Ҳавопаймои Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ

Ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба далели бемории кӯдак парвозро қатъ сохт

26
(Таҷдидшуда 16:27 11.08.2015)
Ҳавопаймое, ки озими Маскав буд бо тақозои пизишкон ҳамроҳ бо кӯдаке, ки бемориаш хуруҷ кард, барои ба бемористон мунтақил кардани ин кӯдак парвозро қатъ сохту ба фурудгоҳ баргашт.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар хатсайри Душанбе-Маскав дар нимароҳ ба далели хуруҷи бемории саръ қатъ шуд, изҳор дошт сухангӯйи ширкат Тимур Бандишоев дар мусоҳиба бо хабаргузории "Авеста".

Дар дохили ҳавопаймо, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе аз Душанбе ба самти Маскав парвоз кард, кӯдаки гирифтори бемории саръро пизишке ҳамроҳӣ мекард.

Ҳангоми парвоз дар фарози Ӯзбакистон бемории ин кӯдак хуруҷ кард ва пизиш аз халабонҳо дархост кард, ки барои ба бемористон мунтақил кардани бемор ба замин фуруд оянд. Тасмим шуд, ки ҳавопаймо ба Душанбе бармегардад.

Ҳавопаймо масири парвозро тағйир дод ва дар фурудгоҳи пойтахт нишаст. Кӯдаки бемор ба бемористон мунтақил шуд.

Ҳавопаймо ба Москав дубора соъати 12 рӯз парвоз кард.

26
Барчаспҳо:
бемории саръ, бозгашти ҳавопаймо ба Душанбе, "Сомон Эйр", Тимур Бандишоев, Ӯзбакистон, Душанбе, Тоҷикистон, Маскав
Мавзуъ
Сарварии ширкати “Сомон Эйр”-ро боз як хориҷӣ ба дӯш гирифт
“Тоҷик Эйр” пешсафи ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ аст
Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане

Ҳушдори БДА ба ронандагон: дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ ва Кӯлоб - Хоруғ боэҳтиёт бошед

276
(Таҷдидшуда 13:09 19.11.2020)
Ба ронандагон хушдор дода мешавад, ки ҳангоми борону барф аз таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳатман риоя намоянд.

БДА мегӯяд, ҳангоми бориши борон ва барф ронандагон бояд дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдат-Рашт-Лахш, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Лабиҷар-Сангвор-Қалаи Хумб, Айнӣ-Панҷакент боэҳтиёт бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Акбар Қурбонзода хабар медиҳад.

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

Полковник сабаби сар садани садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо шарҳ дод.

"Баъзе ронандагони мошинҳо дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ барои сарфа намудани сӯзишворӣ ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузошта, бо муҳаррики хомӯшкардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии ба муҳаррик пайвастнашуда ҳаракат менамоянд, ки ин сабаби сар задани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мегардад”-, изҳор медорад А.Қурбонзода.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ба таври нокифоя дида шудани роҳ дар гардишҳои хатарнок, дар охири баландии роҳ (кӯтал) ва дигар минтақаҳои дидашавандагияшон муҳдуди роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, махсусан пулҳо ва нақбҳо сабқат ва таваққуф нанамоянд.

Ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш, ки вазни ниҳоии ҷоизаш зиёда аз 3,5 тонна мебошад, ба монанди трактор ва автобусҳо ҳангоми бозистӣ ва таваққуф дар баландии роҳ (кӯтал) ва нишебиҳои роҳҳои кӯҳӣ аз воситаҳои зидди ғелиш (танбаҳо) истифода баранд.

Ҳамчунин дар вақти бориши борон ва барф ба ронандагон иловатан хушдор дода мешавад, ки  таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд.

276
Барчаспҳо:
ҳушдор, барф, БДА, Тоҷикистон
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

444
(Таҷдидшуда 19:55 10.11.2020)
Хуҷанд пас аз Душанбе дуввумин шаҳри Тоҷикистон шуд, ки пардохти роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ тавасути корти электронӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар автобусҳои Хуҷанд системаи пардохти ғайринақдии City Card роҳандозӣ карда шуд, менависад сомонаи "SugdNews".

Ба иттилои манбаъ, кортҳои электронӣ арзишашон 10 сомонӣ буда, онро метавон дар 74 терминалҳои дар саросари шаҳр ҷойгирбуда харидорӣ кард.

Гуфта мешавад, дар суратҳисоби корти харидашуда 6 сомонӣ боқӣ хоҳад монд, ки мусофирон онро метавонанд барои пардохти роҳкиро истифода хоҳанд кард.

Манбаъ мегӯяд, ин ташаббус дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд" оғоз шудааст. 

Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи амалисозии барнома, Абдуҷалил Бободҷонов, системаи City Card дар тамоми ҷаҳон маъмул аст ва ба талаботи ҳаёти муосир  ҷавобгӯ мебошад.

"Пардохт дар тӯли чанд сония гузаронида мешавад ва ҳеҷ гуна нороҳатӣ эҷод намекунад. Ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд вақти зиёдро талаб мекунад: пулчинакҳоро зарур меоядҳаммаи мусофиронро гузаранд ва барои баргардонидани бақия боз майдапул кобанд ", - гуфт Бобоҷонов.

Дар баробари ин, сокинони шаҳр ҳанӯз ҳам имкон доранд, ки пули роҳкироро нақдӣ пардохт кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан системаи ғайринақдии пардохт тавассутиCity Card дар Душанбе пайдо шуда буд.

Ҳамин тариқ, Хуҷанд дуввумин шаҳр дар Тоҷикистон шуд, ки системаи навро ҷорӣ кард.

 

444
Барчаспҳо:
пардохти ғайринақдӣ, маблағ, пардохт, нақлиёт, Хуҷанд, Тоҷикистон
Микрофон, архивное фото

Интишори албоми сурудҳои ошиқона бар ашъори Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон

0
(Таҷдидшуда 02:59 26.11.2020)
Ба муносибати 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ – шоири маъруфи ғазалсарои тоҷик Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон лавҳи фишурда (CD) - и сурудҳо бар ашъори Камоли Хуҷандиро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба пойгоҳи итилоърасонии Муассисаи фарҳангии ЭКО, дар ин албоми навоҳову сурудҳои устодони мусиқии тоҷик ҳамчун Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯра‎бек Муродов, Абдуллоҳ Султон, Муродбек Насриддин, Ҷӯра‎бек Набиев, Ҷамшед Эргашов, Абдувалӣ Ҷалолов, Баҳрулло Абдуллоев, Маҳмадулло Қурбон, Маҳмадсаид Аҳмадов, Субҳони Саид ва Ғуломҷон Мирдадоев ба сурати савтӣ фароҳам омадаанд.

Ёдовар мешавем Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ифтихори ҷашни 700 - солагии Хоҷа Камол чанде пеш китобҳои "Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ", асари доктор Бадриддин Мақсудзода ва "Чиҳил дарси Камол" - 40 мухаммаси Сурайё Ҳасансултон - шоири тоҷик бар ғазалиёти Камолро бо хати форсӣ чоп намуд.

Нашри 50 ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ

Камоли Хуҷандӣ, шоири баландовозаи форсизабони тоҷикистонӣ, ки бо ғазалҳои шӯрангезаш шуҳраи офоқ аст, дар Хуҷанд мутаваллид ва дар Табрез ба хок супурда шудааст.

0
Барчаспҳо:
Теҳрон, суруд, Тоҷикистон, сафорат, "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, Эрон