Нақлиёти хидматии БДА-и Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Вазири умури дохилӣ сардорони БДА-и Хоруғ ва ВМКБ-ро сабукдӯш кард

81
(Таҷдидшуда 13:49 15.12.2015)
Мушкилоти роҳ ва ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Хоруғ боиси нигаронии мақомот шуда, боиси аз сар гирифтани чунин тасмим гардидааст.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода сардори раёсати ВКД дар Бадахшон ва муовинонаш огоҳии расмӣ гирифта, сардорони БДА дар Бадахшону Хоруғ аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардиданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии  ВКД.

Ба қавли манбаъ, полковник Абдулваҳҳоб Искандарзода, сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон, инчунин муовинонаш  барои роҳ додан ба камбудҳо огоҳии расмӣ ва барои ислоҳи ин камбудҳо як моҳ мӯҳлат гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорат камбудҳои сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон ва муовинони ӯро номбар накарда, танҳо дар хабари расмиии худ гуфтааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, авбошиҳо, оид ба низом даровардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Хоруғ ва автомашинаҳои сиёҳшишаи беиҷозат, тамбашавӣ ва бартараф кардани камбудҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қорор гирифтанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон "аз бетартибӣ ва бенизомӣ" дар назди бозори Хоруғ интиқод кардааст, ки ба қавли ӯ "ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт" оварда мерасонад.

"Дар пайи чунин нигарониҳо вазири корҳои дохилӣ сардори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Бадахшон полковники милиса Тоҳир Кенҷазода ва сардори БДА-и Хоруғ майор Иззатшои Шукурбекро аз вазифаҳояшон озод кард",- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, ба сардори Шӯъбачаи вилоятии бақайдгирии имтиҳонотии ШБДА РВКД дар ВМКБ подполковник Гайдар Дарвешов ва ҳамаи сардорони Шӯъбаҳои бозрасии давлатии автомобилии ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "танбеҳ" эълон карда шуд.

81
Барчаспҳо:
танбеҳ, огоҳии кормандон, озод кардани сардорони раёсат, вазири умури дохила, БДА-и ВМКБ, Гайдар Дарвешов, Иззатшои Шукурбек, Тоҳир Кенҷазода, Рамазон Раҳимзода, Хоруғ, Бадахшон, ВМКБ, Тоҷикистон