Низоми мусофиркашонӣ дар Душанбе нав мешавад

© SputnikНақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи лоиҳаи “Шаҳри оқил”, интизор меравад, ки рафтуомади нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе аз маркази ягона идора шавад.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. "Спейс Тим" холдинги технологии Русия мегӯяд, бо шаҳрдории Душанбе дар мавриди роҳандозии низоми муосири идораи нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон ба тавофуқ расидааст, навиштааст сомонаи холдинг.

Дар доираи лоиҳаи "Шаҳри оқил", интизор меравад, ки рафтуомади нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе аз маркази ягона идора шавад.

"Дар баробари нав кардани нақлиёти мусофирбар, низоме роҳандозӣ мешавад, ки воситаҳои нақлиёт саривақт ва бо суръати нисбатан тезтар ҳаракат мекунанд", — омадааст дар сомона.

Алексей Шербаков, сардори шуъбаи содироти "Спейс Тим Холдинг" мегӯяд, феълан дар соҳаи мусофирбарии Душанбе бесарусомоние вуҷуд дорад, ки дар он тартибу низоме тақрибан дида намешавад.

Ӯ мегӯяд, аз лаҳзае, ки дар Душанбе нахустин автобусу троллейбусҳои муҷҷаҳаз бо барномаи "ST PassengerPro" ба ҳаракат медароянд, сокинон имкон пайдо мекунанд, ки аз лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳо вақти дақиқи расидани воситаи нақлиётро бинанд.

Инчунин имкон фароҳам мешавад, ки мусофирон тариқи интернет аз портали ST TransPort Web ҷадвал ва хатисайри воситаи нақлиётро дарёфт кунанд.

Ин лоиҳа тайи солҳои 2015-2016 дар Душанбе мавриди санҷиш қарор мегирад ва дар сурати муваффақияташ дар тамоми ҷумҳурӣ метавонад роҳандозӣ шавад.

Лентаи хабарҳо
0