Рамзи корхонаи истеҳсоли мошинҳои Горкий (ГАЗ). Акс аз бойгонӣ

Ифтитоҳи маркази хидматрасонии ГАЗ дар Душанбе дар назар аст

14
(Таҷдидшуда 10:50 09.06.2015)
Намояндагони ширкати русӣ масоили марбут ба кушодашавии маркази хизматрасонӣ барои мошинҳои тамғаи ГАЗ-ро дар вазорати нақлиёти кишвар ва бо масъулини ҳукумати пойтахт баррасӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Гуфтушунид дар бораи ифтитоҳи маркази хидматрасонии нақлиётҳои тамғаи ГАЗ дар Душанбе миёни гурӯҳи тоҷирон аз ширкати "ГАЗ" ва мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон матарҳ гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Намояндагии тиҷорати ФР дар ҶТ.

Аснои боздид аз Душанбе тоҷирони ширкати русӣ бо масъулини баландмақоми Вазорати нақлиёт, ҳукумати пойтахт, КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифтанд.

"Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо  ҷонибҳо ду санади тавсеаи ҳамкориҳоро миёни ширкати "Русские машини" (ГАЗ) ва КВД "ХМК" ба имзо расониданд",- омадааст дар иттилоияи мазкур.

Ширкати "Группа ГАЗ" бо ҳукумати шаҳри Душанбе аз соли 2003 ба ин тараф ҳамкорӣ дорад. Таври мисол, соли гузашта ин корхона барои пойтахти Тоҷикистон 50 мусофиркаш (автобус)-и тамғаи ЛИАЗ ва 25 нақлиёти ПАЗ ҷудо карда буд.

Гуфтанист, тайи 12 соли ахир ин ширкат ба Душанбе 200 автобуси ЛИАЗ ва 153 мусофиркаши тамғаи ПАЗ содир кардааст.

14
Барчаспҳо:
маркази хидматрасонӣ ифтитоҳ мегардад, қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расид, ПАЗ, ЛиАЗ, ХМК, ГАЗ, Вазорати нақлиёт, ҳукумати Душанбе, ҳукумати пойтахт, Русия, Душанбе, Тоҷикистон