Кайҳоннавард Елена Серова. Акс аз бойгонӣ

Нахустин зани кайҳоннавард дар таърихи Русияи муосир ба Замин баргашт

13
Ҷузъи бозгашти киштии кайҳонии "Союз ТМА-14М" бо се нафар кайҳоннавард дар манотиқи мавриди назар дар биёбони Қазоқистон фуруд омад. Баъд аз сафари нимсолаи кайҳонӣ кайҳоннавардони Роскосмос Елена Серова, Александр Самокутяев ва кайҳоннаварди NASA Барри Уилмор ба Замин баргаштанд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ҷузъи бозгашти киштии кайҳонии "Союз ТМА-14М" бо се нафар кайҳоннавард дар манотиқи мавриди назар дар биёбони Қазоқистон фуруд омад, хабар дод ба РИА Новости намояндаи Маркази танзими парвозҳо (МТП).

Баъд аз сафари нимсолаи кайҳонӣ кайҳоннавардони Роскосмос Елена Серова, Александр Самокутяев ва кайҳоннаварди NASA Барри Уилмор ба Замин баргаштанд ва онҳо аллакай аз ҷузъи бозгашти киштии кайҳонӣ берун оварда шуданд.

Ин ҳайат дар фазои кайҳонӣ беш аз 50 озмоишҳои илмӣ анҷом доданд. Бештаре аз онҳо барои илм, пизишкӣ ва дар маҷмӯъ барои инсоният аҳамияти муҳими амалӣ доштанд.

Аз ҷумла, Серова озмоиши беҳамтои "ВИЗИР" анҷом дод, ки дар ҷараёни он вай тавонист таъсисоти дилхоҳ дар Заминро аксбардорӣ кунад ва ҳамчуноне, ки мутахассисон тавонанд мавқеъи онро мушшахас кунанд ва баръакс — бо фармоиши вижа рӯйи заминро бо фанноварии махсуси сохти ватанӣ аксбардорӣ карда шавад.

То замони вуруди ҳайати тозаи кайҳоннавардон ба МКС дар истгоҳи кайҳонӣ Терри Вертса (NASA), Антона Шкаплерова (Роскосмос) ва Саманта Кристофоретти (ESA) боқӣ мемонанд.

Елена Серова дуввумин зани кайҳоннаварди Русия баъд аз Елена Кондакова (бо дарназардошти замони Иттиҳоди Шӯравӣ) аст, ки парвози кайҳонӣ анҷом дод.

13
Барчаспҳо:
нахустин хзани кайҳоннавард дар таърихи муосири Русия, бозгашти кайҳоннавардон ба Замин, киштии кайҳонии "Союз ТМА-14М", Барри Уилмор, Александр Самокутяев, Елена Серова, Русия
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Роҳбандиҳо ҳангоми савганди Раҳмон дар Душанбе: эълони ВКД

1647
(Таҷдидшуда 16:02 29.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки аз субҳи барвақти 30 октябр дар робита ба маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ҳаракат дар ҷодаҳои марказии шаҳри Душанбе мутаваққиф мешавад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба далели маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Исмоили Сомонӣ 30 октябри соли 2020 ҳаракати мошинҳо муваққатан қатъ мегардад.  

Манбаъ афзуд, аз соати 06:00-и субҳ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, аз кӯчаи И.Сомонӣ то Бухоро-кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шевченко то хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Шероз то М.Турсунзода, кӯчаи Бохтар, аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи М.Миршакар, хиёбони Рӯдакӣ- аз кӯчаи Карамов то Бухоро, кӯчаи У.Хайём, аз кӯчаи Шарқ то кӯчаи Карамов ва кӯчаи И.Сомонӣ - гардиши кӯчаи Ҳ.Шерозӣ то анҷоми паради низомӣ  муваққатан маҳдуд карда мешавад.

