ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Фаридун Одилов ду рӯзи ахир аст, ки дар авҷи шӯҳрат қарор дорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз акси варзишкор ва таҳсинҳои саршор нисораш. Ҳаводорони варзиш қаҳрамонаш мехонанд.
Аслан, исми Фаридун Одилов дар варзиши Тоҷикистон нав нест: ӯ танҳо дар риштаи самбо қаҳрамони 5-каратаи ҷумҳурӣ аст. Дар ҳамин ришта қаҳрамони Осиё низ шудааст.
Аммо пирӯзии ахири Фаридун дар муҳорибаҳои тарзи омехта, номи ӯро дар дохилу хориҷи кишвар машҳуртар кард. Акнун, Одилов, дастпарвари клуби "Аҳмад Тоҷикистон" соҳиби ду камарбанди EFC аст.
Фаридун Одилов, варзишкори номии тоҷик дар соҳаи самбо, гӯштин ва муҳорибаҳои омехта 9 феврал дар Маскав дар мусобиқаи Eagle Fighting Championship (EFC) ба ҳарифи русаш Сергей Калинин пирӯзии мутлақро ба даст овард.
Sputnik Тоҷикистон бо ситораи варзиш мусоҳиба кард ва сирри муваффақиятҳояшро пурсон шуд. Фаридун дар ин сӯҳбат аз муносибати хонаводааш бо муҳорибаҳои омехта, муносибатҳояш бо варзишкори машҳур Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳиссиёташ аз пирӯзӣ нақл кард.
- Фаридун меҳри варзишро дар дили шумо кӣ бедор кард ва чигуна ба ин роҳ рафтед?
- Варзиш - "касб"-и авлодии хонаводаи мост. Падарам хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Душанбе, устоди варзиш ҳастанд. Дар кӯдакӣ доим падарро машғули тамрин медидам. Ман, ки писари калонии хонавода будам, дар бари падар саҳаргоҳон медавидам.
- Машқро дар чандсолагӣ сар кардед, оё шуморо ҳам ба тамрин кардан маҷбур мекарданд?
- Саҳархезиро маҷбур мекарданд, машқро не. Ман худамро дар ёд дорам, ки машқ мекунам, хело хурд будам. Тамрини бадан - дар хонаводаи мо дар реҷаи ҳаррӯза дохил мешавад ва ҳатмист. Падарам машқ мекард, ман машқ мекардам ва ҳоло додаронам тамрин мекунанд.
- Ба варзиши касбӣ кай пайвастед?
- Вақте мактабхон будам, падарам ба соҳаи маориф гузаштанду манро барои тамрин назди дигар мураббиҳо, ба назди Абдувосид Шодиев барои тамрини гӯштин равон карданд.
Баъди хатми мактаб, соли 2010 ман ҳам бо роҳи падар рафтам - ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе дохил шудам ва соли 2015 соҳаи омодагии дифои ҳарбии донишкадаро хатм кардам.
- Шумо дар риштаи самбо ба муввафақиятҳо ноил гаштед. Чаро ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, муҳорибаҳои омехтаро пеш гирифтед?
- Соли 2015 ман дар мусобиқаи самбо 5-ум бор қаҳрамон шудам. Дар ҳамон ҷо як устоди варзиш ба ман пешниҳод кард, ки дар муҳорибаҳои омехта низ қувваи худро санҷам. Аз соли 2016 муҳорибаҳои ман дар ин ришта низ сар шуданд.
Як сабаби дигар ҳам ҳаст. Барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 сахт омодагӣ дида будам, аммо роҳхатро ба даст оварда натавонистам. Каме дилшикаста шудам ва маҳз баъди ҳамин тасмимам дар муҳорибаҳои омехта ҷиддӣ шуд.
- Касе аз хонаводаатон садди роҳатон нашуданд?
- Дар авал ҳам падар ва ҳам модарам мухолифи муҳорибаҳои ман дар ММА буданд. Падарам феълан ин иқдоми маро қабул кардааст, вале модарам то ҳол таъкид мекунанд: саломатиатро эҳтиёт кун. Баъзан, пешниҳод ҳам мекунанд: "бас кун ин намуди варзишро".
- Ин чандумин муҳорибаи шумо дар муҳорибаҳои омехта аст?
- Ин бори 15-уми аст, ки ман ба октагон мебароям. 11 пирӯзӣ дорам, 2 бор мағлуб шудам ва 2 маротиба бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба анҷом расид.
Размикори тоҷик Фаридун Одилов, Калининро буғӣ карда, қаҳрамон шуд - видео
- Кадом заифиҳои Сергей Калинин ва ё кадом бартариҳоятон боиси пирӯзии шумо гаштанд? Ба ин бозӣ чанд вақт омодагӣ дидед?
- Барои бозӣ 2,5 моҳ омодагӣ дидам. Тамринҳо қисман дар Душанбе буданд ва қисми дигарашон дар Маскав идома ёфтанд. Ман фикр мекунам бартарии асосии ман дар таҷрибаам буд. Калинин аз ҳамин ҳисоб натавонист ба ман пирӯз шавад.
- Усули буғӣ карданро, бори нахуст истифода кардед?
- Дар муҳорибаҳои омехта мо бояд тактикаҳои гуногунро истифода барем. Аз ҷумла буғӣ карданро. Ин усул бароям нав нест ва истифода аз он ҳаққи варзишкории ман дар риштаи муҳорибаҳои омехта аст.
- Ҳамкориҳоятон ба "Аҳмад Тоҷикистон" чигуна сар шуданд? Бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов, варзишкори номии доғистонӣ ҳамкорӣ доред?
- Бо Ҳабиб шахсан шинос нестам. Дар ҳамин муҳорибаи ахирон бори нахуст ӯро дидам. Сӯҳбати кӯтоҳи мо дар майдон буд, тамом. EFC ташкилоте, ки муҳорибаро ташкил кард, марбут ба Ҳабиб аст.
Бо бошгоҳи "Аҳмад Тоҷикистон" ва президенти он Раҷабалӣ Баёнов бошад, ҳамкориҳоямон аз соли 2016 сар шуданд. Зери назорати ӯ машқ мекунам ва маҳз бо дастгии Баёнов дар муҳорибаҳо ширкат меварзам.
- Дар муҳорибае, ки Ҳабиб дар Душанбе ташкил карданист, ширкат мекунед?
- Намедонам. Аммо бояд қайд кард, ки гузаронидани муҳорибаҳои тарзи омехта як мудат дар Тоҷикистон мамнӯъ буданд. Чанде пеш иҷозат доданд ва ташкили чунин муҳориба боиси хурсандии мо аст. Ҳабиб аз ин иқдомаш дар ҳамон муҳорибаи шоми 9-уми феврал низ эълон кард ва гуфт, ки дархостҳои ҳаводорони ин ришта аз Тоҷикистон зиёд аст.
- Ифодаи эътиқоди варзишгар дар майдон ба фикри Шумо бо кадом сабаб аст? Диндорӣ ба шумо нерӯ мебахшад?
- Ман дар ин бора ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Фақат гуфтан мехоҳам, ки ҳиссиёте, ки пеш аз мусобиқа варзишгарро фаро мегирад, худаш медонаду Худованд...
Ман ҳам пеш аз мусобиқа пеш аз мусобиқа аз Худованд бисёр зораву тавалло кардам, ки пирӯзиро насиби ман гардонад. Фақат такя бар Худо карда будам, вақте ки камарбандро гирифтам, шукрона кардам ва ин ҷо ягон худнишондиҳӣ набуд, ҳама аз таҳти дил буд. Ман боварӣ надоштам, ки ғолиб меоям.
- Нахустин фикре, ки пас аз пирӯзӣ ба саратон омад, чӣ буд?
