Таҳмина Раҷабова нахустин филмашро рӯнамоӣ кард

Таҳмина Раҷабова нахустин филмашро муаррифӣ кард

910
(Таҷдидшуда 16:36 21.12.2020)
Таҳмина Раҷабова, рӯзноманигор ва актрисаи тоҷик нахустин филмашро муаррифӣ кард. Филми мазкур кӯтоҳметраж буда, 28 дақиқаро дар бар мегирад

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Рӯнамоии нахустин филми ин бонуи ҳунар, ки бо забони русӣ офарида шудааст, чанде пеш дар кинотеатри “Зебуниссо”-и Душанбе баргузор гардид.

Таҳмина Раҷабова, собиқ ровии телевизион ва актрисаи тоҷик, феълан дар курси якуми риштаи коргардонии Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематографӣ (ВГИК) таҳсил мекунад. 

Филми нахустини ӯ "Обмани себя" ("Худро фиреб бидеҳ") аз ғуруре нақл мекунад, ки ошиқонро аз ҳам дур месозад.

Ӯ филми мазкурро барои ҳимояи кори курсиаш ба навор гирифтааст.

"Қаҳрамонони марказии филм Хуршед  ва Малика, ки дар даврони мактабхонӣ ошиқи ҳам буданд, бо сабаби як нофаҳмӣ аз ҳам дур мешаванд ва ғурур онҳоро намегузорад, ки тӯли солҳои зиёд ба ҳам оянд. Ҳатто аз имконияти дубора тақдимкардаи тақдир ҳам истифода бурда наметавонанд. Боз ҳамон ғурур ин дафъа байнашон ҷудоии абадӣ меандозад", - менависад "Пресса.тҷ".

Марги нобаҳангоми падар, хонавайронӣ ва ишқи нав : ногуфтаҳои Таҳмина Раҷабова - видео

Бону Раҷабова гуфтааст, ки кори худро тариқи онлайн аллакай ҳимоя кардааст.

Ёдрас мешавем, Таҳмина Раҷабова аввалҳои соли равон бо далели пандемия ва эълон шудани карантин дар мактабҳои олии Русия  аз Маскав ба Душанбе баргашта буд. 

910
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров

Назаров дар бораи убури марзи Ӯзбекистон, вохӯрӣ бо роҳбарону лағви консерташ дар Бухоро

1715
(Таҷдидшуда 18:17 12.01.2021)
Далер Назаров, ҳунарманди маъруфи тоҷикистонӣ пас аз чанд сол бори нахуст дар Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кард. Ӯ ин сафарашро олиҷаноб хондаву гуфтааст, барои консерти лағвшудааш дар Бухоро, дубора ба ин кишвар хоҳад баргашт

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров, ки охирҳои моҳи декабр дар Ӯзбекистон консерт гузошт, таассуроташ аз ин сафари ҳунариашро нақл кардааст.

Ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграмаш, ин сафарро ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд пур аз эҳсоси наҷибу хурсандӣ хондааст.

Вай гуфтааст, сафар ба Ӯзбекистон, ҳарчанд дер боз дар нақша буд, якбора сурат гирифт.

"Ба назарам чунин менамуд, ки ба ин мулоқоти ҷолиб бо тамошобинони Ӯзбекистон бояд омодагии тӯлонӣ бошад. Хусусан, пас аз он ки сарони давлатҳои мо монеаи байни моро бартараф карданд, ки ба ҳама хурсандии зиёд овард ва ман ин ҳодисаро дар солҳои охир матлубтарин ва хурсандибахш мешуморам", - қайд кардааст ӯ.

Далер Назаров омили асосии рушд накардани эстрадаи тоҷикро тавзеҳ дод

Вай афзудааст, ки "новобаста аз пандемия ва баста будани марзҳо, марзбонон  моро хушҳолона пешвоз гирифтанд ва пас аз гузаштани тамоми расмиятҳо ба сарзамини ошно ворид шудем".

"Дар чашми пешвозгирандагон як ҳаяҷон ва тантана намудор мешуд, дар дили мо бошад ҳеҷ "мову шумо"-е набуд, танҳо шодӣ аз вохӯрии деринтизор буд", - афзудааст Далер Назаров.

Овозхон таъкид кардааст, ки дар Самарқанду Тошканд вақташ хуш ва пур аз муҳаббат гузашт. Аммо ҳунарнамоияш дар шаҳри Бухоро бо сабабҳои номаълум лағв шуд.

Хоҳишмандон зиёд шуданд: Далер Назаров дар Тошканд ду рӯз консерт медиҳад

"Мутаассифона, консерти мо дар Бухоро, ки хело интизорамон буданд, лағв шуд. Сабабашро намедонем, аммо медонем, ки вохӯрӣ дар ин шаҳр дар сатҳи олӣ албатта мешавад", - таъкид мекунад ӯ.

Овозхон, қайд кардааст, ки дар давоми ин сафар бо табақаҳои гуногун, аз ҷумла аз роҳбарон то ошпазҳову савдогарон мулоқот дошт.

"Ман инро барои он мегӯям, ки касеро махсус интихоб накардем, ҳама бидуни ягон маҷбурӣ хурсанду самимӣ буданд", - таъкид мекунад ҳунарманд.

Далер Назаров афзудааст, ки то ҳол ба унвонаш "мактубҳои саршор аз меҳру муҳаббат мерасанд ва дар оянда ин ҳама самимият дар таронаҳои тозааш дарҷ хоҳанд шуд".

1715
Барчаспҳо:
консерт, таассуроти нахустин, Ӯзбекистон, Далер Назаров
Манижа Давлат, архивное фото

Рақси Манижа Давлат ба навор афтод - видео

9128
(Таҷдидшуда 17:41 12.01.2021)
Сарояндаи саршиноси тоҷик Манижа Давлат, ки солҳост тарки саҳна кардаву дар ягон чорабинии фарҳангӣ ширкат намекунад ва аз наворбардорьӣ дурӣ меҷӯяд, дар шабнишиние ба навор афтод

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ахиран мудели машҳури тоҷик Парвина Саидова дар сториси instagram-аш навореро нашри кард, ки дар он ҳамроҳи Манижа Давлат зери навои эронӣ чарх мезананд.

Манижа Давлат дар навбати худ дар сториси instagram-аш барои ташкили ин шабнишинӣ аз Парвина Саидова сиосгузорӣ карда ин рӯзро аз хушбахтарин лаҳзаи ҳаёташ гуфтааст.

"Агар инсон мехостааст барои як лаҳзаи хушбахии дӯсташ, дар як шаб дар байни ҳамагӣ чанд соат чӣ корҳоеро ичро намекардааст...Бо вуҷуди он қадар исрори на гуфтани ман, ту барои як шаб хурсандии ман хамаи инро муҳайё кардӣ, чанд сол буд, ки чунин хурсанд набудам...Дӯстам, хоҳарам аз ту миннатдорам, дили маро як лаҳза шод кардӣ бигзор Худованд шодии ду дунёро барои туву фарзандонат ато кунад",- навиштааст Манижа дар саҳифаи instagram-и худ.

Корбарони интернет ҳадс задаанд, ки ин шабнишинӣ шояд зодрӯзи Манижаи Давлат бошад, ки 31 декабр ба дунё омадааст, вале Парвина Саидова дар посух ба ин савол гуфтааст, ки ин танҳо як базми хонаводагӣ буд.

Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-и шаҳри Кӯлобро хатм кардааст.

Соли 2006 бошад риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро поён бурдааст.

Манижа Давлат дар авоили соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва форсзабонҳо маҳбубият пайдо кард.

Ӯ дар соли 2002 консерти нахустини худро дар "Кохи Борбад"-и Душанбе баргузор карда, ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи "Сарнавишти ман" пешкаши мухлисонаш кард.

Манижа аз камтарин овозхонҳое ҳаст, ки солҳои дароз дар саҳна нест, вале маҳмубияташ ҳамоно кам нашудааст.

9128
Барчаспҳо:
Манижа Давлат, Парвина Саидова, Душанбе
Самолет, на фоне заката

Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро сар кард

15
Парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи чоршанбе сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Uzbekistan Airways парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро аз сар гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд имрӯз, 20 январ пас аз танаффус, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба вуқӯъ пайваст, бори аввал аз баҳор сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, дар оянда парвозҳо рӯзи чоршанбе тибқи ҷадвал сурат мегиранд.

Ҳавопаймо аз Тошкандро соати 8-и субҳи вақти маҳаллӣ парида, пас аз як соат дар пойтахти Тоҷикистон фуруд хоҳад буд.

Бозгашти ҳавопаймо аз Душанбе соати 11 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, соати 12-и нисфирӯзӣ вориди Тошканд мешвад.

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиёти мусофирбарро бо кишварҳои дигар қатъ кард.

Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси содиротӣ ба ватанашон ташкил карда шуд.

Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ сурат гирифт.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Қаблан директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Тошкандро низ ҳар ҳафта - рӯзҳои ҷумъа анҷом хоҳад дод.

15
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, парвозҳо, Тоҷикистон