Гузаргоҳи марзӣ. Акс аз бойгонӣ

Гузаргоҳи Қулма дар як моҳ 8 рӯз кор мекунад. То май

18
(Таҷдидшуда 09:52 03.12.2015)
Ин гузаргоҳи марзӣ тайи чор соли ахир ба таври доимӣ амал мекард, аммо бо пешниҳоди Чин реҷаи фаъолияти зимистонаи он ба роҳ гузошта мешавад.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Гузаргоҳи марзии "Қулма- Қарасу" дар сарҳади Тоҷикистону Чин ба реҷаи фаъолияти зимистона гузашт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Хадамоти гумрук.

Бо сабаби хунукӣ ва боришоти шадиди барф дар ин мавзеъи марзии баландкӯҳ, воқеъ дар қаламрави ВМКБ тасмим гирифта шуд, ки гузаргоҳ ба реҷаи зимистонаи фаъолият гузарад. Ҳамин тавр, дар як моҳ ҳамагӣ ҳашт рӯз убуру мурури нақлиёт иҷоза дода мешавад.

Бино ба иттилоъи манбаъ, гузаргоҳи "Қулма-Қарасу" барои убуру мурури нақлиёт 8, 9, 10, 11, 22, 23, 24 ва 25- уми декабр,  5, 6, 7, 8, 19, 20, 21, 22- уми январ,  1, 2, 3, 4, 16, 17, 18, 19- уми феврал,   1, 2, 3, 4, 16, 17, 18, 19-уми март ва  5, 6, 7, 8-уми апрел боз мебошад.

Дар Вазорати нақлиёт мегӯянд, шурӯъ аз соли 2012 гузаргоҳи марзии "Қулма-Қарасу" ба таври доимӣ дар сол фаъолият дорад. Аммо ба иллати вазъи ноҷӯри ҳаво ва сардиҳо ҷониби Чин тасмим гирифт, ки реҷаи махсуси фаъолияти он аз сар гирифта шавад.

Гузаргоҳи "Қулма" дар баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, дар фасли зимистон бо сабаби номусоидии ҳаво аксар вақт баста буд.

18
Барчаспҳо:
дар баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр, 8 рӯз дар як моҳ, реҷаи фаъолияти зимистонаи гузаргоҳ, Гузаргоҳи "Қулма", Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Қарасу, Қулма, Мурғоб, Чин, Тоҷикистон
Самолет авиакомпании Somon Air в московском аэропорту Домодедово

"Сомон Эйр" бо таъхири панҷсоата ба Истанбул парвоз кард

131
(Таҷдидшуда 14:40 22.01.2021)
Бинобар барфрезии шадид дар Тоҷикистон парвози "Сомон Эйр" самти Истанбул дасти кам 5 соат ба таъхир афтод

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Парвози ҳавопаймои ширкатии ватании "Сомон Эйр" дар масири Душанбе - Истанбул бинобар ноустувор будани ҳаво бо таъхири панҷсоата парвоз кард.

Тибқи ҷадвале, ки дар бинои Фудургоҳи байналмилалии Душанбе ҳаст, парвози ҳавопаймо самти Истанбул мебоист соати 06:20 дақиқа сурат мегирифт. Аммо бинобар барфрезии шадид дар Тоҷикистон, ҳавопаймо соати 11:30 дақиқа фурудгоҳи Душанберо тарк кард.

"Мувофиқи ҷадвал ҳавопаймо мебоист соати 6:20 парвоз мекард. Аммо бинобар номусоидии обу ҳаво парвоз ба таъхир афтод ва  танҳо соати 11:30 дақиқа сурат гирифт", - изҳор доштанд дар фурудгоҳи Душанбе.

Теъдоди парвозҳо аз Душанбе ба Стамбул ва Дубай афзоиш ёфтанд

Тибқи иттилои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", парвозҳо самти Истанбул ҳафтае як  маротиба, рӯзҳои панҷшанбе иҷро мешаванд.

"Вақти парвоз аз Душанбе 06:00, аз Истанбул 10:45 ба вақти маҳаллӣ мебошад", - таъкид кард манбаъ.

Тасмими барқарор намудани парвозҳо дар масири Душанбе-Истанбул тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  бемории коронавирус ва бо назардошти риояи ҳатмии санитарию эпидемикӣ гирифта шудааст,гуфта буд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икром Субҳонзода.

131
Барчаспҳо:
Истанбул, таъхир, парвоз, Сомон Эйр
Самолет, на фоне заката

Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро сар кард

369
(Таҷдидшуда 16:17 20.01.2021)
Парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи чоршанбе сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Uzbekistan Airways парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро аз сар гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд имрӯз, 20 январ пас аз танаффусе, ки аз баҳор ба ин сӯ ба далели пандемияи коронаиврус идома кард, сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, дар оянда парвозҳо рӯзи чоршанбе тибқи ҷадвал сурат мегиранд.

Ҳавопаймо аз Тошканд соати 8-и субҳи ба вақти маҳаллӣ парида, пас аз як соат дар пойтахти Тоҷикистон фуруд омад.

Бозгашти ҳавопаймо аз Душанбе соати 11 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, соати 12-и нисфирӯзӣ вориди Тошканд мешавад.

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиёти мусофирбарро бо кишварҳои дигар қатъ кард.

Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси содиротӣ ба ватанашон ташкил карда шуд.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ сурат гирифт.

Қаблан, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" низ парвозҳо дар масири Душанбе - Тошкандро ҳар ҳафта - рӯзҳои ҷумъа анҷом медиҳад.

369
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, парвозҳо, Тоҷикистон
День 24 января

Аз рӯзи байналмилалии эскимо то фавти 50 ҳазор нафар дар Чилӣ: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:43 23.01.2021)
Рӯзи бистучоруми январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии эскимо мебошад. Зимнан дар ин рӯз дар Ҳиндустон аз Рӯзи миллии духтарон ва дар Британияи Кабир Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҷлил мегардад

Рӯзи 24 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года
Pablo Ovalle Isasmendi/AGENCIA UNO via AP
Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 24 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд.Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.

Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ  2:2 ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 январ

  • Рӯзи байналмилалии эскимо.
  • Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон