Сайёҳони хориҷӣ дар ҷоддае аз Помир. Акс аз бойгонӣ

Вазорати нақлиёт ҷоддаи Хоруғ Қулмаро ҳафтаи дигар барқарор мекунад

10
(Таҷдидшуда 15:15 19.08.2015)
Роҳсозон аз нисф зиёди корҳои барқарорсозиро дар қисмати харобшудаи ҷодда анҷом додаанд. Вазорати нақлиёт тасмим дорад то ҳафтаи оянда рафтуои нақлиётро дар ин масир таъмин намояд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ҷоддаи Хоруғ-Қулма, ки аснои селу обхезиҳо дар моҳи июл тахриб шуда буд, то ҳафтаи оянда таъмиру барқарор мешавад, иттилоъх медиҳад ОИ Авеста бо истинод ба як манбаъ дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Бар асари офтаи табиӣ 4 километри роҳи мазкур тахриб гардида буд, ҳоло 70 дарсади он барқарор шуда, умури бозсозӣ босуръат идома дорад.

"Барқарорсозии ҷодда ба таври шабонарӯзӣ идома дорад. Интизор меравад то ҳафтаи оянда он анҷом ёфта, комиссияи Вазорати нақлиёт иншоотро қабул мекунад", — иброз доштанд дар вазорат.

Дар ҳоли ҳозир роҳи дигар тариқи Хоруғ-Ишкошим-Тусқул мавриди истифода аст, аммо масофаи ин ҷодда аз шоҳроҳи Хоруғ- Қулма 124 километр бештар аст.

Моҳи июли соли равон бар асари сел дар деҳаи Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон маҷрои дарёи Ғунд баста шуд. Дар натиҷа кӯли калони сунъӣ ба вуҷуд омада, роҳи мошингард зери об монд.  

10
Барчаспҳо:
рафъи оқибатҳои офати табиӣ, селу обхезӣ дар Бадахшон, роҳи тахрибшуда барқарор мешавад, вазорати нақлиёти ҶТ, Бадахшон, ВМКБ, Шуғнон, Сучон, Барсем, Ишкошим, Қулма, Хоруғ
Знак такси на автомобиле, архивное фото

Фиреби тоҷик аз ҷониби ҳамватан дар Маскав: 20 мошинашро гирифтаст

835
(Таҷдидшуда 12:35 27.02.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз фиреби як тоҷикистонӣ аз ҷониби ҳамватан дар шаҳри Маскав хабар додааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.

Мақомот мегӯянд, дастгиршуда соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Маскав қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ 20 адад автомашинаро гирифтааст.

Марди муттаҳам ваъда додааст, ки бо мошоинҳои мазкур дар шаҳри Маскав “Таксӣ Парк” мекушояд.

ВУД мегӯяд, дар асл марди 48-сола мошинҳои гирифтаашро ба қисмҳо ҷудо намуда, ба шахсони номаълум фурӯхтааст. Пули ба дастовардаро ба манфиати шахсияш истифода кардааст, тавзеҳ дод манбаъ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон арзиши умумии мошинҳои гирифташударо 7 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ арзёбӣ кардааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Назари бевоситаи айбдоршаванда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.

835
Барчаспҳо:
қаллобӣ, фиреб, Маскав, Тоҷикистон
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек

Cуҳбати Худоёрзода дар мақоми нав: бехатарӣ дар ҷои аввал меистад - видео

1168
(Таҷдидшуда 09:49 27.02.2021)
Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки ба мақоми мудири техникии ширкати роҳбони IRS таъйин шудааст, вазъият дар роҳи Душанбе – Чаноқро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Худоёр Худоёрзода мегӯяд, рӯзи гузашта аз километри 47 то 73-юм боришоти сахт ба амал омад ва барои бехатарӣ, ки дар ҷои аввал меистад, ҳаракат барои то 6 соат манъ карда шуд.

Ӯ афзуд, тамоми техникаи ширкат ба кор дароварда шуда, роҳ аз ҳар ду тараф тоза карда шуд ва феълан монеае мавҷуд надорад.

Вазири нақлиёт пулакӣ кардани роҳро муфид гуфт

Худоёрзода мушкили ҷиддиро дар он гуфт, ки бисёри ронандаҳои воситаҳои нақлиёт бидуни чархҳои зимистона ба роҳ мебароянд, ки ин мушкилӣ эҷод мекунад.  

Мудири техникии ширкат, ки сари роҳ суҳбат мекард, таъкид намуд, ки феълан роҳ аз ҳарду тараф тоза мебошад.

Худоёр Худоёрзода моҳи августи соли гузашта бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба нафақа фиристода шуд, дар ширкати роҳбони IRS вазифаи нав гирифт

Ин ширкат масъули нигоҳдории ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ Душанбе – Чаноқ мебошад.

1168
Барчаспҳо:
нақлиёт, роҳ, бехатарӣ, Тоҷикистон
День 2 марта

Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:06 01.03.2021)
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд

Рӯзи 2 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.

Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.

Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.

День 27 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.

Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 март

  • Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
  • Дар Ливия – Рӯзи тахлия.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур. 

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.

Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон