Нишони ширкати Germanwings

Халабонҳои ширкати Germanwings дастҷамъона аз парвозҳо даст мекашанд

9
(Таҷдидшуда 10:10 25.03.2015)
Ба иттилоъи бархе аз расонаҳо, як рӯз қабл аз фоҷиъа дар ҳавопаймои Airbus A320, ки дар кӯҳистони Фаронса сукут кард, мушкили фаннӣ, аз ҷумла дар пояҳои ҳавопаймо ошкор шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ширкати ҳавоии Germanwings, ки моли ширкати олмонии Lufthansa мебошад, баъд аз сукути ҳавопаймои А320 дар ҷанубу шарқи Фаросна аз қатъи чанд парвозҳои худ дар Олмон хабар дод, менависад РИА Новости.

Ба иттилоъи рӯзномаи Bild бо истинод ба намояндаи ширкати ҳавоии Lufthansa (Germanwings — ширкати мансуб ба вай мебошад) ин ширкати ҳавоӣ рӯзи сешанбе аз лағви 30 парвоз хабар дод. Ба гуфтаи намояндаи Lufthansa, халабонҳои ҳавопаймоҳо ба далели хусусӣ аз кори худ сарфи назар карданд.

"Ба дунболи ҳодисаи фоҷиъабори рӯзи сешанбе Germanwings аз пайдо шудани мушкилот дар хатсайрҳои худ хабар медиҳад. Ин амр ба далели дасткашии халабонҳо аз парвозҳо ба дунболи сукути ҳавопаймои Germanwings, ки 144 мусофир ва шаш халабону меҳмондор дошт, сурат гирифтааст", — омадааст дар баёнияи ин ширкати ҳавоӣ, ки дар сомонааш мунташир шудааст. Аммо миқдори дақиқи парвозҳои лағвшуда гуфта нашудааст.

"Мо ин тасмими халабонҳоро мефаҳмем", — иқтибос шудааст дар баёния аз суханони Томас Винкелманн, раҳбари ширкат.

Қаблан маҷаллаи Spiegel хабар дода буд, ки дар ҳавопаймои Airbus A320, ки ахиран сукут кард, мушкилоти фаннӣ ошкор шуда буданд. Эҳтимол дорад, ки ба ин далел, зикр мекунад маҷалла, бархе аз халабонҳои ҳавопаймоҳои дигари Airbus A320 ширкати Germanwings аз анҷоми парвозҳо худдорӣ кардаанд.

Ҳавопаймоҳи Airbus A320 ширкати камарзиши Germanwings, ки дар масири Барселона-Дюсселдорф парвоз мекард, рӯзи сешанбе дар манотиқи душворгузари кӯҳистонии Алп дар ҷанубу шарқи Фаронса сукут кард. Дар ин садама, тибқи иттилоъи ахир 150 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Раиси ҷумҳури Фаронса қаблан гуфта буд, ки миёни мусофирони ин ҳавопаймо атбоъи Олмон, Испания ва Туркия буданд.

Дар навбаи худ рӯзномаи испании АВС бо истинод ба манобеъи худ дар фурӯдгоҳи Эл-Прати Барселона дертар хабар дод, ки дар миёни мусофирони ҳавопаймои сукуткардаи А320 ду шаҳрванди Аргентина, табаъайи ИМА, шаҳрванди Колумбия, Мексика, Белгия ва Марокко низ будааанд. Вазири хориҷии Австралия Ҷули Бишоп ба навбаи худ изҳор дошт, ки дар миёни мусофирон ҳамчунин ду шаҳрванди кишвараш низ будаанд. Рӯзномаи Politiken Дания бо истинод ба вазорати хориҷии ин кишвар низ хабар додааст, ки дар миёни мусофирони ин ҳавопаймо як сокини ин кишвар низ будааст.

Крушение самолета Airbus A320 на юге Франции
© Инфографика .
Крушение самолета Airbus A320 на юге Франции
9
Барчаспҳо:
суқути ҳавопаймо, худдори халабонҳо аз парвозҳо, Germanwings, Томас Винкелманн, Фаронса, Олмон
Мавзуҳо:
Суқути ҳавопаймои А320-и Олмон дар Алп боиси марги 150 нафар гардид (3)
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область

Мақомоти ВМКБ овозаҳои маҳдуд шудани ҳаракат аз Душанбе ба Хоруғро бепоя хонд

170
(Таҷдидшуда 15:55 28.05.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, овозаҳои маҳдуд будани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хоруғ воқеият надорад ва феълан роҳ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзҳои охир  дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо оид ба баста шудани роҳи Душанбе — Хоруғ паҳн гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ "Ховар" хабар дода, ки овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надошта, айни замон  роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст.

"Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нави COVID-19 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтуомади сокинон  байни шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба муддати 10 рӯз маҳдуд мегардад. Рафту омад байни маркази вилоят ва шаҳри Душанбе маҳдуд нагардидааст, вале аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз сафари бе зарурат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намоянд",- афзуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон дар ин бора дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар ин минатқа гирифта шудааст.

