Дурбинҳои назоратӣ дар роҳҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Як ронанда беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

17
(Таҷдидшуда 13:29 01.09.2015)
Ронанда Ҳакимов маблағи ҷаримаи 40 ҳолати қоидавайронкунии худ, ки 10 ҳазору 260 сомониро ташкил медиҳад, тавассути “Амонатбонк” ба буҷаи давлат интиқол додааст.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Як ронанда дар Душанбе бо исми Ҳакимов Исломҷон Дустмуродович барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯи маъмурини пулис беш аз даҳ ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст, менависад сомонаи ВКД.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии кишвар, Ҳакимов — ронандаи "Опел-Астра" аз моҳи сентябри соли 2014 то кунун 40 бор қоида ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанберо нақз кардааст.

"Оид ба 40 далели қоидавайронкуниҳои Ҳакимов ҳангоми ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод шудааст", — зикр шудааст дар сомона.

Ронанда Ҳакимов маблағи ҷаримаи 40 ҳолати қоидавайронкунии худ, ки 10 ҳазору 260 сомониро ташкил медиҳад, тавассути "Амонатбонк" ба буҷаи давлат интиқол додааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Озодагон" бо такя ба манобеи худ менависад, Ҳакимов Исломҷон Дустмуродович писари соҳибкори шинохта Дӯстмурод Ҳакимов, маъруф бо лақаби "Дости Бурут", яке аз чеҳраҳои шинохтаи ноҳияи Файзобод аст.

Дар гузашта ВКД аз қоидавайронкунӣ ва ҷаримаҳои ҳангуфти Ҳукумов Асрор — бародарзодаи Амонулло Ҳукуматулло, раҳбари пешини ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", соҳиби мошини "БМВ-523" ва Сироҷев Умедҷон Холматҷонович — як масъули Вазорати нақлиёти кишвар бо мошини "Ренҷ-Ровер" хабар дода буд.

17
Барчаспҳо:
Дости Бурут, ҳарак дар роҳ, 10 ҳазор сомонӣ, мошин, ҷарима, ВКД, Ҳакимов Исломҷон Дустмуродович, Душанбе