Ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров дар Душанбе клуби варзишӣ сохт: Раҳмон онро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие спортивного клуба «Парвиз Собиров» в Фирдавсинском районе Душанбе
Открытие спортивного клуба «Парвиз Собиров» в Фирдавсинском районе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар ноҳияи Фирдавсии Клуби варзишии “Парвиз Собиров”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Рахмон подарил квартиры работникам погранслужбы РТ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба  76 корманди Нерӯҳои марзбонии КДАМ хона тақдим кард

Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, муассиси клуби варзишӣ ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 милиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, иншооти варзишӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 468 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 15 нафар соҳиби ҷойи кори доими гардидаанд.

“Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст”,-афзудааст манбаъ..

“Дар ошёнаи якум толори машқи бадан дорои 45 намуд тренажёр барои 55 намуди варзиши чор гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, утоқи кории роҳбари маҷмаа, ҳуҷраи кории мураббиён, ҷойи ивазкунии сару либос, ҳаммом ва ҳоҷатхона дар ошёнаи дуюм толори машқу тамрини гуштини тарзи дзюдо барои 4 гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, дар маҷмуъ барои 100 нафар сохта шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар таҳхонаи бино ояндаи наздик дар нақша аст, ки барои занону бонувон толори машқи бадан бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шавад. Таҷҳизоти зарурии машқу тамрин харидорӣ шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0