Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Эрон дар ҶТ

Сафири Эрон: “Истиқлол” то поёни имсол бозсозӣ мешавад

3
Сафир гуфт, дар он замон ширкатҳои эронӣ мебоист бо суръат ковиши нақбро ба анҷом мерасониданд, “ба ин далел мушкилотро аз пайи худ боқӣ гузоштанд”.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. То поёни имсол нақби "Истиқлол", воқеъ дар масири Душанбе-Хуҷанд, таҷдид ва бозсозӣ хоҳад шуд, зимни як нишасти хабарӣ 9 январ гуфт Ҳуҷҷатуллои Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Ин нақб аз ҷониби давлати Эрон сармоягузорӣ ва ҳам аз ҷониби ширкатҳои ин кишвар сохтмонаш дар соли 2006 ба анҷом расидааст. Аммо ба далели вайронӣ ва шоридани об то кунун нақлиёт бо душвори аз он убур мекунад.

Сафир гуфт, дар он замон ширкатҳои эронӣ мебоист бо суръат ковиши нақбро ба анҷом мерасониданд, "ба ин далел мушкилотро аз пайи худ боқӣ гузоштанд".

Ҳуҷҷатулло Фағонӣ 3 моҳ қабл ба ҳайси сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Пеш аз вай, Алиасғари Шеърдӯст Эронро намояндагӣ мекард.

Баъд аз сари кор омадани ҳукумати нав дар Эрон дар соли 2013, Шеърдӯст барканор шуд ва моҳҳо ин сафорат дар Тоҷикистон сафир надошт.

Ҷумҳурии исломии Эрон аввалин кишварест, ки бо пош хӯрдани ҳукумати шӯравӣ дар соли 1991 ва мустақил шудани Тоҷикистон сафорати худро таъсис додааст.

3
Барчаспҳо:
душворӣ, то поёни сол, бозсозӣ, нақб, нақлиёт, сафорати Эрон, "Истиқлол", Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Эрон, Душанбе
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Маскав оғози парвозҳо ба Душанбе аз моҳи октябрро баррасӣ дорад-расонаҳо

5122
(Таҷдидшуда 14:23 15.09.2020)
Русия аз сар гирифтани парвозҳо ба пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи октябрро баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Маскав масъалаи оғози парвозҳо бо пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ дорад, хабар дод “Интерфакс” аз қавли манобеи огоҳаш.

Дар назар аст, ки парвозҳо моҳи октябр аз сар гирифта шаванд.

“Дар навбати аввал низоми оғози парвозҳо дар моҳи октябр бо пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дорад. Феълан сухан дар бораи оғози парвозҳо ба Нур-Султон, Тошканд, Баку, Ераван, Душанбе ва ғайра меравад”, - изҳор дошт манбаъ.

Интизор меравад, нахустин парвозҳо аз Маскав ба Минск оғоз мешаванд.

Мусоҳиби хабаргузорӣ таъкид намудааст, ки санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

5122
Барчаспҳо:
ИДМ, Русия
Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото

"Киш Эйр" 25 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон баргардонид

200
(Таҷдидшуда 15:16 04.09.2020)
Шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ширкати ҳавопаймоии "Киш Эйр" аз Машҳад ба Душанбе баргардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ин парвоз дар ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи Эрон анҷом дода шуд.

Бино ба гузориши Вазорати хориҷа, 35 нафар шаҳрвандиТоҷикистон  тавассути парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии "Киш Эйр" аз Машҳад ба Душанбе баргардонида шуданд.

Ҷадвали 13 парвоз аз Хуҷанду Душанбе ба Русия: ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам иҷоза шуд

Ҳамзамон тавассути ин парвоз марҳилаи дуюми ёрии тиббии Эрон ҷиҳати мубориза бо бемории ҳамагирии Cоvid-19 ба Тоҷикистон расонида шуд.

Ин дуввумин бастаи эҳдоии Эрон ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории вируси корона мебошад.

Русия масъалаи сафари донишҷӯёнро аз Тоҷикистон баррасӣ мекунад: посухи сафорат

Ин баста, ки тавассути муовинати илмӣ ва фанноварии раёсати Эрон ирсол шудааст, шомил колоҳое аз қабили вентилятор, термометр, пулсоксиметр, компрессор, маҳлулҳои антисептикӣ ва васоили ташхис мебошад.

200
Барчаспҳо:
баргардонидан, вижа, парвоз, Эрон, Тоҷикистон
Парламентские выборы в Таджикистане

Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

0
(Таҷдидшуда 19:39 18.09.2020)
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
мақомот, таъсис, участкаҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон