Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ

Нахуствазир аз сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон дидан кард

23
(Таҷдидшуда 10:40 09.04.2015)
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 8 апрел аз қитъаи сохтмонии роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон диданд кардааст.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони роҳи оҳан дар қитъаи  Ваҳдат — Ёвони роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа дидан кард, менависад оҷонсии TojNews.

Вай 8-уми апрел аз ибтидои роҳи оҳан дар мавзеи Элок то истгоҳи роҳи оҳани  Ёвон аз тамоми қитъаҳои сохтмонӣ дидан кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, "дар давоми се моҳи соли равон дар масофаи 1,5 км қисмати болоии роҳ омода шудааст".

Барои бунёди ин роҳ ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла чинӣ ва эронӣ ҷалб шудаанд. Гурӯҳи "Ширкати 19-уми" Ҷумҳурии мардумии Чин масъули бунёди нақбу пулҳои қитъаи Ваҳдат-Ёвон мебошад.

Сохтмони хатти роҳи оҳани "Душанбе-Қӯрғонтеппа" ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуд ва аз соли 2010 баъди монеагузориҳои Ӯзбакистон дар рафтуомади қаторҳои вилояти Хатлон корҳои сохтмонӣ дар ин масир ҷоннок гардид. Аммо то ҳол, бо гузашти қариб 6 сол ин хатти роҳи оҳан бунёд нашудаст.

Ахиран, Президент дастур додааст, ки роҳи мазкур то моҳи сентябри соли 2016 дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Аз ҷоннок кардани корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани мазкур дар ҳоле хабар медиҳанд, ки Маҷлиси намояндагон 14-уми январи соли равон барои идомаи бунёди роҳи мазкур Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин оид ба "Сохтмони роҳи оҳани Душанбе —Қурғонтеппа дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон"-ро ба тасвиб расонид.

Чин барои бунёди ин роҳ 68 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад, ки Тоҷикистон бояд дар давоми 25 сол баргардонад.

Ин хатти роҳи оҳан аз ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ёвон мегузарад. Ҳанӯз аз замони Шӯравӣ хатти роҳи оҳан аз Душанбе то мавзеи Элоки ноҳияи Ваҳдат мавҷуд буд. Аз тарафи Қӯрғонтеппа, то Заводи кимиёвии ноҳияи Ёвон низ хатти роҳи оҳан кашида шуда буд.

Барои пайваст намудани хатти роҳи оҳан аз мавзеи Элоки ноҳияи Ваҳдат то Заводи кимиёвии тоҷик ҳамагӣ 40 километру 700 метр хатти роҳи оҳан бунёд намудан лозим аст.

Қаблан эълон карда буданд, ки тарҳи лоиҳавии ин роҳ 129 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

23
Барчаспҳо:
40 километр, соли 2016, анҷоми сохтмон, ширкат, боздид, сохтмон, роҳи оҳан, Қоҳир Расулзода, Қӯрғонтеппа, Ёвон, Душанбе, Ваҳдат

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

3068
(Таҷдидшуда 12:51 19.09.2020)
Ба ҷузъ аз Тоҷикистону чанд давлати дигари Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия бо кишварҳои дигар парвозҳои чартериро бекор кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 21 - уми сентябр Русия тамоми парвозҳои чартериро бекор мекунад, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус.

Аммо Тоҷикистон ин навбат низ аз рӯйхати давлатҳое, ки минбаъд парвозҳо аз Русия ба он ҷо бидуни чартер роҳандозӣ мешаванд, боз канор монд.

Дақиқан маълум нест, ки аз кай равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бе парвозҳои чартерӣ барқарор мешавад.

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар  

Зимнан, давлати Русия боз бо чаҳор кишвари дигар, аз ҷумла Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистон иҷозати парвозҳои мустақим дод. 

Ҳамчунин, сар аз 27 - уми сентябр, парвозҳо аз Русия самти Кореяи Ҷанубӣ амалӣ мешаванд. Ин парвозҳо ҳафтае як маротиба сурат мегиранд.

Ҳар рӯз 3-4 парвоз: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Таассуфовар он аст, ки аз барқарор шудани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон хабаре нест. Бар тибқи баъзе маълумотҳо, эҳтимол равобити ҳавоӣ миёни ин ду кишвар моҳи оянда барқарор шавад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

3068
Барчаспҳо:
барқарор кардан, парвозҳо, Тоҷикистон, Русия
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Маскав оғози парвозҳо ба Душанбе аз моҳи октябрро баррасӣ дорад-расонаҳо

5254
(Таҷдидшуда 14:23 15.09.2020)
Русия аз сар гирифтани парвозҳо ба пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи октябрро баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Маскав масъалаи оғози парвозҳо бо пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ дорад, хабар дод “Интерфакс” аз қавли манобеи огоҳаш.

Дар назар аст, ки парвозҳо моҳи октябр аз сар гирифта шаванд.

“Дар навбати аввал низоми оғози парвозҳо дар моҳи октябр бо пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дорад. Феълан сухан дар бораи оғози парвозҳо ба Нур-Султон, Тошканд, Баку, Ераван, Душанбе ва ғайра меравад”, - изҳор дошт манбаъ.

Интизор меравад, нахустин парвозҳо аз Маскав ба Минск оғоз мешаванд.

Мусоҳиби хабаргузорӣ таъкид намудааст, ки санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

5254
Барчаспҳо:
ИДМ, Русия
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

0
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон