Яке аз роҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Қирғизистон сохтмони роҳи наздимарзиро қатъ кардааст

10
(Таҷдидшуда 10:36 01.04.2015)
Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд ҷониби Тоҷикистон роҳҳои мошингарди ҷамоати Ворух Хоҷааъло то Оқсойро бозсозӣ ва мумфарш кард, аммо ҷониби Қирғизистон феълан сохтмони роҳро қатъ кардааст.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Қирғизистон бинобар набуди маблағ сохтмони роҳи Тамдиқ Оқсойро, ки ҷазирақаламрави тоҷикнишини Ворухро ба ноҳияи Исфара мепайвандад, мувақатан қатъ кардааст, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Вазир гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон уҳдадории худро дар бозсозӣ ва мумфарш кардани роҳи Ворух — Хоҷаи аъло то Оқсойро барои истифодаи ҳарду тараф ба поён расонид.

Вай афзудааст, ин роҳи мошингардро ҳокимияти вилояти Суғд сохта, ба истифода додааст. Аммо ҷониби Қирғизистон се моҳ мешавад, ки сохтмони роҳи Оқсой то Холҷаи аълоро ба итмом нарасонидааст ва ҳанӯз маълум нест, ки кай онро ба поён хоҳанд расонид.

Барои ҳалли масъала Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар миёнаҳои моҳи март бо вазири нақлиёти Қирғизистон мулоқот дошт. Дар он масъалаи зудтар анҷом додани сохтмони роҳҳои мошингарди минтақаҳои ҳамсояи Исфара Ботканд баррасӣ шудаанд. Ба қавли Ганҷалзода агар роҳҳои нав ба истифода дода шаванд, вале "Созишномаи байнидавлатии назорати роҳҳои байнисарҳадӣ" ба имзо нарасад, эҳтимол дорад боз ҳамон муноқишаву норозигиҳое, ки дар солҳои гузашта миёни деҳоти марзӣ рух дода буд, такрор шавад.

"Феълан мо тағйиру иловаҳои ба ин созишномаро таҳия намуда, ба ҷониби Қирғизистон ирсол доштем ва акнун мақомоти кишвари ҳамсоя бояд пешниҳодҳои худро ба он илова кунанд. Сипас ин санад миёни ду давлат ба имзо хоҳад расид ва мақомоти давлатӣ вазифадор мешаванд, ҳаракати нақлиёт ва равуои мардумро назорат баранд ва дар сурати пеш омадани масъалае посух диҳанд", — мегӯяд вазир.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи гузашта вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иддао кард, ки Тоҷикистон ба ифтитоҳи консулгариаш дар Хуҷанд иҷозат надод. Абдулфайз Атоӣ, сардори раёсати иттилооти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба расонаҳо гуфта буд, ҷониби Тоҷикистон бо анҷоми пурраи масъалаи марзӣ ризояти худро дар мавриди ифтитоҳи консулгарӣ хоҳад дод.

Бори охир мушкили марзӣ дар дар маҳаллаи "Баҳор"-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд. Пеш аз он дар марзи байни Исфара ва Бодканд чандин ҳодисае сар зад, ки ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон оид шуд.

То ҳоло аз 976 километри марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 351 километри боқимондаро мушаххас намоянд. Қирғизистон тарафдори суръат бахшидан ба ҳалли масъала аст, аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи марзи давлатӣ бояд бо ҷиддияти тамом ва қадам ба қадам ҳал шавад. Ҳарду тараф эълом медоранд, ки набояд дар ин масъала сиёсатбозӣ ё манфиатҷӯӣ кард, аммо эътироф мекунанд, ки ҳарду ҷониб омода нестанд, аз манфиатҳои миллии худ қатъи назар кунанд.

10
Барчаспҳо:
аломатгузорӣ, нишонагузорӣ, демаркатсия, ҳаммарз, 976 км, камбуди маблағ, роҳ, марз, қатъ, сохтмон, Вазорати нақлиёт, Шералӣ Ганҷалзода, Хоҷаи аъло, Ворух, Оқсой, Исфара, Қирғизистон, Тоҷикистон