ВУД Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯз аз кӯчаҳои С.Айнӣ, С.Шерозӣ, А. Дониш, Дӯстии халқҳо то давродаври кӯчаи Лоҳутӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ  ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ дар ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд мекунад.

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

1647
Барчаспҳо:
интихобот, савгандёдкунӣ, эълон, Тоҷикистон
Международный аэропорт Ташкента

"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

477
(Таҷдидшуда 14:40 28.10.2020)
Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон сабаби анҷом нашудани парвоз аз Душанбе ба Тошкандро ба дақиқ нашудани шароит марбут медонанд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Як манбаъ дар Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, санаи парвоз, ки аз сӯи шарикони ӯзбек эълон шуд, тахминӣ буд ва дар ин миён ҷонибҳо ҳамоно рӯи шароити хоси парвоз дар шароити пандемияи "вируси корона" ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд.

"Дар ҳамин чанд рӯзи наздик мо бо намояндагони се ниҳоди ҳавонавардии Ӯзбекистон тариқи онлайн ба машварат менишинем. Мавзӯъ ҳам ин аст, ки парвозҳо чӣ гуна бо назардошти шароити вазнини пандемия анҷом шаванд, аз ҷумла вазъи беҳдоштии тайёраҳо, қабулу гусели мусофирин. Имкон надорад, ки як таърихро мушаххас бигӯем", - гуфт ин манбаъ.

Қаблан расонаҳо аз санаҳои мухталифи анҷоми парвози Душанбе – Тошканд – Душанбе маълумоти мухталиферо ироа намуда буданд. Гуфта мешуд, ки парвози аввалин 28 октябр анҷом мешавад, аммо баъдтар ин сана ба 1 декабр ва ниҳоят ба 1 январи соли оянда кӯч кард.

Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, анҷоми парвозҳо дар замони пандемия имкон дорад, аммо бояд қавоиди беҳдоштӣ муроот шаванд.

"Тавре мебинем, миёни кишварҳое парвозҳо анҷом мешаванд, ки вазъи беҳдоштӣ бамаротиб вахимтар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Ҳар чӣ зудтар анҷом шудани парвозҳоро ҳарду ҷониб ба нафъи худ медонанд", - гуфт ӯ.

"Сомон айр": "Омодаем!"

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон масъулини "Сомон айр", ширкати масъули анҷоми парвози Душанбе – Тошканд – Душанбе, гуфтанд, ки ҳеҷ дастури дақиқе дар ин маврид пайдо накардаанд.

"Мо аз ҷониби худ барои анҷоми ин парвоз омода ҳастем. Ҳоло мунтазирем, ки аз ҳукумат чӣ дастур мешавад. Ҳалли ин масъала дар салоҳияти мақомоти болоӣ аст. Мо омодаи парвозем", - гуфтанд онҳо.

Парвози Душанбе – Тошканд – Душанбе аз 16 марти сол ҷорӣ ба далели густариши "вируси корона" дар ҷаҳону Осиёи Марказӣ ва эълон шудани пандемия аз сӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт мутаваққиф шуда буд.

Дар пайи ин Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳамроҳи соири кишварҳои ҳамсоя аз 16 март марзҳои заминии худро низ бастанд.

Ӯзбекистон ҳанӯз 18 сентябр қарори убуру мурур тариқи роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоияшро аз 1 октябри соли равон бо риояи қатъии қоидаҳои карантину беҳдоштӣ содир намуд.

Дар пайи ин, 28 – 29 сентябр як ҳайати расмии ин кишвар бо раҳбарии Абдулло Орифов, нахуствазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад ва масоили ҳамкории ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла роҳандозии парвозҳоро баррасӣ кард.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, парвозҳо барои густариши равобити иқтисодии ду кишвар дар замони буҳрон такони ҷиддӣ мебахшанд, аз ин хотир, роҳандозии онҳо дар ояндаи наздик ба нафъи ҳарду ҷониб аст.

477
Барчаспҳо:
лағв, "Ӯзбекистон ҳаво йуллари", Тоҷикистон, парвоз
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон