Тамғаи расмии ГАЗ. Акс аз бойгонӣ

Ширкати русии "Группа ГАЗ" вориди бозори Тоҷикистон мешавад

38
(Таҷдидшуда 14:12 25.02.2016)
Намояндагони гуруҳи ширкатҳои русӣ бо муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон масоили марбут ба ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон  Суҳроб Мирзоев бо масъулини Намояндагии тиҷоратии Русия ва ширкати «Группа ГАЗ» сурат пазируфт.

Аснои нишаст, маҳсулоти ширкати мазкур муаррифӣ шуда, дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфтанист, намояндагони ширкати "Группа ГАЗ" ба интиқоли маҳсулоти худ ба ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати зарурат омодагӣ изҳор намудаанд.

Ҳанӯз аввали соли равон роҳбари КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Алимурод Исломзода дар нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт, ки ки идораи тобеъи ӯ ва ширкати "Группа ГАЗ" ба мувофиқа расидаанд, ки соли равон бевосита корҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба насбу васли техникаи махсуси коммуналӣ дар Душанберо оғоз мекунанд.

"Асноди зарурӣ миёни ҷонибҳо моҳи июни соли 2015 ба имзо расида, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ арзиши лоиҳа тақрибан 6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад",- илова кард Исломзода.

Бояд тазаккур дод, ки ширкати русии "Группа ГАЗ" нақлиётҳои  борбардори сабуку миёна, автобусҳо, автомобилҳои боркаши вазнин ва қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳоро истеҳсол намуда, дар 8 минтақаи Федератсияи Русия 13 корхонаро ба ҳам овардааст.

38
Барчаспҳо:
нишаст, машварат, созишнома, тавофуқнома, шартнома, вазорати нақлиёти ҶТ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ширкати "Группа ГАЗ", Алимурод Исломзода, Суҳроб Мирзоев, Тоҷикистон, Русия
Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане

Ҳушдори БДА ба ронандагон: дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ ва Кӯлоб - Хоруғ боэҳтиёт бошед

272
(Таҷдидшуда 13:09 19.11.2020)
Ба ронандагон хушдор дода мешавад, ки ҳангоми борону барф аз таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳатман риоя намоянд.

БДА мегӯяд, ҳангоми бориши борон ва барф ронандагон бояд дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдат-Рашт-Лахш, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Лабиҷар-Сангвор-Қалаи Хумб, Айнӣ-Панҷакент боэҳтиёт бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Акбар Қурбонзода хабар медиҳад.

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

Полковник сабаби сар садани садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо шарҳ дод.

"Баъзе ронандагони мошинҳо дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ барои сарфа намудани сӯзишворӣ ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузошта, бо муҳаррики хомӯшкардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии ба муҳаррик пайвастнашуда ҳаракат менамоянд, ки ин сабаби сар задани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мегардад”-, изҳор медорад А.Қурбонзода.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ба таври нокифоя дида шудани роҳ дар гардишҳои хатарнок, дар охири баландии роҳ (кӯтал) ва дигар минтақаҳои дидашавандагияшон муҳдуди роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, махсусан пулҳо ва нақбҳо сабқат ва таваққуф нанамоянд.

Ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш, ки вазни ниҳоии ҷоизаш зиёда аз 3,5 тонна мебошад, ба монанди трактор ва автобусҳо ҳангоми бозистӣ ва таваққуф дар баландии роҳ (кӯтал) ва нишебиҳои роҳҳои кӯҳӣ аз воситаҳои зидди ғелиш (танбаҳо) истифода баранд.

Ҳамчунин дар вақти бориши борон ва барф ба ронандагон иловатан хушдор дода мешавад, ки  таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд.

272
Барчаспҳо:
ҳушдор, барф, БДА, Тоҷикистон
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

440
(Таҷдидшуда 19:55 10.11.2020)
Хуҷанд пас аз Душанбе дуввумин шаҳри Тоҷикистон шуд, ки пардохти роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ тавасути корти электронӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар автобусҳои Хуҷанд системаи пардохти ғайринақдии City Card роҳандозӣ карда шуд, менависад сомонаи "SugdNews".

