ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Бо супориши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати вазири нақлиёт, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, ҷонишини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз водии Бартанги ВМКБ дидан намуданд.
Гуфта мешавад, дар ҳайтаи гуруҳи корӣ ҳамчунин намояндагони давлати Арабистони Саудӣ низ шомил буда, ҳадаф аз ин сафар ба водии дурдасти вилоят бори дигар шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи зиндагии мардуми аз офати табиӣ зарардида мебошад.
Масъулин нахуст аз пули нақлиётии ҷамоати деҳоти Басид, ки 10 км аз маркази ноҳияи Рӯшон дуртар воқеъ аст, дидан намуданд. Пули мазкур ҳоло баъди заминҷунбии 7 декабр дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Ҳамзамон, намояндагони маркази хайриявии Шоҳ Салмон бо вазири нақлиёти мамлакат бобати теъдоди умумии сокинон дар ин водӣ, ҳаракати нақлиёт дар як рӯз аз тариқи роҳи ин водӣ, шароити иқлим ва дигар ҷанбаҳои муҳим суҳбат карданд.
Зимни таҳлили шароити мавҷуда зикр гардид ки ҳоло барои интиқоли масолехи сохтмонӣ ба ҷамоатҳои болоии водии Бартанг, ки зимни офати табиӣ сокинони он хисороти зиёд дидаанд, тангии роҳҳо ва пулҳои харобгардида имконият ва шароити даркорӣ мавҷуд нест.
Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат бо роҳбарияти вилоят аз мавзеи офатзадаи ноҳияи Шуғнон низ дидан намуда, мутахассисони Арабистони Саудиро бо қитъаи роҳи нақлиётие, ки баъди фаромадани сел дар деҳаи Барсем сохта шуда буд ва дигар мушкилоти мавҷуда шинос намуданд.
Аз сабаби мушкилгузар ва аз лиҳози офати табиӣ — сангчарху тармафуроӣ хатарнок будани ин қитъаи роҳ барои мутахассисони Арабистони Саудӣ се нақшаи лоиҳаи беҳдошти роҳ пешбинӣ гардид, ки яке кандани нақб дар масофаи 800 метр, дигаре васеъ ва дутарафа бетонпӯш намудани роҳи мавҷуда ва сеюм аз соҳили чапи дарёи Ғунд бунёд намудани роҳи нав буд.
Бо назардошти шароити кӯҳистон, офатҳои табиӣ ва дар ин маврид бо хароҷоти камтар анҷом додани лоиҳа, ба нақшаи бунёди нақби 800 метра афзалияти бештар дода шуда, намояндагони давлати Арабистони Саудӣ низ ба он таваҷҷуҳ карданд.
Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар натиҷаи заминларзаи 7 декабр дар ҳудуди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 237 хона пурра хароб шуда, 588-тои дигар қисман вайрон гардиданд. Аксари ин хонаҳои харобгашта марбут ба сокинони ноҳияи Рӯшонанд. Аз ҳама бештар дар ин заминҷунбӣ водии Бартанг ва сокинони он зарар диданд.
Мақомоти ноҳияи Рӯшони ВМКБ хисороти заминларзаи 7 декабр дар ин минтақаи кишварро 24 миллион сомонӣ муайян карданд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.
Мақомот мегӯянд, дастгиршуда соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Маскав қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ 20 адад автомашинаро гирифтааст.
Марди муттаҳам ваъда додааст, ки бо мошоинҳои мазкур дар шаҳри Маскав “Таксӣ Парк” мекушояд.
ВУД мегӯяд, дар асл марди 48-сола мошинҳои гирифтаашро ба қисмҳо ҷудо намуда, ба шахсони номаълум фурӯхтааст. Пули ба дастовардаро ба манфиати шахсияш истифода кардааст, тавзеҳ дод манбаъ.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон арзиши умумии мошинҳои гирифташударо 7 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ арзёбӣ кардааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Назари бевоситаи айбдоршаванда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Худоёр Худоёрзода мегӯяд, рӯзи гузашта аз километри 47 то 73-юм боришоти сахт ба амал омад ва барои бехатарӣ, ки дар ҷои аввал меистад, ҳаракат барои то 6 соат манъ карда шуд.
Ӯ афзуд, тамоми техникаи ширкат ба кор дароварда шуда, роҳ аз ҳар ду тараф тоза карда шуд ва феълан монеае мавҷуд надорад.
Вазири нақлиёт пулакӣ кардани роҳро муфид гуфт
Худоёрзода мушкили ҷиддиро дар он гуфт, ки бисёри ронандаҳои воситаҳои нақлиёт бидуни чархҳои зимистона ба роҳ мебароянд, ки ин мушкилӣ эҷод мекунад.
Мудири техникии ширкат, ки сари роҳ суҳбат мекард, таъкид намуд, ки феълан роҳ аз ҳарду тараф тоза мебошад.
Худоёр Худоёрзода моҳи августи соли гузашта бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба нафақа фиристода шуд, дар ширкати роҳбони IRS вазифаи нав гирифт
Ин ширкат масъули нигоҳдории ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ Душанбе – Чаноқ мебошад.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.
Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.
Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.
Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.
Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.
Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео
Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.