Тамбаи нақлиёт дар ҷоддаи Душанбе- Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Қатъи муваққатии ҳаракат дар ҷоддаи Душанбе- Хуҷанд

16
Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд бо сабаби хатари фаромадани тарма манъ гардидааст. Тайи чанд рӯзи ахир дар ин ҷоддаи чор нафар ҷони худро аз даст доданд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳаракати шабонаи  нақлиёт тавассути ҷоддаи Душанбе- Хуҷанд аз рӯзи 24 феврал манъ гардид, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.

"Манъи ҳаракати нақлиёт то кадом вақт идома мекунад, ҳоло номаълум аст",- шарҳ доданд масъулини РВКД дар вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, қатъи ҳаракат дар масири Душанбе- Хуҷанд бинобар сабаби фуромадани тарма ва резиши барф аз сар гирифта шудааст. Тайи чанд рӯзи ахир дар ин самт чор нафар қурбон шуданд.

Ҳамзамон, шурӯъ аз рӯзи душанбе ҳаракати нақлиёт аз пойтахти кишвар ба самти Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ қатъ гардида, рафтуомади сокинони Мурғоб ва  Ишкошим бо сабаби барфи зиёд номумкин шудааст.   

16
Барчаспҳо:
хатари тарма, барфрезӣ, ҳалокати чор нафар, тармафароӣ, ҳаракат манъ шудааст, ҷодда, РВКД дар вилояти Суғд, Хоруғ, Хуҷанд, Душанбе
Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане

Ҳушдори БДА ба ронандагон: дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ ва Кӯлоб - Хоруғ боэҳтиёт бошед

276
(Таҷдидшуда 13:09 19.11.2020)
Ба ронандагон хушдор дода мешавад, ки ҳангоми борону барф аз таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳатман риоя намоянд.

БДА мегӯяд, ҳангоми бориши борон ва барф ронандагон бояд дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдат-Рашт-Лахш, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Лабиҷар-Сангвор-Қалаи Хумб, Айнӣ-Панҷакент боэҳтиёт бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Акбар Қурбонзода хабар медиҳад.

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

Полковник сабаби сар садани садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо шарҳ дод.

"Баъзе ронандагони мошинҳо дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ барои сарфа намудани сӯзишворӣ ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузошта, бо муҳаррики хомӯшкардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии ба муҳаррик пайвастнашуда ҳаракат менамоянд, ки ин сабаби сар задани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мегардад”-, изҳор медорад А.Қурбонзода.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ба таври нокифоя дида шудани роҳ дар гардишҳои хатарнок, дар охири баландии роҳ (кӯтал) ва дигар минтақаҳои дидашавандагияшон муҳдуди роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, махсусан пулҳо ва нақбҳо сабқат ва таваққуф нанамоянд.

Ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш, ки вазни ниҳоии ҷоизаш зиёда аз 3,5 тонна мебошад, ба монанди трактор ва автобусҳо ҳангоми бозистӣ ва таваққуф дар баландии роҳ (кӯтал) ва нишебиҳои роҳҳои кӯҳӣ аз воситаҳои зидди ғелиш (танбаҳо) истифода баранд.

Ҳамчунин дар вақти бориши борон ва барф ба ронандагон иловатан хушдор дода мешавад, ки  таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд.

276
Барчаспҳо:
ҳушдор, барф, БДА, Тоҷикистон
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

446
(Таҷдидшуда 19:55 10.11.2020)
Хуҷанд пас аз Душанбе дуввумин шаҳри Тоҷикистон шуд, ки пардохти роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ тавасути корти электронӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар автобусҳои Хуҷанд системаи пардохти ғайринақдии City Card роҳандозӣ карда шуд, менависад сомонаи "SugdNews".

Ба иттилои манбаъ, кортҳои электронӣ арзишашон 10 сомонӣ буда, онро метавон дар 74 терминалҳои дар саросари шаҳр ҷойгирбуда харидорӣ кард.

Гуфта мешавад, дар суратҳисоби корти харидашуда 6 сомонӣ боқӣ хоҳад монд, ки мусофирон онро метавонанд барои пардохти роҳкиро истифода хоҳанд кард.

Манбаъ мегӯяд, ин ташаббус дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд" оғоз шудааст. 

Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи амалисозии барнома, Абдуҷалил Бободҷонов, системаи City Card дар тамоми ҷаҳон маъмул аст ва ба талаботи ҳаёти муосир  ҷавобгӯ мебошад.

"Пардохт дар тӯли чанд сония гузаронида мешавад ва ҳеҷ гуна нороҳатӣ эҷод намекунад. Ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд вақти зиёдро талаб мекунад: пулчинакҳоро зарур меоядҳаммаи мусофиронро гузаранд ва барои баргардонидани бақия боз майдапул кобанд ", - гуфт Бобоҷонов.

Дар баробари ин, сокинони шаҳр ҳанӯз ҳам имкон доранд, ки пули роҳкироро нақдӣ пардохт кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан системаи ғайринақдии пардохт тавассутиCity Card дар Душанбе пайдо шуда буд.

Ҳамин тариқ, Хуҷанд дуввумин шаҳр дар Тоҷикистон шуд, ки системаи навро ҷорӣ кард.

 

446
Барчаспҳо:
пардохти ғайринақдӣ, маблағ, пардохт, нақлиёт, Хуҷанд, Тоҷикистон

Вазорати маорифи Русия мегӯяд, ягон донишҷӯйи хориҷӣ хориҷ нашудааст

0
(Таҷдидшуда 17:44 30.11.2020)
То ҳол ба Вазорати маорифи Русия аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ ягон шикоят дар мавриди хориҷшавии онҳо аз донишгоҳҳои кишвар ворид нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия мегӯяд, дар замони пандемия ягон донишҷӯйи хориҷӣ аз донишгоҳҳои ин кишвар ба далели ҳозир нашудан ба дарсҳо, хориҷ нашудааст, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, то ҳол аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ низ ягон шикоят дар мавриди хориҷ шудани онҳо, ворид нагардидааст.

"Ҳамаи муассисаҳои олии таълимӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳо дар робита ба ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Вазорат инчунин итминон дод, ҳамаи донишҷӯёне, ки бинобар чораҳои маҳдудкунӣ ба Русия омада наметавонанд, ҷойҳои буҷетиӣ онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Супоришҳои Исматуллозода барои баргардонидани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ таҳсилкарда

Инчунин хабар дода мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Русия барои донишкадаҳои олӣ оид ба ташкили самараноки таълими фосилавӣ тавсияҳо таҳия кардааст.

Бо мақсади мусоидат дар ташкили таълими фосилавӣ, Вазорати маориф якҷоя бо Россотрудничество масъалаи бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани донишҷӯёни хориҷиро дар идораҳои Россотрудничество ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар ҷои истиқоматашон кор карда истодааст.

Инчунин дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба донишҷӯён пешниҳод кард, ки то ба эътидол омадани вазъ муваққатан дар донишгоҳҳои маҳаллӣ таҳсил кунанд.

0
Барчаспҳо:
хориҷ, донишҷӯён, вазорати маорифи Русия