Вай афзуд, ки маҳдудият  ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумат дигар ба ҳамаи шаҳрвандон ВМКБ, рабт дорад.

Ғолиб Ниятбеков, таъкид кард, ки ин маҳдудият маҷбурӣ нест.

“Мақомот ба ҳамаи сокоинон вазъро фаҳмонда, аз сокинону меҳмонон хоҳиш кард, ки ин маҳдудияти мувақатиро риоя намоянд. Мошинҳои боркаш бидуни ягон маҳдудият равуо доранд. Маҳдудият танҳот барои сокинон аст. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки бидуни зарурат аз рафту омад худдорӣ кунанд”, - гуфт Ниятбеков.

То 27 майи соли равон дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 1575 нафар шифо ёфтаанд.

170
Барчаспҳо:
бастан, роҳ, Душанбе-Хоруғ, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет на закате, архивное фото

Рӯзи ду парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

2002
(Таҷдидшуда 12:52 24.05.2020)
Вазорати алоқаи Федератсияи Русия рӯзҳои нави парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русияро эълом кард.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Авохири моҳи май аз Тоҷикистон ба Русия ду парвоз роҳандозӣ мешавад, хабар медиҳад Вазорати алоқаи Русия дар шабакаи телеграм.

Хатсайрҳои ҳавоӣ дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Русия анҷом дода мешавад.

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Мюнхен парвоз кард

Бино ба реҷаи пешакӣ рӯзи 29 май хатсайри № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав парвоз хоҳад кард. Ҳавопаймо соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ба рощ мебарояд.

Манбаъ қайд мекунад, ки ин парвоз танҳо шаҳрвандони Русияро, ки дар Маскав, вилояти Маскав ва вилоятҳои Владимир, Иванов, Калужск, Рязан, Смоленск, Твер, Тулск, Ярослав, Брянск, Орловск, Липетск, Тамбов, Воронеж, Курск, Псков, Новгород, Вологода, Костромск Нижегородск, Пензенск, ҳамчунин Мардовия ба сар мебаранд, ба Русия хоҳад овард.

Ғайр аз ин рӯзи 30 май соати 19:00 хатсайри №SVR8880 аз Душанбе ба Санкт-Петербург парвоз хоҳад кард.

Рӯзи парвози навбатӣ аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

"Ин парвоз танҳо барои шаҳрвандони Русия, ки дар Петербург, вилояти Ленинград, Псков, Новгород, Вологод, вилоятҳои Калининград ва Карелия роҳандозӣ мешавад", - афзуданд дар Вазорати алоқа.

Манбаъ афзуда, ки хоҳишмандон барои парвоз кардан бояд пешопеш дар портали госуслуг сабти ном шаванд ва дар асоси ин муроҷиатнома рӯйхати парвозкунандагон омода карда мешавад.

2002
Барчаспҳо:
парвоз, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Таджикская милиция объясняет душанбинцам как вести себя во время самоизаляции

Масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб: корҳои фаҳмондадиҳии милисаҳо дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 13:00 01.06.2020)
Милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи масофаи иҷтимоӣ, ниқоби тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нозирони минтақавии минлитсия пойтахт дар  минтақаҳои хизматии худ бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дукону мағозаҳои ҳуроки умум ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Бино ба гузориши Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани Қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд.

"Дар ҷараёни ин чорабиниҳои профилактикӣ мушоҳида гардидаааст, ки дар баъзе аз боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ шаҳрвандон ба одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд", - омадааст дар хбаранома.

Гуфта мешавад, ки ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро мебояд ин қоидаҳои пешбинишударо ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Тибқи иттилои манбаъ, нозирони минтақавии милитсия дар ҷараёни мулоқт бо шаҳрвандон иброз доштанд, дар ин марҳилаи басо муҳим ҳамагонро мебояд беш аз пеш аз тавсия ва маслиҳати мутахассисон кор гирифта, бетарфӣ ва бемасъулиятиро канор гузорем, зеро саломатӣ ин неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар як нафар вобастагии калон дорад.

"Дар ин марҳала саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан раисони маҳаллаву Дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар бари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд бисёр назаррас мебошад".

Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби нозирони минтақавӣ ва Дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар тамоми боғу гулгаштҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои патрулӣ хизматбарӣ намуда, пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлубро мегиранд.

Ин аст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ махсусан боғу гулгаштҳои пойтахт ҳолатҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол кардани сабзазору гулгаштҳо ва хароб сохтани дигар таҷҳизотҳои ороишӣ кам ба назар расида, бо гаштугузор намудани гурӯҳҳои патрулӣ чунин амалҳо пешгирӣ карда шуда, ободиву шукуфоии пойтахт нигоҳ дошта мешавад.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, қоидавайронкунӣ, Душанбе
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон