Сафорати ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон чор автомашинаи роҳпаймоӣ тақдим намуд

Тақдими чаҳор воситаи нақлиёти роҳпаймоӣ ба ҶТ

17
(Таҷдидшуда 14:57 02.12.2015)
Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба ҳукумати Тоҷикистон 4 воситаи нақлиёт супоридааст.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сафорати ИМА дар Душанбе ба ҳукумати Тоҷикистон чор автомашинаи роҳпаймоиро тақдим намуд, дар ин бора ба Sputnik аз сафорати мазкур иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мошинҳои мазкур барои вокуниш ба ҳодисаҳои қочоқи маводи ядроӣ истифода хоҳанд шуд.

"Ду автомашина ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва дутои дигараш ба Хадамоти гумрук супорида шуд. Ин техникаҳо имконияти вокуниши зудамалро дар ҳолати бонги хатари ядроӣ дар ҳар гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистон фароҳам меоварад",- афзуд манбаъ.

Тақдими автомашинаҳои мазкур яке яз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошанд. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасон барои дастгирии рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон чудо намудааст.

17
Барчаспҳо:
маводи ядроӣ, автомашина, қочоқ, нақлиёт, тақдим, гумрук, Сафорати ИМА дар Душанбе, Душанбе, Тоҷикистон

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

4081
(Таҷдидшуда 12:51 19.09.2020)
Ба ҷузъ аз Тоҷикистону чанд давлати дигари Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия бо кишварҳои дигар парвозҳои чартериро бекор кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 21 - уми сентябр Русия тамоми парвозҳои чартериро бекор мекунад, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус.

Аммо Тоҷикистон ин навбат низ аз рӯйхати давлатҳое, ки минбаъд парвозҳо аз Русия ба он ҷо бидуни чартер роҳандозӣ мешаванд, боз канор монд.

Дақиқан маълум нест, ки аз кай равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бе парвозҳои чартерӣ барқарор мешавад.

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар  

Зимнан, давлати Русия боз бо чаҳор кишвари дигар, аз ҷумла Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистон иҷозати парвозҳои мустақим дод. 

Ҳамчунин, сар аз 27 - уми сентябр, парвозҳо аз Русия самти Кореяи Ҷанубӣ амалӣ мешаванд. Ин парвозҳо ҳафтае як маротиба сурат мегиранд.

Ҳар рӯз 3-4 парвоз: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Таассуфовар он аст, ки аз барқарор шудани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон хабаре нест. Бар тибқи баъзе маълумотҳо, эҳтимол равобити ҳавоӣ миёни ин ду кишвар моҳи оянда барқарор шавад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

4081
Барчаспҳо:
барқарор кардан, парвозҳо, Тоҷикистон, Русия
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Маскав оғози парвозҳо ба Душанбе аз моҳи октябрро баррасӣ дорад-расонаҳо

5307
(Таҷдидшуда 14:23 15.09.2020)
Русия аз сар гирифтани парвозҳо ба пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи октябрро баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Маскав масъалаи оғози парвозҳо бо пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ дорад, хабар дод “Интерфакс” аз қавли манобеи огоҳаш.

Дар назар аст, ки парвозҳо моҳи октябр аз сар гирифта шаванд.

“Дар навбати аввал низоми оғози парвозҳо дар моҳи октябр бо пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дорад. Феълан сухан дар бораи оғози парвозҳо ба Нур-Султон, Тошканд, Баку, Ераван, Душанбе ва ғайра меравад”, - изҳор дошт манбаъ.

Интизор меравад, нахустин парвозҳо аз Маскав ба Минск оғоз мешаванд.

Мусоҳиби хабаргузорӣ таъкид намудааст, ки санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

5307
Барчаспҳо:
ИДМ, Русия

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0