- Оҳи сабук ва як фикр, "тамоми заҳматҳои кашидаам барои ҳамин буданд".
- "Тоҷикистон ба пеш" - шиори Шумост?
- Бале, шиори бошгоҳи мост. Ин шиор аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон, ки бисёр варзишгаронро дастгирӣ мекунанд, маншаъ мегирад. Аз ман ҳам ҳаст.
- Дар як рӯз чанд соат машқ мекунед ва оё вазнатонро танзим мекунед: дар шумо ҳам "парҳез" ҳаст?
- Қариб тамоми рӯз ман дар толори машқам: дар як вақт мураббӣ ҳам ҳастам ва варзишкоронро субҳу шом машқ меомӯзам. "Диета" надорам, вале вазнамро танзим мекунам - камарбанди нахустинам дар вазни 93 кило буд, дувуминаш дар вазни 84 кило.
- Чаро шуморо Фаридуни "терминатор" мегӯянд?
- Намедонам, ин саволро ба Раҷабалӣ Баёнов диҳед, ки ин лақабро вай ба ман додааст.
- Пирӯзии шумо ҷоизаи пулӣ ҳам дошт?
- Бале, мусобиқаҳо албатта бидуни ҳавасмандкунии молӣ намешаванд, аммо ҳаҷмаш махфист.
- Беҳтарин варзишкорони ҷумҳурӣ ба фикри Шумо киҳоянд?
- Комроншоҳ Устопирён, Баҳодур Усмонов, Дилшод Назаров ин рӯйхат дароз аст.
- Ғайр аз варзиш, ҳунари дигаре ҳам доред?
- Аз ӯҳдаи хӯрокпазӣ мебароям: тухмбирён омода мекунам. (механдад - идора).
- Боре аз баҳри варзиш баромадаед?
- Рӯҳафтода шудам, аммо аз баҳри варзиш набаромадам.
- Нақшаҳои Шумо?
- Ҳар медале, ки аз хориҷ ё аз дохил мегирифтам, ба падарам мебурдам. Камарбанди нахустинам, ки моҳи окятбри соли 2020 ба даст омад, тақдими падарам гашт. Ин бор ният кардам, ки агар камарбанд гирифтам ба модарам мебарам. Вақте ба Тоҷикистон рафтам, камарбандро ба модарам тӯҳфа мекунам.
Мехоҳам дар оянда ба октагонҳои ҷаҳонӣ, ба UFC роҳ ёбам ва номи Ватанамро муаррифӣ кунам.
Фаридун кист?
Фаридун Одилови 28-сола зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аст. Хатмкардаи факултаи Омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймуъмин Раҳимов, қаҳрамони панҷкаратаи мусобиқаҳои самбои ҷумҳурӣ, қаҳрамони Осиё дар риштаи самбо ва ҳамакнун соҳиби ду камарбанд дар муҳорибаҳои омехта.
Асосан дар вазни 84 килограм вориди муҳорибаҳо мешавад. Ӯ дар риштаи муҳорибаҳои омехта дар WFCA, FNG, Gorilla Fighting Championships ба майдон баромадаст. Бозиҳои номовараш бо ҳарифонаш Дмитрий Шевораков, Жанwанг Ианг, Лан Уу буданд.
Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт
Фаридун Шодиев Абдувосид, Муллобоев Бурҳонбой, Ибронов Ҷамшед Зайдуллоев Изатуллоро мураббиёни худ медонад. Панҷ маротиба ҳарифонашро нокаут кардааст ва як маротиба нокаут шудааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.
Духтарони зебои Тоикистонро - як дороии дигари кишвар мегӯянд. Бонувони минтақаҳои гуногуни кишвар вобаста аз иқлиму шароит зоҳиран фарқ мекунанд: ранги ҷашм, ҳаҷми он, абрӯ, бинӣ ва ҳоказо.
Пӯшида нест, ки новосбата аз нажоду рангу шакли даҳону бинӣ одамони ҷаҳон ба ҳам монанданд.
