо марди 32-сола хонадор шуд. Шодбош мегӯем!", - менависад манбаъ.

Манбаи мазкур навореро низ  аз ин хонадоршавӣ нашр кардааст.

Дар он дида мешавад, ки Сурайё Қосимова дар сар чодар ва дар атрофаш духтаронаш ва дӯстонаш ӯро ба назди домод мебаранд. Дар паси парда домод дар интизори арӯс аст. Садои таронаи тӯёнаи Шабнам боло мешавад.

Дастикам 3 манбаи Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карданд.

Нафаре аз доираҳои наздики Шабнами Сурайё, духтари номдори овозхон гуфт, дар ҳақиқат чанд рӯз пеш Сурайё Қосимова бо ҷавони 32-сола издивоҷ кард. 

Ба гуфтаи вай, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд. Ӯ номи домодро ифшо накард ва танҳо гуфт, ки ҷавон аз доираи ҳунармандон нест ва тоҷир аст.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст. Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст", - мегӯяд зан.

Навори аз ин маросим нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғавғоеро бархезонидааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Сурайё Қосимоваро, ки 62 сол дорад, Алла Пугачёваи тоҷик номидаанд.

"Ишқи пирӣ гар биҷунбад...", - навистааст як корбари Фейсбук.

"Чаро ба Алла Пугачева мумкин аст, ба Юлдуз Усмонова мумкин аст, ба Сурайё Қосимова не?!", - менависад нафари дигар.

Аммо нафароне низ пайдо шудаанд, ки дахолати дигаронро ба ҳаёти шахсии ҳунарманд танқид карда, ба навхонадорон хушбахтӣ тамано кардаанд.

"Ҷавон чандин солҳост, ки ӯро дӯст медорад. Мардум, ором шавед. Бигзор онҳо ҳаёти шахсии худашонро дошта бошанд. Кордор нашавед", - як зан.

 

29867
Донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров дар Хабаровск соҳиби ҷоизаи миллии Россия — «Донишҷӯи хориҷии сол – 2020» гардид

Донишҷӯи тоҷик дар Русия барандаи ҷоизаи "Донишҷӯи хориҷии сол 2020" шуд

547
(Таҷдидшуда 12:50 20.10.2020)
Донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров дар Хабаровск соҳиби ҷоизаи миллии Русия — "Донишҷӯи хориҷии сол – 2020" гардид

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Дар шаҳри Хабаровски Русия марҳилаи минтақавии озмун барои Ҷоизаи миллии Рсия — "Донишҷӯи сол – 2020" ба анҷом расид, ки дар он ҷавони тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров пирӯз шуд, хабар медиҳад торномаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур.

Ин озмун аз ҷониби Созмони ҷамъиятии умумирусиягии "Иттиҳоди ҷавонони Русия" дар якҷоягӣ бо KSAU "Маркази минтақавии ҷавонон оид ба иҷтимоӣ ва саломатӣ" баргузор карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, озмуни "Донишҷӯи сол-2020" аз рӯи номинатсияҳои инфиродӣ ва коллективӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти таҳсилоти касбии ҳудуди минтақаи Хабаровск доир гардид.

Дар ин озмун Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур ва маҳфили ҷавонони тоҷик дар минтақаро донишҷӯи факултаи энергетика ва менеҷменти Донишгоҳи мазкур Ҷуманазар Қурбонназаров  намояндагӣ кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи ҳакамон миёни донишҷӯёни 11 донишгоҳи минтақа, донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбоназаров барандаи ҷоиза дар бахши "Донишҷӯи хориҷии сол – 2020" гардид.

"Бо боварӣ метавонам бигӯям, ки Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур, имкон медиҳад, ки орзуҳои инсон амалӣ шавад. Ман аз соли 2018 инҷониб дар озмун ширкат мекардам ва бо ҳайрат ба иштирокчиёни дар саҳна буда, назар мекардам. Ман хеле мехостам, ки ба манфиати донишгоҳ кор кунам ва фарҳангу анъанаҳои мардуми тоҷикро дар байни ҷавонон маъмул кунам"  , - гуфт Қурбонназаров.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни "Донишҷӯи сол-2020" аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Маскав баргузор мешавад.

547
Барчаспҳо:
донишҷӯи тоҷик, Русия, сол, донишҷӯй, донишҷӯй
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1148
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1148
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

0
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0