Ба иттилои манбаъ, кортҳои электронӣ арзишашон 10 сомонӣ буда, онро метавон дар 74 терминалҳои дар саросари шаҳр ҷойгирбуда харидорӣ кард.

Гуфта мешавад, дар суратҳисоби корти харидашуда 6 сомонӣ боқӣ хоҳад монд, ки мусофирон онро метавонанд барои пардохти роҳкиро истифода хоҳанд кард.

Манбаъ мегӯяд, ин ташаббус дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд" оғоз шудааст. 

Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи амалисозии барнома, Абдуҷалил Бободҷонов, системаи City Card дар тамоми ҷаҳон маъмул аст ва ба талаботи ҳаёти муосир  ҷавобгӯ мебошад.

"Пардохт дар тӯли чанд сония гузаронида мешавад ва ҳеҷ гуна нороҳатӣ эҷод намекунад. Ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд вақти зиёдро талаб мекунад: пулчинакҳоро зарур меоядҳаммаи мусофиронро гузаранд ва барои баргардонидани бақия боз майдапул кобанд ", - гуфт Бобоҷонов.

Дар баробари ин, сокинони шаҳр ҳанӯз ҳам имкон доранд, ки пули роҳкироро нақдӣ пардохт кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан системаи ғайринақдии пардохт тавассутиCity Card дар Душанбе пайдо шуда буд.

Ҳамин тариқ, Хуҷанд дуввумин шаҳр дар Тоҷикистон шуд, ки системаи навро ҷорӣ кард.

 

440
Барчаспҳо:
пардохти ғайринақдӣ, маблағ, пардохт, нақлиёт, Хуҷанд, Тоҷикистон
День 24 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 17:10 23.11.2020)
Рӯзи бисту чоруми ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ, дар Русия Рӯзи модарон ва дар Амрико Рӯзи дӯстон таҷлил мешавад

Рӯзи 24 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1996 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар Беларус беш аз 70 фоизи аҳолӣ Конститутсияи пешниҳоднамудаи президент Александр Лукашенкоро ҷонибдорӣ карданд.

БелТА
Президент Беларуси Александр Лукашенко

Соли 1961 изҳороти СММ дар бораи манъи истифодаи яроқи ядроӣ қабул гардид.

День 23 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1969 киштии кайҳонии "Аполлон-12" ба самти Моҳтоб парвоз кард.

Соли 2005 дар шаҳри Алмато Анҷумани 5-уми мутахассисони корҳои молияи Қазоқистон доир гардид.

Рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1986 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҳавопаймои ТУ-154 М фуруд омад.

Соли 2010 бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, он 30 августи соли 2011 дар пояи 165 — метра, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёфт, парафшон гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25 — солагии барқарорсозии муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея конфронси илмӣ — амалии байналмилалӣ доир шуд.

Соли 2016 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии "Таҳсилоти пайваста барои рушди устувор" доир шуд.

Исмаилитский центр в Душанбе, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Исмаилитский центр в Душанбе, архивное фото

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе шарҳи муштараки ҳарсолаи  амалигардии барномаи "Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020" гузаронида шуд.

Соли 2014 доираи васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи Парчами давлатӣ.
  • Дар Русия - Рӯзи модарон.
  • Дар Амрико - Рӯзи дӯстон.

Рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1939-1984) – адабиётшинос Назира Қаҳарова.

Соли 1942 – Ҳунарманди халқии Сайрам Исоева.

Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву
Пресс-служба мэра Худжанда
Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву

Соли 1947 – рӯзноманигор ва нависанда, сармуҳаррири "Курер Таджикистана" Муҳаммадҷон Тоштемиров.

Соли 1950 – хабарнигори Шаҳбозхон Саркориев.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Зодрӯзи Бозор Собир ва инқилоб дар Мексика: ҷашнҳои рӯзи 20 ноябр
Ҷашнҳои рӯзи 21 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пирӯзии Парвиз Собиров ва унвонгирии Майк Тайсон: ҷашнҳои 22 ноябр
Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон