Мусофирони ҳавопаймо дар интизории парвоз. Акс аз бойгонӣ

Дар фурудгоҳи Истамбул 150 шаҳрванди Тоҷикистон дармонданд

3
(Таҷдидшуда 18:00 19.02.2015)
Рехтани барфи зиёд аз рӯзи 18 феврал ба ин тараф боиси ба таъхир уфтодани даҳҳо парвоз аз фурудгоҳи Отатурк – бузургтарин фурудгоҳи шаҳри Истамбул – “пойтахт”-и тиҷоратии Туркия шудааст.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Як шабонарӯз боз 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Истамбул монда, ба Душанбе парвоз карда наметавонанд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Равшан Абдуллоев, яке аз ин мусофирони "дармонда" гуфтааст, дар байни мусофирони тоҷик занону кӯдакон ҳам бисёранд. Ба қавли ӯ, масъулони фурудгоҳ ба онҳо гуфтаанд, ки дастикам то шоми 20 феврал анҷоми парвоз ба Душанбе имкон надорад.

 "Ба ин тартиб, мо то шоми ҷумъа ин ҷо мемонем. Вале дар ҳоле ки мусофирон аз кишварҳои дигарро бо ҷои хоб таъмин карданд, касе ба мусофирон аз Тоҷикистон таваҷҷӯҳ нишон намедиҳад. Ҳоло дар канори мо мусофирон аз Италияву Испания ҳам истодаанд ва онҳо ҳам ҷанҷол доранд, ки чаро масъулони фурудгоҳ онҳоро бо меҳмонхона таъмин намекунад?",- иброз доштааст Абдуллоев.

Рехтани барфи зиёд аз рӯзи 18 феврал ба ин тараф боиси ба таъхир уфтодани даҳҳо парвоз аз фурудгоҳи Отатурк — бузургтарин фурудгоҳи шаҳри Истамбул — "пойтахт"-и тиҷоратии Туркия шудааст. Дар байни дармондагон то 150 мусофир аз Тоҷикистон ҳам будаанд, ки дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, масъулони фурудгоҳи Отатурк онҳоро бо ғизо ва меҳмонхона таъмин накардаанд.

Аммо як масъули ширкати "Туркиш эйрлайнз" дар Душанбе эътироф кард, ки бар асари боридани барф  6500 мусофир дар фурудгоҳи Отатурк дармондаанд. Вале ин ҳамсӯҳбати Озодӣ гуфтааст, бино ба маълумоти онҳо, ҳамаи ин мусофирон, бо шумули мусофирони тоҷикро бо ғизову ҷои истироҳат таъмин мекунанд.

Ҳамзамон, Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба иброз доштааст, ки  ба таъхир уфтодани парвози имрӯзаи ҳавопаймои "Туркиш Эйрлайнз" дар хатти Истамбул —Душанбе дуруст аст ва қарор аст, шоми 20 феврал ду парвозро як карда, мусофирони дармондаро субҳи шанбе, ки аллакай 21 феврал фаро мерасад, ба Душанбе бирасонанд.

Рехтани барф дар ду рӯзи охир равуои нақлиёти заминиро дар Истамбул низ мушкил кардааст.  Гуфта мешавад, баландии барф ба 60 сантиметр мерасад ва бисёре аз 15 миллион аҳолии Истамбул маҷбур шудаанд, пиёда худро ба ҷои кор бирасонанд.

 "Turkish Airlines"  дар масири Истамбул-Душанбе ҳафтае 3 маротиба  - шоми чоршанбею ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои ин ширкат аз Душанбе ба Истамбул субҳи душанбеву панҷашанбе ва шанбе парвоз мекунанд. Ба ғайр аз ин аз пойтахти Тоҷикистон ба Истамбул ширкати "Сомон Эйр" низ ҳафтае ду парвоз дорад.

 

3
Барчаспҳо:
парвоз аз Истамбул ба Душанбе, банд, дармонданд, Отатурк, Turkish Airlines, Сомон Эйр, Муҳаммадюсуфи Шодӣ, Равшан Абдуллоев, Истамбул, Туркия, Душанбе, Тоҷикистон