Ширкатҳои Арабистони Саудӣ 50% зоирини тоҷикро ба Каъба бурданианд

© Flickr \ Citizen59Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ
Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Арабистони Саудӣ ин шартро пеш гузоштаанд, ки панҷоҳ дарсади зоирони тоҷикро ширкатҳои онҳо ва панҷоҳ дарсади дигарро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёрати Каъба бубаранд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Қарор аст, имсол панҷоҳ дарсади зоирони тоҷикро ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ ба зиёрати Макка ва Мадина бубаранд, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо истинод ба сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва расму оини ҶТ Афшин Муқим.

"Бо ин пешниҳод ҷониби Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон соли гузашта муроҷиат карда буд, аммо мо пофишорӣ кардем, ки зоирини тоҷикро ширкатҳои ватании "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" мебаранд",- афзуд Афшин Муқим.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, Сулаймон Давлатов, раиси тозатаъини ин ниҳод аз 7 то 13 моҳи март бо сафари корӣ дар Арабистони Саудӣ қарор дошт ва ин масъаларо баррасӣ кардааст.

"Тақрибан то ду ҳафтаи дигар дар пайи имзои як созишномаи дуҷониба бо ширкати ҳавопаймоии Саудӣ ин масъала ниҳоӣ хоҳад шуд. Ин иқдом аз рӯи низоми паритет ё баробарӣ дар ҳамаи кишварҳое, ки зоирини худро ба Саудӣ мефиристанд, татбиқ мешавад",-илова мекунад манбаъ.

Нархи ҳаҷҷи имсола ҳанӯз аз сӯи кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо эълон нашудааст. Аммо зоҳиран поин рафтани қурби сомонӣ дар баробари доллар нархи сафари ҳаҷро ба ҳисоби пули миллӣ дар қиёс ба соли гузашта хеле бештар хоҳад кард. Қимати сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон дар соли гузашта ба 18 ҳазору 164,92 сомонӣ баробар буд.

Тоҷикистон ҳар сол беш аз 6 ҳазор сокини кишварро барои зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ гусел мекунад.  

Лентаи хабарҳо
0