Ситораҳои Ҳолливуд, ки машҳури тамоми дунёянд, агар куртаи тоҷикӣ пӯшанду акс гиранд, онҳоро аз як бону тоҷикистонӣ фарқ кардан мушкил мешавад.
Sputnik Тоҷикистон рӯйхати чунин ҳунрамандони саҳнаи ҷаҳониро ҷамъоварӣ кард.
Ҳунарпешаи Ҳолливуд Пенелопа Круз яке аз дурахшонтарин диваҳои кинои Ғарб аст, бешубҳа, аввалин шуда байни онҳое истидааст, ки духтари бадахшонӣ метавон гуфт.
Ба чашмони чуқури ғарқшуда ва абрӯвони саркаши ӯ нигариста, шумо бешубҳа мефаҳмед, ки қаҳрамони "Осмони ванилӣ" метавонист дар ягон гӯшаи Шуғнон таваллуд шавад.
Доғи кунҷитаки рӯи Круз хоси мардумони кӯҳиест, ки дар баландии бештар аз 6 ҳазор аз сатҳи баҳр зери нурҳои сӯзони офтоб ба сар мебаранд. Дар ҳамин ҳол, Пенелопа Круз зодаи шаҳри Алкобендами Испания аст.
Духтари оташин, Салма Хайек тамоми хусусиятҳои зоҳироро дорост, ки барои гирифтани унвони "тоҷикдухтар" мубориза барад.
Агар ба чеҳраи Салма бодиққат нигарем ва махсусан ба аксҳои ҷавониаш метавон чанд ҷои монандашро бо ҳунарманди зебои тоҷик Манижа Давлатова пайдо кард: чашмони гирд, қаду қомати расо ва муҳимаш абрӯвони сиёҳ.
Албатта метавонанд, мухлисони Манижа иддао кунанд, ки мисли ҳунарманди тоҷик дар ҷаҳон зебое нест.
Салма Хайек зодаи Мексика аст ва дорандаи ҷоизаи "Оскар" мебошад.
Дар назари аввал, изҳороти монандаи ситораи шоуи амрикоӣ ба ягон духтари тоҷик шубҳаовар ва ҳато метавонад таҳқиромез намояд.
Аммо бо назардошти он ки феълан стандартҳои зебогӣ дар тамоми ҷаҳон тағйир меёбад ва маҳз асари "технологияи нав" як гурӯҳ бонувони ба ҳам монандро сохтааст. Рӯшантар гӯем, лабҳои бо роҳи сунъӣ васеъкарда, андоми бо роҳи амалиётҳои ҷарроҳӣ тағйирдодашуда, мӯйҳои сунъӣ ва абрӯвони сунъӣ барои ситораҳои тоҷик низ истисно нест.
Бигзор дигаргуниҳои зиҳирии овозхони попи тоҷик Шабнами Сурайё, худашон бозгӯӣ ин далелҳо бошанд.
Овозхон ва ҳунарпешаи чобуки амрикоӣ Селена Гомес бо чашмони бодомшакл метавонист дар замони хонигарии Бухоро таваллуд шавад ва боиси илҳоми шоирони тоҷику форс шавад.
Дар чеҳраи ин зани мексикоӣ-итало-англисӣ, ба мисли метисои ҳақиқӣ, якбора якчанд гурӯҳҳои этникӣ муттаҳид шуданд, бинобарин чеҳраи ӯ ба намуди духтарони минтақаҳои шимолии Тоҷикистон - Хуҷанд ё Панҷакент шабоҳат дорад.
Селена Гомес шояд хабаре ҳам надорад, ки дар як гӯшаи ҷаҳон духтари ба вай монанди оддие ба сар мебарад.
Ҳунмарманди ҳиндуитабор, ки бештар дар филмҳои бритониёиву амрикоӣ нақш мебоазад, духтари сабзинаи тоҷикистониеро мемонад.
Фрида дар Бомбей таваллуд шудааст ва махфӣ нест, ки тоҷикону ҳиндустониҳо монанд. Фрида Пинто решаҳои португалӣ низ дорад, аммо аз ҳиндустонӣ буданаш, хушаш меояд.
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дилафрӯз Хоникбоева, як тоҷикдухтар дар Амрико ба як мансаби олӣ тавонист роҳ ёбад. Хабар дар бораи он, ки як духтар аз Тоҷикистон ба тими президенти нави Амрико Ҷо Байден шомил шуд, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро шод ва шигифтзада кард.
Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки то куҷо ин хабар дуруст ва Дилафрӯз Хоникбоева кист.
Аслан дар бораи расидан ба як мансаби аршад дар Амрико худи Дилафрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.
Ба иттилои вай, ӯ ҳамакнун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) аст.
View this post on Instagram
Ташкилоти USAID ҳарчанд бевосита ба мудирияти Байден иртибот надошта бошад ҳам, марбут ба Ҳукумати Амрикост, ки роҳбараш феълан Ҷо Байден аст.
Гузашта аз ин, худи Хоникбоева шомил шудан ба тими Байденро дар навиштааш тасдиқ мекунад.
"Ман савганд хӯрдам ва ба ҳайъати тими Байден ҳамчун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) шомил шудам", - менависад вай.
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук садҳо кораброн аз ин хабар изҳори хушнудӣ кардаву садҳо нафар ӯро ба ин муносибат шодбош гуфтаанд ва барояш комёбӣ таманно кардаанд.
"Мо аз ин ҳамватани худ ифтихор дорем ва барояш муваффақият таманно мекунем", - менависад як корбари Фейсбук.
"Чӣ хабари хуше, бо ту ифтихор дорем ва бароят муваффақият таманно мекунем. Бигзор сафи ту баринҳо бештар шаванд", - менависад нафари дигар.
View this post on Instagram
Худи Дилафрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш бо чанд забон ба шодишариконаш изҳори сипос кардааст ва гуфтааст, ки ҳатто интизор ҳам надошт, ки ин қадар мактубу шодбошӣ мегарад ва гоҳе ҳангоми хондани онҳо аз чашмонаш ғайриинтизор ашк рехтанд.
Ин зани ҷавон, қариб се даҳсола пеш ба Амрико муҳоҷир шудаву таҳсили мактаби миёна ва олиро дар иёлот гирифтааст.
"Ман як бонуи муҳоҷири ҷавони тоҷики помирии исмоилимазҳаби мусалмон ҳастам. 25 сол пеш хонаводаам аз Тоҷикистон ба Амрико кӯч бастанд", - навиштааст вай ва афзудааст, ки дар як кишвари бегона мардуми хуб кӯмакаш карданд.
Дилафруз Хоникбоева 32-сола дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи коргар таваллуд шудааст.
Соли 1995 хонаводаи онҳо ба Амрико мераванд, ки дар ин вақт Дилафӯз ҳамаги 7 сол дошт.
Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт
Баъди хатми мактаби миёна дар Амрико, ӯ таҳсилашро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон дар риштаи таҳлилу ҳалли низоъҳо ба ҳайси ҳуқуқшинос оғоз мекунад.
Баъди хатми донишгоҳ дар USAID, дар Вашингтон кори худро оғоз кард. Баъди як муддати фаъолият ӯро ба Бунёди Оқохон (AKF) дар ИМА ба кор даъват мекунанд, ки Дилафрӯз инро мепазирад.
View this post on Instagram
Баъдан як бурсияи муҳими ҳукумати Амрико Presidential leadership scholars-ро дарёфт мекунад. Ин бурсия дар ИМА хеле бонуфуз аст, ки роҳи соҳибонашро барои рушд ҳам дар сиёсат ва ҳам дар ҷомеа хеле ҳамвор мекунад.
Оиладор ва донандаи чанд забони хориҷӣ аст.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.
Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.
Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.
Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.
Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.
Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео
Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.